Моҳшариф Назарова мудати 15 сол бо 5 фарзанди хурдсол дар деҳаи Нурафшони ноҳияи Леваканд дар як кулбаи хасӣ умр ба сар мебурд. Манзили ин зан аз хок сохта шуда, ҳатто пойдевор надошт. Боми хонаро бо шохаҳои дарахтон пӯшонда буданд. Зиндагии ин оила ба андозае душвор буд, ки ҳатто нони хӯрдан надоштанд.
Сомонаи Оила ҳафтае қабл аз рӯзгори талхи ин зани тоҷик навори пурдарди видеоиеро пахш намуд, ки тамоми истифодабарандагони интернетро ба риққат овард.
Пас аз нашри ин навор дар Ютуб канали Оила. ТЧ афроди зиёде ба Моҳшариф Назарова ва кӯдакони дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон мондааш дасти ёрӣ дароз намуданд. Яке аз он шахсони хайрхоҳ ба ин зани камбизоат ва бачаҳои дармондааш хонаи сеҳуҷрагиро бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор тӯҳфа намуд.