sebiston july new
“ОИЛА” 2 ХОҲИШИ САФАРМОҲ ДАЙРИЕВАРО ИҶРО КАРД (ВИДЕО)
8077
“ОИЛА” 2 ХОҲИШИ САФАРМОҲ ДАЙРИЕВАРО ИҶРО КАРД (ВИДЕО)

Сафармоҳ Дайриева чанд рӯз пеш ба сомонаи “Оила” аз ноҷӯриҳои замон ва талхии қисмат шикоят карда буд. Ин зани бемору афгорро бемории саратон ва бештар аз он дарди бехонагӣ азият медод. Ӯ бо шавҳару 7 фарзандаш пештар дар як хобгоҳи умумии фарсуда истиқомат мекард ...

Баъди 3 рӯзи нашри навори рӯзгори холаи Сафармоҳ як нафар соҳибкори саховатманди ватанӣ ба ин оилаи ниёзманд хонаи истиқоматии иборат аз 2 ҳуҷра тақдим намуд. Он рӯз мо ба аёдаташон рафтем. Шодии ин оиларо на ҳад буду на канор. Пайваста механдиданду ба афроди кӯмакрасон ташаккур мегуфтанд.

Баъд аз 5 рӯз бо кӯмаки наздикону пайвандон ва дастгирии сомонаи “Оила” писари калонии холаи Сафармоҳ - Ҷаҳонгир оиладор шуд. Он рӯз фаромӯшношуданӣ дар ҳаёти ин оила буд. Ин орзуи дуюми холаи Сафармоҳ буд, ки акнун ҷомаи амал мепӯшиду хонаводаро соҳиби келин мекард. Эркин Одинаев, Гулдона Алиёрзода ва дигар сарояндагони маъруфи кишвар ба табрики шаҳбача омада, шодишарикаш буданд. Холаи Сафармоҳ ҳатто рақс карду ба ҷуфти ҷавон дуо дод, вале ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД