Қариб як сол боз мардуми тоҷик, ки мусалмону мусалмонзода ҳастанд, аз шунидани садои дилнавози азон маҳрум буданд. Коронавирус-ин вабои асри нав, ки ҷони миллионҳо одамонро дар сар то сари олам рабуда, дар дили насли башар ҳисси тарсу ваҳму воҳима афканд, панҷаҳои номуборакашро ба сӯйи “Хонаи худо” низ дароз намуда боиси баста шудани дарҳои ҳазорон-ҳазор масҷиду ибодатхонаҳо гашт.
Дар давраи пандемия ба хотири пешгирии хурӯҷи коронавирус аз 1-уми марти соли 2020 масҷидҳои Тоҷикистон низ баста шуданд ва мардуми тоҷик имкони дар “Хонаи худо” ибодат намуданро аз даст дода буданд. Инак, баъди интизориҳои тӯлонӣ, санаи 1-уми феврали соли равон дари масҷидҳо дубора ба рӯйи мардуми мусалмон боз мешаванд, аммо барои ворид шудан ба “Хонаи худо” як қатор қоидаҳоро риоя кардан лозим аст. Қоидаҳои нави вуруд ба масҷидро ситоди ҷуҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус муайян намудааст ва тибқи он риояи қоидаҳои пешгирии ин бемории ваҳшатзо шарт ва зарур мебошад. Агар нияти ба масҷид рафтан дошта бошед, пас бояд ин қоидаҳоро бидонед ва риоя намоед:
1. Бе ниқоб ворид шудан ба масҷид қатъият манъ аст!
2. Ибодаткунандагон бо навбат ба масҷид ворид хоҳанд шуд.
3. Ҳангоми вохӯрӣ ба ҷойи ба ҳамдигар даст додан ибодаткунандагон бояд дастонашонро рӯйи сина гузошта, бо ишора салом кунанд.
4. Дар вақти намозгузорӣ риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ ҳатмист.
5. Ибодаткунандагон бо худ ҷойнамоз дошта бошанд, беҳтар аст.
6. Масҷид бояд системаи ҳавотозакунанда дошта бошад, тоба қадри имкон ҳавои ибодатгоҳро тоза намуда, хатари паҳншавии ҳар гуна вирус ва микробҳоро пешгирӣ намояд.