Соро барои ба маърака рафтан тайёрӣ медид. Ӯ дастархони сафеди оҳарии лабонаш парпариро аз ҷевони ошхона бароварда, лаълии калонро болои он ниҳоду аввал кулчаҳои ширмолу қанду қурс, аз болои он матои зебои зарҳалиро гузошта, онро баста, ба як гӯшаи мизи хӯрокхӯрӣ гузошт.
Баъд ба хонаи хобаш гузашта, ба орову торо додани худаш машғул шуд, Сорои сафедпӯсти нозуку зебо, он қадар ба холу хати сунъӣ хушаш набуд. Ба рӯяш каме ғоза, ба лабонаш сурхӣ молиду аз атри қимматбаҳояш ба баногӯшаш пошида, куртаи помбархти гулобрангашро ба бар намуда, сарбанду пойафзоли ҳамранги онро ба бар карда, назди дар омад.
Зан ба духтару писараш, ки яке дар синфи чор, дуввумӣ дар синфи якум мехонданд, гуфт, ки дар вақти набудани модар чӣ кор бояд кунанд. Фарзандони хуштарбияташ ба ҳар гапи модар хуб мегуфтанд, Соро бо хотир ҷамъ ба таксие нишаста, ба хонаи холааш, ки дар ноҳияи наздики пойтахт воқеъ буд, равона гашт.
Холааш барои писараш келин меовард, аҷаб хурсандие, ҳарчанд холааш хоҳиш карда буд, ки кӯдаконашро ҳам ҳамроҳ бигирад, аммо Соро бо кӯдакон ба маърака рафтанро хуш надошт. Ҳамсараш ҳамсабақаш буд, онҳо якҷоя донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм намуда буданд.
Соро дар як ширкати доруфурӯшӣ муҳосиб буд, аммо шавҳараш бо маоши кам қаноат накарда, муҳоҷири меҳнатӣ шуд. Пули хуб кор мекард, онҳо дар як муддати кӯтоҳ соҳиби хонаву дар, мошин ва зиндагии шоиста шуданд, аммо дурӣ мекашиданд, зеро шавҳараш чор моҳ дар Ватан буду боқимондаи умраш дар ғурбат мегузашт.
Банди андешаҳо ба пушти дари холааш расиданашро нафаҳмида монд, Сороро бисёр гарм истиқбол карданд. Ӯ мехост ба хонае дарояд, ки он ҷо ҳамсояҳояшон менишастанд, холаи Соро бо модараш ҳамсоя буданд, аммо модараш аз куртааш кашида, монеи даромаданаш шуд. Соро гумон кард, ки модараш ӯро назди хешу таборонашон мебарад ва ҳеҷ гап не, ман бо ҳамсояҳо мешинам гӯён даромаду дар рӯ ба рӯяш Фариштахоларо дида, дар ҷояш шах шуд…
Чанд лаҳза ҳама хомӯш монданд, Соро намедонист чӣ кор кунад, вале холаи Фаришта мушкили ӯро осон намуда, ӯро ба оғӯш кашида, бо овози баланд гирён- гирён гуфт:
-Бачама дуо кардӣ Соро, тири дуоят бачама дарёб кард, бачаам чизе надида, аз олам рафт. Арӯсакашро нолон, бачаҳаки ба олам ноомадаашро ятим кард,- Соро муҳри сандуқи ғами синаашро канду ғамҳои даҳ-дувоздаҳсолаашро пеши пойи модари Амон рехт.
Ду зан, яке ҷавону дигаре пир, яке дар ҳасрати писари ҷавонмаргаш мегиристу дигаре ба ёди ишқи зебои нокомаш, як хона одам ба ин гиря ҳамовоз шуданд, зеро ҳама аз фоҷиаи ин ишқ бохабар буданд…
Сорову Амон ҳамсинф буданд, хонаводаи Амон се хона поён аз хонаи падари Соро зиндагӣ мекард. Онҳо якҷоя мактаб мерафтанд, бозӣ мекарданд, дар кӯчаҳои деҳа медавиданд, меафтиданду мехестанд. Бо гузашти солҳо ин меҳри кӯдакӣ ба ишқи бузурге мубаддал гашт.
Падари Соро ҷавон аз олам гузашт, модараш муаллима буду зиндагияшонро бо маоши модар ва меваҳои боғашон, ки ду бародараш меҳнат мекарданд, мебурданд. Бародаронаш зан гирифтанду ғами бепадарӣ ҳам каме аз фазои хонаи онҳо пароканда шуд. Амон писари шашуми хонаводаи сарватманде буд, ки падару бародаронаш зиёд эркааш мекарданд.
Амон дар баробари зиндагии шоҳона, ҳусну қавораи мардона, донишу одоби хубе низ дошт. Баъди хатми мактаб ӯ ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуд, вохӯриҳояшон бо Соро акнун пинҳонӣ сурат мегирифт, зеро духтар бародаронашро сахт ҳурмат мекард ва намехост гирди номаш ҳар гуна овоза паҳн шуда, бародаронашро мушавваш созад.
Соро хостгорони зиёде дошт, вале дар аҳду паймоне, ки бо Амон баста буд, устувор буд. Чун шунид, ки модари дӯстдоштааш ҷойи дигар келин мекобад, аз Амон рост ё дурӯғ будани ин гапро пурсид. Амони ошиқи шайдо бо меҳр дастони ӯро миёни дастонаш гирифта гуфт:
-Сороҷон, ту бовар дорӣ, ки ҷойи туро дар дили ман касе гирифта тавонад?! Ҳама аҳли деҳа медонанд, ки ман Маҷнуни туям ва ҳеҷ кас маро аз ту ҷудо намекунад, аммо…
Як нисфирӯзӣ Соро аз дарс омада, модарашро хашмгин ёфт, модар, ки духтарашро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, сарзаниш карда гуфт:
-Дар дунё қаҳтии шӯ омадааст, ки ту ғайри Амон ба каси дигар намерасидаӣ?! Фаришта бо дасти духтари ҳевараш хабар равон кардааст, ки ман духтари ӯро келин намегирам, қадпаст аст, Амони ман қадбаланду зебо! Агар пири дар ҳафтод шавӣ, ки ман туро ба Амон намедиҳам, инро аз хотират набарор! Ту аз кӣ кам ҳастӣ, ки чунин пастат мезананд?!
Дар ҳамон гармои моҳи май гӯё як сатил оби хунукро ба сари Соро рехтанд, ӯ хонаи хобаш даромада, хуб гиристу баъд назди модараш омада, ӯро ба оғӯш кашида, ба сухан даромад:
-Очаҷон, то Амон зан нагирад, ман шавҳар намекунам, зеро мо аҳду паймон дорем, аммо ҳаргиз ба ӯ намерасам, агар хостгор равон кунад ҳам.
Сорои якрав, дигар ҳаргиз бо Амон гап назад, ҷавон дид, ки намешавад, худаш назди модари дӯстдоштааш омад, вале модари Соро ӯро аз дар ронда гуфт, ки “рав, модарат ба ту зани қадбаланд диҳад, мо ба худамон монанд ягон қадпасташа меёбем”. Қади Соро паст набуд, ӯ духтари миёнақади нозанине буд, вале Фаришта хола ӯро муносиби писараш намедид ё шояд ба меҳри зиёди нисбати Соро доштаи писараш рашк мекард.
Ба Амон ӯро аз дар рондани модари Соро сахт расиду барқасд ҳамсоядухтари Соро Райҳонаро ба занӣ гирифт. Райҳона аз ишқи Амон бо Соро огаҳӣ дошта бошад ҳам, розӣ шуд то арӯси бойбачаи зебо шавад. Даҳшати он рӯзҳоро Соро медонаду Худои болои сараш, аз сӯзи дил аз хона берун намешуд.
Дарс мерафт, баъд аз дарс назди бибиотуне дарси Қуръон меомӯхт, панҷ вақт намозашро тарк намекард. Пас аз ду моҳи тӯйи Амон, тӯйи Соро баргузор гашт, домод аз Амон дида, қадбаланду зебо ва аз хонаводаи зиёие буд. Пас аз ду моҳи арӯсӣ Соро ба хонаи модараш омад, маъракаи талбон зебо бо иштироки дойрачиҳо гузашт.
Ҳамон шаб шамол шуд, субҳ борон сим-сим меборид, модари Соро хӯроки дӯстдоштаи духтараш кашк пухтанӣ буд. Таги айвон, дар шим-шими борони баҳорӣ Сорову модар сӯҳбаткунон гандум мекӯфтанд, ки ногаҳон садои ғиреву нола баланд шуд, ҳама осемасар кӯча давиданд, нолаҳо аз хонаи падари Амон меомад, модараш ҳама қаҳру арозашро фаромӯш карда, хонаи онҳо давид, маълум шуд, ки Амон хостааст, ки сими кандашудаи барқро боэҳтиёт гирифта, як сӯ партояд, вале ӯро барқ зада, ҷо ба ҷо куштааст. Мардуми қишлоқ, хоса занон байни худ пич-пич кардаанд, ки оҳи дили Соро гирифтааст Амонро ва Фариштахола низ инро шунидааст…
Соро хуб гиристу баъд бо Райҳон, ки баъди марги Амон писараке ба дунё оварда, дигар аз хонаи шавҳар берун нарафт, салом карда бо чашмони ашкбор гуфт:
-Ман Амонро ҳеҷ гоҳ дуо накардаам, диле, ки дӯст медорад, дуои бад намекунад. Баъд ман кӣ ҳастам, ки Худои бузург бо дуои ман кунад?! Марги ҳар кас ба фармони Худост!
Холаи Фаришта дар ҷавоб гуфт:
-Рост мегӯӣ духтарам, вале дили муъмин хонаи Худост. Шикастани дили як нафар, бадтарин гуноҳ аст ва ҳар оҳ тирест…