Марди ҷопонӣ Кенити Итобо лақаби одам-ҳамдуна машҳур аст. Қисми зиёди умрашро Ито ба шуғли ғайриоддӣ-бо дасту пой давидан бахшидааст.
Яъне ба мисли маймун ё хирс. Акнун Кенити масофаи сад метрро дар 15 сония тай мекунад, ки на ҳар кас ҳангоми бо ду пой давидан чунин муваффақ шуда метавонад. Ито зодаи яке аз шаҳрҳои Токио буда, ӯро дар кӯдакӣ барои симои безебаш ҳамдуна ном кардаанд. “Ман ҳамдунаҳоро махлуқоти паст намеҳисобам, аз ин рӯ, аз чунин ташбеҳот асло намеранҷам” мегӯяд Ито.
Баъди хатми мактаб Ито дар боғи ҳайвонот ҳамдунаи зоти патасро, ки бениҳоят серҳаракат аст, мебинаду дар дилаш хоҳиши ба мисли ин ҷонвар давидан пайдо мешавад.