Arzon march 2024
Нони чормағзӣ, боҷ ва дигар оинҳои наврӯзии Бадахшон
574



Бадахшонро метавон “Гаҳвораи Наврӯз” номид, зеро мардуми сарбаланди ин диёри кӯҳсор то ба имрӯз қадимтарин анъана ва расму оинҳои наврӯзиро нигоҳ дошта меоянд.

Дар боби ана ҳамин расму русуми наврӯзии бадахшониён мо бо яке аз бонувони гулдасти ин минтақа-Аспармоҳ Мавлонназарова сӯҳбати ҷолибе доштем, ки фишурааш манзури хонандагони азизи сомонаи Оила. ТҶ мегардад.

Ёдрас мешавем, ки ин зани панҷ панҷааш ҳунарро натанҳо дар Бадахшон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистони азизамон мардум хуб мешиносанд, балки ҷӯробҳои қашанги пурнақшу нигораш ӯро дар арсаи олам машҳур гардонидааст.

Аспармоҳ Мавлонназарова ягона зани тоҷик мебошад, ки сазовори ҷоизаю унвони пурифтихори “Беҳтарин ҳунарманди ҷаҳон” гаштааст.

-Апаи Аспармоҳ, агар Бадахшонро рамзан “Гаҳвораи Наврӯз” номем, пас Рушон, ки зодгоҳи шумост, гаҳвораҷунбони он аст. Мегуфтед, ки дар сарзамини Бадахшон мардуми оддӣ Наврӯзро чи гуна истиқбол мегиранд ва кадом расму оинҳои наврӯзӣ то имрӯз побарҷо мондаанд?

-Дар сарзамини Бадахшон то имрӯз қариб тамоми расму оинҳои қадимии наврӯзӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар як бадахшонӣ ҳатман хонае дорад, ки аз панҷ сутун иборат аст. Ин панҷ сутун размӣ буда, паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад, духтараш Бибӣ-Фотимаи Заҳро, шавҳари ӯ-Ҳазрати Алӣ ва фарзандонаш Ҳасан ва Ҳусейнро ифода мекунанд. Мардуми Бадахшон қабл аз фаро расидани ҷашни зебои Наврӯз ва шогун баҳор аз навдаҳои зарбед ду ҷорӯби махсус омода мекунанд ва бо ин ҷорӯбҳои нав тамоми хонаву дари худро ҷорӯб зада, тозаву озода мегардонанд, баъд хасу хасрубаҳоро аз ҳавлӣ берун бурда мепартоянд. Ақидае ҳаст, ки ҳамроҳи ғашу ифлосиҳо дарду ғамро низ соҳибхона ҷорӯб зада аз хонаву аз ҳаёташ берун месозад, то ки соли навро бо хушиву саодат пешвоз гирад. Аз ҳамин хотир занҳо ҳатман бояд тамоми ҷиҳози хонаро ба берун бароварда, гилему кӯрпаҳои чиркинро шуста, тоза кунанд. Пас аз он ки хона тозаву озода шуд, модарбузург дар як зарфи нав орд мегирад ва тоқии бадахшониро чорқат карда, дар орд тар мекунад ва ба ҳар як сутуни хона мерасонад. Нақши тоқӣ, ки ба рамзҳои ориёӣ монанд аст, бояд дар сутун монад. Пас аз ин модарбузург аввал ба китфи падарбузург ва баъд ба дигар аъзоёни хонавода орд пошида, онҳоро ба қавле сафед мекунад, то ки тамоми сол аҳли оила хушбахтона умр ба сар баранд ва пеши кору роҳашон сафед бошад. Ин маросимро бунзанӣ меноманд. Хулоса, тоза кардани хонаю дар ва аз дил баровардани кинаҳо, тайёр кардани ғизоҳои махсуси наврӯзию оростани дастархони идона барои аҳли авлод ва деҳа, ҳадяи кулчаҳои табаррукӣ, тайёр кардани «ғилофакҳои нахуд» бо нияти сарзабзии доимӣ, бунзанӣ, «сурхбарорӣ», аловпарак аз зумраи оинҳои асосии наврӯзӣ ба шумор рафта, бо анҷоми ин расму оин мардум «Шогун баҳор муборак» муборак гӯён, ҳамдигарро бо иди зебои наврӯз муборакбод мегӯянд. Дар посух ҳатман «Ба рӯи шумо муборак» гуфтан лозим аст. Рӯзҳои дигари ид бо ба ҷо овардани «бат-салом»-у «боҷ-салом» ва рафтан ба хонаҳои ҳамдигар бо нияти муборакбодӣ мегузарад.

-Анаъанаи аз ҳама аҷибтарини мардуми Бадахшон кадом аст?

-Дар Бадахшон, махсусан дар Шуғнону Роштқалъа дар иди наврӯз, ки онро «Хидир-айём» ҳам мегӯянд, анъанаи аҷибе суннат шудааст, ки онро «Килоғузғуз» меноманд. Одамон, асосан бачаҳо ба сари бомҳо баромада, сабадча ё халтаеро бо банд баста, онро аз равзан ба даруни хона овезон мекунанд ва бо завқ ин сурудро мехонанд:
-Боҷак биёр, кар-кар кунем,
Равған биёр, шур-шур кунем,
Ғамҳо аз дил дур кунем,
Шогунбаҳор муборак!»

Соҳибхона бояд бар ивазаш ҳатман ҳадя диҳад. Ҳар чизе, ки он шахс мехоҳад, соҳибхона бояд рад накарда, ҳамонро бароварда диҳад, чунки дар асли ҳол гуноҳ мегирад. Баъзеҳо аз анъанаи «Килоғузғуз» истифода бурда, духтареро, ки пештар хостгорӣ карда буданд, вале волидонаш надоданд, талаб карда мегиранд. Ин бисёр як анъанаи аҷиб аст.


-Дар бораи хӯрокҳои наврӯзии мардуми Бадахшон каме маълумот медиҳед?

Хӯрокҳои наврӯзии мардуми Бадахшон ин боҷ, бат, суманак, қумоч, ғӯзқамоч, дайла, атолаи кочӣ, (атолаи ғафсе, ки аз орди арзан пухта, болояш равғани зард мерезанд) ҳалвои ширӣ (атолаи ғафсе, ки аз ширу равған мепазанд), рунахахъч (кулчаҳои равғанин ё кулчаҳое, ки бо ширу равған мепазанд), чарвигардъа (нони аз хамири орди гандум ва чарбу пухташуда), хомнагул (донаҳои кӯфтаи зардолу ва ё мағзи чормағзро дар оби ҷӯш маҳлул карда, болои нони резашуда мерезанд), «хъоҷруған» (нон бо равғани донаҳои зардолуи талхак), «ғузхъурво» (атолаи тунук аз кӯфтаи мағзи чормағз, орзуқ буда, ҳар кадбону мувофиқи завқи худ таом мепазад ва дастурхон меорояд.

-Мегӯянд дар ҷашни Наврӯз бонувони Бадахшон ҳатман нони чормағзӣ ва “боҷ” мепазанд. Тарзи пухтани ин намуди нон ва таомро мегуфтед?

-Нони чормағзӣ аз зумраи нонҳои писандидатарини наврӯзӣ буда, ба хамири он чормағзи майдакарда меандозанд. Дар давраҳои кӯдакии мо нони чормағзиро дар қӯри алов, яъне дар даруни хокистари дегдон мепухтанд, вале он бисёр болаззат буд. Боҷ бошад, ин ҳамон таоми машуҳри миллии тоҷикист, ки аз донагиҳо пухта мешавад ва онро дар дигар минтақаҳо далда меноманд.
-Барои сӯҳбати ҷолиб як ҷаҳон ташаккур! Шогун Баҳор муборак!
-Ба рӯйи Шумо ҳам муборак!
                                              Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД