НОМИ ДУХТАРОНА
Номномаи Исломӣ | Номҳои духтарона бо ҳарфи "З"
1395
0

З –

 

ЗАЙНАБ а. زینب 1. дарахтест хушбӯй ва хушманзар («ФНЭ»); дарахтест хушбӯй («Даҳҳор»);

    ЗАРАФШОН  زرافشان1. зарфишон, афшонандаи зар («Зебоном»);

2. номи рӯде дар Тоҷикистон («Зебоном»).

ЗАРБОНУزربانو 1. заррин ва дурахшон; бонуи дурахшон («Зебоном»);

2. духтари Рустами Достон («ФНЭ»).

ЗАРГИС زرگیس зарингесӯ, гесӯи бофташуда («Зебоном»).

ЗАРГУН زرگون зармонанд, монанди зар («Зебоном»); зард, тиллоранг («ФЗТ»); зардфом, тилоӣ, заррин («Фарҳехта»); зардранг («Муъин»), ба ранги зар («Нозим», «Деҳхудо»).

ЗАРДУХТ زردخت духтари дурахшон, духтари тобон («Зебоном»).

ЗАРИФА а. ظریفه зани зебо ва хушшакл («ФНЭ»).

ЗАРМЕҲР زرمهر меҳри дурахшон («Зебоном»).

ЗАРМО زرما баҳорӣ, сабзу хуррам, шодоб («Зебоном»).

ЗАРНИГОР زرنگار 1. тилокорӣ кардашуда, бо тило нақшу нигор кардашуда, бо зар наққошӣ кардашуда («ФЗТ»); 

2. касе, ки бо оби зар наққошӣ мекунад («Амид»); касе, ки бо зар дар рӯи чизе нақш ва нигор кунад, зарнигоранда («Дурҷ»). 

ЗАРНӮША زرنوشه дурахшони ҷовид, ҳамеша заррин ва дурахшон («Зебоном»).

ЗАРОФАТ ظرافت  1. зиракӣ, тезфаҳмӣ.

2. ҳазл, латифа.

ЗАРРИН زرین 1. тилоӣ, аз зар сохташуда («ФЗТ»); сохта шуда аз зар, зарӣ, тилоӣ, монанди зар;

2. номи зане дар достони «Самаки айёр».

ЗАРРИНА زرینه ниг. заррин 1.

ЗАРРИНБОНУ زرین بانو заррину дурахшон, бонуи дурахшон.

ЗАРТОБ زرتاب тобандаи зар («ФНЭ»).

ЗАРФОМ زرفام ба ранги тилоӣ («ФНЭ»); заргун, монанди зар («Зеб.О»); тилоӣ, тилоиранг, ба ранги зард («Деҳхудо»).

ЗАҲРО а. زهرا 1. дурахшон, дурахшанда, пурнур («ФНЭ»);

2. лақаби Фотима духтари паёмбари акрам ва ҳамсари Алӣ (а) («ФНЭ»);

3. киноя аз зан ё духтари моҳрӯй. 

     ЗАЙНУРА -  زینوره бо нур зинатёфта, бо нур ороста

     ЗАЙТУНА -  زیتونھ дарахти мевадори ҳамешасабз

    ЗАКИЯ -  ذکیھ боҳуш, тезхотир, бофаҳм

    ЗАМИРА -  ضمیره дил, қалб, ботини инсон

    ЗАРНИСОР -  زرنثار зарбахш, зарпош, зарафшон

    ЗАХИРА -  ذخیره чизи барои зарурати оянда нигоҳдошташуда

     ЗЕБӢ زیبی 1.хушрӯй

2. арзанда

ЗЕБО(Й) (ی) زیبا 1. хушрӯй, хушнамо, нозанин, нек, соҳибҷамол; наҷиб («ФЗТ»); некӯ, ҷамил («Муъин»); хубрӯй («ФНЭ»); қашанг («Фарҳехта»); 

2. шоиста, зебанда («Муъин», «Фарҳехта»); хуб («Туҳфат-ул-аҳбоб», «Зебоном»). 

ЗЕВАРزیور ороиш, зинат, зеб, чизе, ки бо он чизи дигарро биороянд («ФЗТ», «ФНЭ», «Сиҳоҳ»); 

ЗЕВО زیوا 1. зебо, хушнамо («Зебоном»).

2. шоиста барои ёрӣ, омода барои паноҳ додан («Зебоном»).

ЗИЁДА زیاده бисёртар, афзун.

ЗИНАТ а.زینت он чи ба воситаи он чизеро оро диҳанд; ороиш, зевар («ФЗТ»).

    ЗОДЧЕҲР زادچهر озодчеҳра; аз нажоди озода («Зебоном»); дорои нажоди асил («ФНЭ»).

ЗОНИС زانس ном барои духтарон ба маънии хирадманд, фарзона («Зебоном»). 

ЗОНИТО زانیتا хирадманд, фарзона («Зебоном»); муқ. бо Ҷонито.

ЗУБАЙДА а. زبیده 1. гули ҳамешабаҳор («ФНЭ»); номи гиёҳест («Деҳхудо»);

ЗУБДА زبده баргузида, яккачин.

ЗУЛАЙХО а. زلیخا соҳибаи Юсуф (а) («Мунтаҳо»); номи ошиқа ва манкуҳаи (никоҳии) меҳтари Юсуф, алаҳиссалом («Шарафнома»); зани Азизи Миср ва соҳибаи Юсуф пайғамбар («Нозим»); 

ЗУЛОЛА а. زلاله муаннаси зулол; номи духтарона. 

ЗУЛХУМОР а. ذوالخمار номи бонувона, пурхумор, нозанин.

ЗУЛФИЯ زلفیه маҷ. нозанин, зебо.

ЗӮҲРА زهره 1. шукуфа («ФНЭ»); 

2. сапедӣ ва хубӣ («ФНЭ»);

3. Ноҳид; дувумин сайёраи манзумаи шамсӣ ба нисбати фосила аз Хуршед («Муъин»); сайёраи Ноҳид, ки онро мутрибаи фалак меноманд ва олиҳаи зебоӣ, суруду рақс ва хушию хурсандӣ мешуморанд.

4. киноя аз зан ё духтари моҳрӯй;

5. номи зане, ки Ҳорут ва Морути афсунгар ба вай ошиқ буданд.

ЗЕБУННИСО -  زیب النسا зеби занон, зани зебо

ЗИЁДА -  زیاده бисёр, афзун, фаровон

ЗОИРА -  زائره зиёраткунанда, ба дидорбинӣ раванда

ЗОКИРА -  ذاكره зикркунанда, ёдоваранда

ЗОҲИДА -  زاھده порсо, парҳезгор

ЗОҲИРА -  ظاھره ба назар намоён, ошкор, возеҳ, равшан

ЗУЛҚАЪДА -  ذوالقعده номи моҳи ёздаҳуми солшумории қамарӣ

ЗУЛҲИҶҶА -  ذوالحجھ моҳи дувоздаҳуми солшумории қамарӣ

ЗУМУРРАД -  زمرد як навъи санги қиматбаҳо

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
Шарҳ