Formula september
Номҳо бо ҳарфи "М"
114777

М –

МАВЛУД//МАВЛУДА а.مولوده //مولود 1. таваллудёфта, зоидашуда; (тифли) навзоидашуда, навзод («ФЗТ», «Муъин», «Фарҳехта», «Вожаҳои сара», «Fиёс»;

       Зи мавлудаш ҷаҳон шуд ваҳдатобод,

       Ки бо ҳам ҳусну ишқ аз як шикам зод. (Нозим)

2. таваллуд, зоидашавӣ («ФЗТ»), зода, мутаваллудшуда, ба вуҷудомада, зоидашуда («Деҳхудо»);

       Шаби мавлуд, к-он хуршедгавҳар

       Дамид аз машриқи домони модар. (Нозим)

3. таърихи таваллуд, рӯзи таваллуд («ФЗТ»); ба маънои замони зоидан низ омада («Fиёс»); рӯзи валодат («Нозим»);

4. падидомада, эҷодшуда («Фарҳехта»); пайдоомада («Деҳхудо»).

МАВЗУН а. موزون 1. санҷида, баркашида, вазн кардашуда («ФЗТ»); вазншуда, санҷидашуда («Муъин»); кашида бо тарозу, сахта, санҷида («Вожаҳои сара», «Онандроҷ», «Фарҳехта»); андоза кардашуда («Нозим»); бо вазн кашида («Деҳхудо»);

       Аз мулуки даҳр номавзун ҳамеёбад ато,

       То санои ӯ ба мизони хирад мавзун бувад. (Амир Муиззӣ)

2. мутаносиб, зебо, нозук; шинам («ФЗТ», «Муъин»); киноя аз матбӯъ («Деҳхудо»);

       …Ки ҳар як мисрааш сарвест мавзун,

       Чу қаддаш як қалам рангин зи мазмун. (Ҳозиқ)

3. хушоҳанг, форам; салис, фасеҳ, равон (оид ба шеър ва ғ.) («ФЗТ», «Муъин»); оҳангин, созвор, ҳамгом («Вожаҳои сара»);

       Дилам биҷӯ, ки қадат ҳамчу сарв дилҷӯй аст,

       Сухан бигӯ, ки каломат латифу мавзун аст. (Ҳофиз)

4. нек, ороста ва хушписандида, дилпазир, хушоянд; порсиён ба маънии хушоянда истеъмол кунанд, чун табъи мавзун ва тинати мавзун ва пайкари мавзун ва шамоили мавзун ва қомати мавзун ва болои мавзун ва хатти мавзун ва холи мавзун ва хандаи мавзун ва нолаи мавзун ва нуктаи мавзун ва ҷуз он («Онандроҷ»); матбӯъ, дилписанд ба андом («Нозим», «Деҳхудо»).

       Хезу ғанимат шумор ҷунбиши боди рабеъ,

       Нолаи мавзуни мурғ, бӯи хуши лолазор. (Саъдӣ)

МАВЗУНА а. موزونه зани кӯтоҳқади санҷидаи хирадманд («Онандроҷ», «Нозим», «Деҳхудо»); Ниг. ба «Мавзун».

МАҒФИРАТ а.مغفرت афви гуноҳ, омурзиш, бахшиши гуноҳ («ФЗТ», «Муъин»); омурзидан («Вожаҳои сара», «Фарҳехта», «Нозим», «Деҳхудо»); чашмпӯшӣ аз гуноҳи касе («Дурҷ»).

       Ризқи ту дода тамом аз раҳмату аз мағфират

       Он Худованде, ки раззоқу раҳиму ғофир аст.

(Амир Муиззӣ)

       Бе тавба мекунам тамаъи мағфират зи Ҳақ,

       Бар Каъба норасида, зи по хор мекашам.(Саййидо)

МАДИНА а. مدینه 1. шаҳр («ФЗТ»); балад («ФНЭ», «Фар­ҳехта», «Fиёс»);

       Нигаҳ кун, то куҷо будию ин ҷо

       Кӣ овардат ба ин бедар мадина. (Носири Хусрав)

2. номи шаҳрест, дар Ҳиҷоз воқеъ аст, ки қабри Муҳаммад пайғамбар (с) дар он ҷост; яке аз шаҳрҳои муҳимми Арабистони Саудӣ («ФЗТ», «Fиёс»); шаҳрест ба Арабистон хуш ва мардуми бисёр ва равзаи муқаддаси пайғамбар (с) бо бисёр саҳоба он ҷост ва аз навоҳии вай санги фасон хезад, ки ба ҳама ҷаҳон бибаранд («Ҳудуд-ул-олам»); ин шаҳр пас аз муҳоҷирати пайғомбари ислом аз Макка ба он ҷо мавқеъияти хоссе пайдо кард ва номаш аз Ясриб ба Мадинатуннабӣ табдил ёфт, марқади Ҳазрати Расул дар ин шаҳр аст ва матофу зиёратгоҳи мусалмонони ҷаҳон аст («Деҳхудо»);

       Ҷонам фидои номи пайғамбари Мадина,

       Қурбони тори мӯйи он сарвари Мадина.

       Ё Раб, чӣ рӯз гардад ин давлатам муяссар,

       Афғонкунон дароям, ман аз дари Мадина. (Ҷунунӣ)

3. лафзи “мадина” маъхуз аст аз “тамаддун”, ки ба маънии ҷамъ шудан аст; чун анвои мардум дар шаҳр ҷамъ мешаванд, лиҳозо “мадина” мегӯянд («Fиёс»).

МАЙСАРА а. میسره 1. тарафи чапи лашкар; фавҷе, ки ҷиноҳи чапи лашкарро ташкил мекунад («ФЗТ», «Ф.Шоҳнома», «Нозим», «Деҳхудо»);

       Сипоҳе гузин кард бар майсара,

       Чу хуршеди тобон ба бурҷи Бара. (Фирдавсӣ)

2. фарохӣ («Онандроҷ», «Деҳхудо»);

3. тавонгарӣ, фарохдастӣ («Fиёс»);

4. осонӣ, кушоиш («Деҳхудо»); давлат, боигарӣ.

МАКНУН // МАКНУНА а. مکنون//مکنونه пинҳондошташуда, нуҳуфта («ФЗТ», «Fиёс», «Фарҳехта», «Муъин»); ниҳон, пӯшида («Вожаҳои сара»), чи бисёр аз асмо, ки дар хизонаи иззат дурҷи ғайрат аст ва ҳеҷ касро ҷуз олимулғайб бар он иттилоъ на («Масобеҳ-ул-ҳидоя»).

       Бӯйро пӯшидаву макнун кунад,

       Чашми масти хештанро чун кунад. (Румӣ)

МАЛЕҲА а. ملیحه муаннаси малеҳ.

МАЛОҲАТ а.ملاحت 1. шӯрӣ, намакинӣ («ФЗТ»); намакин будан («Вожаҳои сара», «Муъин»).

       Сар наёвард бурун ҳеч кас аз мазраи ишқ,

       Донасӯз аст замине, ки малоҳат дорад. (Соиб)

2. ҳусни банамак, сабзи банамак; ситорагармӣ, ҷозиба дорӣ («ФЗТ»); намакин будан, хубрӯ будан («Дурҷ», «Вожаҳои сара»); зебоӣ, латофат («Муъин», «Fиёс»); маъхуз аз тозӣ, дилрабо будан ва хубсуратӣ ва некӯӣ ва зебоии даҳон ва чашм ва абрӯ («Нозим»); бонамакӣ, намакдорӣ, ҳусн, хубӣ, ширинӣ («Деҳхудо»);

       Нигори ман ҳама ҳусну малоҳат асту ҷамол,

       Ҳама малоҳату ҳусну ҷамоли ӯ бакамол.

(Сӯзании Самарқандӣ)

3. бе ниҳояти камол аст, ки ҳеч кас ба ниҳояти ӯ нарасад («Дурҷ»).

       Хуррам шуд аз малоҳати ту аҳди дилбарӣ,

       Фаррух шуд аз латофати ту рӯзгори ҳусн. (Ҳофиз)

МАЛИКА а. ملکه зани подшоҳ, подшоҳзан, шоҳзода («ФЗТ»).

МАМЛАКАТ а. مملکت 1. кишвар, сарзамин, диёр, бум («ФЗТ», «Муъин», «Ф.Шоҳнома»).

       Эй, ки зи ҳифзи адли ту мамлакат аст дар амон,

       В-ар накунад даме мадад адли ту, войи мамлакат.

(Салмон)

2. ҳукуматронӣ, мулкдорӣ, подшоҳӣ («ФЗТ»); подшоҳӣ, салтанат («Муъин»); доро будан («Вожаҳои сара»); кишвардорӣ, шаҳрёрӣ, подшоҳӣ ва азамат, ҳукумат («Нозим», «Деҳхудо»).

       Довари ислом Хоқони кабир,

       Адлро Нӯшервони мамлакат. (Хоқонии Шарвонӣ)

МАНУШ منوش 1. зебо, хушчеҳра («Зебоном»);

Поделиться новостью
Шарҳ
(53)
томирис 2019-08-14, 21:53
Маъно
Посух
Махдия 2019-10-06, 19:49
Пенза
Посух
мукадас Махдия 2019-10-17, 02:04
мукадас
Посух
Мехтарчон 2023-04-08, 09:20
Панчакент
Посух
Махасти 2023-04-22, 18:35
Фаромуши
Посух
Максад 2023-04-25, 20:37
Мм
Посух
марям 2023-05-04, 04:07
Кулоб
Посух
Марям 2023-05-05, 21:39
Марям
Посух
Марта 2023-05-08, 18:53
Душанбе
Посух
Фуркат 2023-05-09, 09:05
Толенома
Посух
Шамсидлин 2023-05-11, 09:32
Маънояш
Посух
Мархабо 2023-05-15, 00:30
Хпп
Посух
Ирода 2023-05-15, 22:11
Кабир
Посух
Мухайё 2023-05-28, 05:06
Номи китоби хаст ё не
Посух
Азизчон 2023-05-30, 15:57
Духтарамро номи зебо исломи бошад
Посух
Аминчон 2023-06-08, 14:35
Асп
Посух
Ясмина 2023-06-17, 11:41
Ясмина ба чи маъно омадагия
Посух
Махлиё 2023-06-17, 22:12
Маънош
Посух
Марчона 2023-06-18, 15:47
Дар Кито и номхои точики
Посух
Марчона 2023-06-18, 15:51
Ин хел ном дар Кито и номхои точики вучуд дорад.
Посух
Элиф 2023-06-21, 00:42
Номи зебо
Посух
Марва 2023-07-04, 01:15
Маънош?
Посух
Махфуза 2023-07-04, 23:46
Тахили
Посух
Мухайе 2023-07-05, 06:07
Манои номи мухайе
Посух
Райян 2023-07-16, 20:46
Нппуа
Посух
Мусъаб 2023-07-17, 09:26
Маънои ном
Посух
Идома
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(53)
томирис 2019-08-14, 21:53
Маъно
Посух
Махдия 2019-10-06, 19:49
Пенза
Посух
мукадас Махдия 2019-10-17, 02:04
мукадас
Посух
Мехтарчон 2023-04-08, 09:20
Панчакент
Посух
Махасти 2023-04-22, 18:35
Фаромуши
Посух
Максад 2023-04-25, 20:37
Мм
Посух
марям 2023-05-04, 04:07
Кулоб
Посух
Марям 2023-05-05, 21:39
Марям
Посух
Марта 2023-05-08, 18:53
Душанбе
Посух
Фуркат 2023-05-09, 09:05
Толенома
Посух
Шамсидлин 2023-05-11, 09:32
Маънояш
Посух
Мархабо 2023-05-15, 00:30
Хпп
Посух
Ирода 2023-05-15, 22:11
Кабир
Посух
Мухайё 2023-05-28, 05:06
Номи китоби хаст ё не
Посух
Азизчон 2023-05-30, 15:57
Духтарамро номи зебо исломи бошад
Посух
Аминчон 2023-06-08, 14:35
Асп
Посух
Ясмина 2023-06-17, 11:41
Ясмина ба чи маъно омадагия
Посух
Махлиё 2023-06-17, 22:12
Маънош
Посух
Марчона 2023-06-18, 15:47
Дар Кито и номхои точики
Посух
Марчона 2023-06-18, 15:51
Ин хел ном дар Кито и номхои точики вучуд дорад.
Посух
Элиф 2023-06-21, 00:42
Номи зебо
Посух
Марва 2023-07-04, 01:15
Маънош?
Посух
Махфуза 2023-07-04, 23:46
Тахили
Посух
Мухайе 2023-07-05, 06:07
Манои номи мухайе
Посух
Райян 2023-07-16, 20:46
Нппуа
Посух
Мусъаб 2023-07-17, 09:26
Маънои ном
Посух
Идома
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД