– У –
УБАЙД а. عبید 1. шакли тасғири абд («ФЗТ»); бандаи кӯчак («Муъин»); банда («ФНЭ»); «абд» («Фарҳехта», «Дурҷ»); мусағғари «абд» («Амид»);
УБАЙДУЛЛОҲ а. عیبد الله бандаи Худованд.
УЛФАТ а. الفت 1. дӯстӣ, ошноӣ, ихтилот («ФЗТ», «Муъин», «ФНЭ», «Fиёс», «Амид»); пайвастагӣ («Вожаҳои сара»);
2. унс пайдо кардан («ФЗТ»); унс гирифтан («Муъин»); хӯ кардан («ФНЭ», «Fиёс»); хӯгар шудан («Фарҳехта», «Дурҷ», «Мунтахаб»); хӯ гирифтан, хӯгирифтагӣ («Вожаҳои сара»); хӯ гирифтан («Амид»);
3. ҳамнишин, ҳамсуҳбат, ҳамкоса («ФЗТ»); ҳамдамӣ, ҳамҷӯйӣ («Вожаҳои сара»); ҳамдамӣ («Муъин», «Амид»);
4. одат, унс («Муъин»).
УМАР а. عمر. умр, ҳаёт;
2. Умар ибни Хаттоб, дувумин халифа аз хулафои рошидин («ФНЭ»); номи халифаи дуюми ислом, ки духтари ӯ Ҳафса, разийаллоҳу анҳо, яке аз ҳамсарони Расули акрам, салаллоҳу алайҳи ва саллам, буд.
УМАРАЛӢ а. عمرعلی номи мардона мураккаб аз номҳои ду имом Умар (р) ва Алӣ (р).
УМЕД // УММЕД امید 1. чашмдошт, интизор, таваққуъ («ФЗТ», «Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Ф.Ҷомӣ», «Амид»); нигаронӣ («Нозим», «Деҳхудо»);
2. орзу, таманно («ФЗТ», «Муъин», «Ф.Ҷомӣ»); ормон («ФНЭ»); риҷо («Фарҳехта», «Дурҷ», «Нозим», «Мунтаҳо»); мурод, мақсад («Ф.Ҷомӣ», Ҳошияи «Бурҳон», «Нозим»).
3. эътимод ва эътиқод («Нозим»); устуворӣ («Муъин»); итминон («Деҳхудо»).
4. ваъда («Деҳхудо»);
5. номи падари Озарпот («ФНЭ»).
УСМОН а. عثمان номи халифаи сеюмини ислом («Ф.Шоҳнома»); ин исм ба халифаи сеюми дини ислом тааллуқ дорад, ки эшон ду духтари паёмбари гиромӣ (с)-ро ба занӣ гирифта буданд; аз ин сабаб эшонро Зуннурайн мегуфтанд.
УЗАЙР - عزیر номи пайғамбар
УСОМА - اسامھ шер, асад