Formula novemver 2024
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "Д"
19631

– Д –

 

ДАБИР 1. دبیر муншӣ, иншокунанда ва таҳриркунандаи мактубҳо ва санадҳои давлатӣ.

2. қиссагӯй, афсонагӯй.

3. хонанда, сароянда.

4. шоир.

ДАВЛАТ а. دولت 1. мол, сарват, боигарӣ, дороӣ («ФЗТ», «ФНЭ», «Амид»);

2. мамлакат («ФЗТ»); шаҳр, кишвар («Вожаҳои сара»);

3. ҳукумат, салтанат; ҳукмронӣ («ФЗТ», «Муъин»); подшоҳӣ («Вожаҳои сара»); замони салтанату ҳукумат бар як кишвар («Амид»);

4. ғалаба, зафар; («ФЗТ»); фатҳ («Нозим», «Деҳхудо»);

5. маҷ. бахту саодат, иқбол; хушбахтӣ, толеи нек («ФЗТ», «ФНЭ», некбахтӣ («Фарҳехта»); гардиши замона ба некӣ, беҳрӯзӣ, комронӣ («Вожаҳои сара»); толеъ («Муъин»); баҳрамандӣ («Нозим», «Деҳхудо»).

6. мадад, кумак («Муъин»);

7. наҷот («Деҳхудо»);

8. адои қарз («Деҳхудо»).

ДАВЛАТЁР دولتیارد 1. бахтёр, саодатманд («Фарҳехта», «Муъин»); хушбахт, бахтёр, саид, масъуд, бахтманд, ки бахти хуш дорад;

2. тавонгар («Фарҳехта», «Муъин»)

ДАВЛАТМАНД دولتمند 1. доро, бой, ғанӣ («ФЗТ»); сарватманд («ФНЭ»); молдор («Фарҳехта»); тавонгар («Муъин»); марди молдор («Нозим», «Деҳхудо»); бахтёр, хушбахт («ФЗТ»); саодатманд («Муъин», «ФНЭ», «Фарҳехта», «Нозим», «Деҳхудо»);

3. сабаб ва боис («Нозим», «Деҳхудо»); 

4. асар («Нозим», «Деҳхудо»); 

ДАВЛАТШОҲ دولتشاه 1. дорои иқболи шоҳона («ФНЭ»);

2. Муҳаммадалӣ Мирзо – Давлатшоҳ ҳокими Кирмоншоҳон («ФНЭ»).

ДАВРОН а. دوران 1. гардиш, чархиш («Муъин»); чархидан, гаштан, гардидан, давр гардидан, чарх хурдан, гардиш, гард («Вожаҳои сара», «Фарҳехта»); даврзанӣ, чархзанӣ, гирдгардӣ, мас. ҳаракати чарх. 

2. замон, аҳд; мавсим, фасл, ҳангом («ФЗТ»); рӯзгор, давра, аср («Муъин», «Фарҳехта»); вақт ва аҳд ва замон ва рӯзгор («Нозим», «Деҳхудо»);

3. даҳр («Нозим»); замона, ҷаҳон, чарх, фалак («Деҳхудо»);

4. маҷ. бахт, толеъ; қазову қадар («ФЗТ», «Нозим», «Деҳхудо»);

ДАЛЕР دلیر 1. диловар, шуҷоъ, ҷасур, нотарс («ФЗТ», «Фарҳехта», «Муъин» («Даҳҳор», «Деҳхудо»); густох («ФНЭ» бебок, бетарс («Нозим»); пурдил («Амид»); 

2. паҳлавон, баҳодур, зӯр («ФЗТ», «Фарҳехта»);

ДАМЕҲР دمهر меҳри ошкор ва ҳувайдо («Зебоном»); дар забони имрӯзи тоҷик дар шакли Дамир номи маъмул ва маъруф аст.

ДАНИС دنیس хирадманд, бино, огоҳ («Зебоном»); ин ном дар ақвоми славян (русҳо, белорусҳо, украинҳо...) дар шакли Денис серистеъмол аст, агарчи аслан вожаи ориёӣ-тоҷикист.

ДАРЁ دریا паҳнае аз об («Зебоном»); баҳр («Муъин», «Фарҳехта», «ФНЭ»). 

ДАРМОН درمان дору, даво

    ДАРВЕШ-  درویش сӯфӣ, зоҳид; нодор, фурӯтан

    ДАҲМО دهما ниёиши покон ва некон («Зебоном»).

ДЕҲҚОН دهقان кишоварз

ДИДАВАР دیده ور нозукбин, доно

ДИДАНАВОЗ دیده نواز назаррабо, рӯҳбахш

ДИДОР دیدار вохӯрӣ, мулоқот

ДИЛОВАР دلاور далер, шуҷоъ, пурдил («ФЗТ», «Муъин», «Фарҳехта», «Амид»); бисёр далер («ФНЭ»); диловар, сахт далер, ки ба тозӣ (ба забони арабӣ) шуҷоъ хонанд («Шарафнома», «Деҳхудо»); «Амид»).

ДИЛПИСАНД دلپسند дилпазир, дилхоҳ

ДИЛСӮЗ دلسوز он ки дилаш ба ҳоли дигарон месӯзад, мушфиқ, ғамхор, меҳрубон («ФЗТ», «Фарҳехта», «Дурҷ»); дилсӯзанда («Онандроҷ»); хайрхоҳ, хайрандеш («Нозим», «Деҳхудо»); вафодор («Ф.Шоҳнома»).

ДИЛХУШ دلخوش шодмон, хушнуд

ДИЛШОД دلشاد  1. хушҳол, масрур, шодмон («ФНЭ»); бонишот («Амид», «Фарҳехта», «Дурҷ»); шоддил, хуррам, хушнуд.

2. ҳиммат, бахшиш, ато («Бурҳон», «Онандроҷ», «Деҳхудо» («Дурҷ»).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД