– Н –
НАБӢ - نبی пайғамбар, паёмбари Худо
НАВИД نوید номест аз номҳои писарон; хушхабарро навид гӯянд ва чун мавлуди писар муҷдаи хуш аст аз ин лиҳоз метавон писарро чунин ном кард; 1. хабари хуш, башорат («Муъин»); мужда («Ф.Шоҳнома», Фарҳехта», «Дурҷ», «ФНЭ»);
2. ваъда («ФЗТ» («Л.Фурс»); ваъдаи нек («Муъин», «ФНЭ», «Фарҳехта», «Дурҷ»); ваъда додан бувад ба хайр (ҳошияи «Фарҳанги Асадӣ»-и Нахҷувонӣ); чунон бошад, ки касеро баумед кунанд («Л.Фурс», «Деҳхудо»);
3. пазируфтани некӯӣ («Сиҳоҳ»);
4. хабари тоза, тозаахбор, пайғоми тоза, нав.
НАВРӮЗ نوروز 1. рӯзи аввали соли шамсӣ, ки бо 21 март баробар меояд ва иди соли нав аст («ФЗТ»);
2. рӯзи нав («Амид», «Дурҷ»); рӯзи нав, рӯзи тоза («Фарҳехта»); рӯзи нав, рӯзи ҷадид («ФНЭ»);
3. дар аввали баҳор таваллудшуда;
4. ба тифле, ки дар рӯзи Иди Наврӯз тавалллуд шавад, агар писар бошад, Наврӯзшоҳ ва агар духтар бошад, Наврӯзмоҳ номгузорӣ кунанд (махсусан тоҷикони кӯҳистон).
НАВФАЛ - نوفل дарё, баҳр; номи саҳобӣ
НАДИМ - ندیم ҳамнишини бузургон, ҳамсӯҳбат, ҳамдам
НАЗАР а. نظر аз асмои писарон бошад; ин номро волидайни донишманд ба он хотир ба фарзандашон мегузоранд, ки нури чашмашон аз назари Худованд дур наафтад; вожаи назар боз маъниҳои дигари ҷолибро дорост: 1. нигоҳ («Fиёс»); нигоҳ, як бор нигаристан («ФЗТ», «Муъин», «Баҳори Аҷам», «Онандроҷ»); нигаристан ба чизе ба тааммул («Фарҳанги хаттӣ», «Ақраб-ул-маворид», «Нозим», «Алмунҷид», «Деҳхудо»); нигаридан, нигоҳ кардан, нигариш кардан, дидан («Вожаҳои сара», «Фарҳехта», «Амид»);
2. интизор («Мунтахаб»); чашм доштан («Онандроҷ», «Нозим»); интизор доштан чизеро («Деҳхудо»);
3. фармон додан миёни қавм («Мунтаҳо», «Деҳхудо»); ҳукумат кардан байни одамон;
4. ёрӣ додан («Ақраб-ул-маворид»); мадад кардан ва кумак кардан («Деҳхудо»);
5. ба маънии чашм маҷоз аст («Баҳори Аҷам»); киноя аз чашм, дида («ФЗТ»);
8. мавриди таваҷҷуҳ қарор додан («Вожаҳои сара»); иноят, илтифот, таваҷҷуҳ, мадад;
8. тамошо, саёҳат;
9. фикр («Fиёс»); андеша кардан («Вожаҳои сара», «Амид», «Дурҷ»); рой («Муъин»); тафаккур;
10. диққат, тадбир;
11. лиҳоз, эътибор, ҷиҳат, ҷанба;
12. манзар, ноҳият, вилоят;
13. дид, биноӣ («Дурҷ»); басират («Амид»);
14. покбин, дурбин («Баҳори Аҷам»);
15. мақсуд, муддао («ФЗТ»);
16. гӯш додан ба сухани касе («Деҳхудо»);
17. ҷузъе аз номҳои мардонаи тоҷикӣ чун: Худойназар, Соҳибназар, Некназар, Назаршоҳ ва амсоли инҳо.
НАЗИР а. نظر аз номҳои писарон; 1. монанд («Баҳори Аҷам»); мисл («Муъин»); мисол («Ф.Шоҳнома»); мусовӣ, ҳамдӯш («Амид», «Дурҷ»); шабеҳ («Фарҳехта»); ҳамонанд, осо, моно, ҳамбар, сон, намудор, басон, («Вожаҳои сара»); баробар, яксон («Нозим»); монанда, ҳамонанд, ҳамто;
2. шарик, анбоз («Муъин», «Нозим», «Деҳхудо»); ҷуфт, ёр, шафиқ.
НАЗИФ а. نظیف ном барои писарон аст; пок («Мунтахаб»); покиза («Амид»); тамйиз («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»); бар вазни шариф; ҳалол ва пок ва тоҳир («Fиёс», «Вожаҳои сара»); тоза; нозук, зариф («ФЗТ», «ФНЭ», «Баҳр-ул-ҷавоҳир», «Нозим», «Онандроҷ», «Нозим»; тоҳир («Fиёс»); пок аз чирк ва олудагӣ ва тамизу некӯ («Деҳхудо»).
НАЗРӢ - نذر мансуб ба назр (садақа, қурбонӣ); аҳд, паймон
НАИМ а. نعیم номест барои писарон; неъмат, мол; боигарӣ, тавонгарӣ; фаровонӣ («ФЗТ»); ба маънии неъмат ва некӣ ва дастрас ва мол ва ноз («Fиёс», «ФНЭ», «Амид», «Деҳхудо»); хоста («Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин», «Вожаҳои сара»).
2. хуррамӣ, шодмонӣ, сурур; саодатмандӣ («ФЗТ»); хушгузаронӣ («ФНЭ», «Вожаҳои сара»);
3. маҷ. биҳишт («ФЗТ», «Fиёс», «Онандроҷ»):
4. василаи хушӣ ва шодкомӣ дар зиндагонӣ («Фарҳехта», «Дурҷ»);
5. осоиш («Вожаҳои сара», «Деҳхудо»);
6. диҳиш, атия («Мунтаҳо», «Онандроҷ»);
7. нарму соф ва нозуку латиф («Дурҷ»);
8. Муҳаммаднаими Панҷобӣ аз шуъарои порсигӯи ҳиндутабор аст.
НАИР نعیر ном барои мардон аст; Наир шахси нотарсро гӯянд, ба муроде фарзанди хештан чунин мусаммо кунанд, ки то ӯ далеру нотарс бошад; маънии наир дар фарҳанг: диловар, бебок («Зебоном»).
НАКӮРӮЙ نکوروی хубсурат, зебочеҳра, соҳибҷамол.
НАҚИБ а. نقیب 1. раис ё вакили қабила, сардори қавм; сардор, сарвар, раис («ФЗТ»); сарпараст, муҳтарами қавм («ФНЭ»); меҳтари қавм, сарпарасти гурӯҳ («Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин»); бузургу зомин («Амид», «Мунтаҳо», «Онандроҷ», «Нозим»); донандаи қавм («Мунтахаб»); солор, пешоҳанг («Вожаҳои сара»);
2. ходими шахси олимансаб («ФЗТ»); ҷонишин («Вожаҳои сара»); муовин ё ноиби калонтар («Дурҷ», «ФНЭ», «Муъин», «Деҳхудо»);
3. ориф ва донандаи ансоб («Мунтаҳо», «Онандроҷ», «Нозим»); орифи қавм («Ақраб-ул-маворид», «Деҳхудо»);
4. гувоҳи қавм («Мунтаҳо», «Онандроҷ»); шоҳиди қавм («Деҳхудо»); пешрави қабила;
5. забони тарозу («Нозим», «Деҳхудо»); лисонулмизон («Ақраб-ул-маворид»);
НАМОЗ - نماز сар хам кардан барои саҷда, дуову ибодат
НАПОТ بپات ном барои мардон; маънии напот дар луғот: 1. баландпоя («Зебоном»);
2. сарчашма («Зебоном»);
3. ҷӯшон («Зебоном»);
4. номи шоҳе пеш аз Сосониён, аз ниёгони Ардашери Бобакон («Зебоном»).
НАРИМОН نریمان ном барои писарон аст; маънии ин лафз дар фарҳангҳо: 1. далер, паҳлавон («Зебоном», «Амид», «ФНЭ»);
2. мардсиришт («ФНЭ»);
3. номи падари Сом ва ниёи Зол («ФНЭ»); Нарим ҳам гуфтаанд («Амид», «Fиёс»); номи паҳлавони машҳури Эрон, ки падари Сом аст («Муъин»).
НАСИБ نسیب насиб – ба маънии ғазал гуфтан, ном барои мардон; маънияш дар луғат: номи шоирест («Мунтахаб»).
НАСИБ а. نصیب аз номҳои мардон аст; маънияш дар фарҳангҳо: 1. баҳр, баҳра («Вожаҳои сара»); ҳазз («Амид», «Мунтаҳо», «Нозим», «Деҳхудо», «ФНЭ»); қисмат («Муъин», «Баҳори Аҷам»); ҳисса («ФЗТ», «Ақраб-ул-маворид», «Деҳхудо», «Онандроҷ», «Нозим»); ҳиссаи муайян ва баҳра аз ҳар чизе («Деҳхудо»); саҳми касе аз чизе («Дурҷ»);
2. бахту иқбол («Амид», «Муъин»); толеъ («ФНЭ», «Фарҳехта», «Дурҷ»); сарнавишт («Вожаҳои сара»); қисмат («ФЗТ»); тақдир, хушбахтӣ ва бадбахтӣ («Нозим», «Деҳхудо»).
НАСИБУЛЛОҲ نصیب الله ном аст барои мардон; маънияш дар луғат: баҳраи Худо («ФНЭ»).