Sebiston new 2024 october
Номҳо бо ҳарфи "А"
64219

А –

АБАРДОД ابرداد номи хушоҳанг ва зебо, ки одамони доно бо умеди давлатдор, шуҳратманд ва соҳибмақом шудани писарашон мегузоранд, ба маънои: 1. баландофарида, худодод;

2. додгар, одил, соҳибадл;

3. номи яке аз сардорони Куруши бузург («ФНЭ»).

АББОЗ а. ابباز ин номи писарҳоест, ки падарҳояшон мехоҳанд, ки ҳамеша дастгир ва ҳамроҳи онҳо дар ватан ва дар мусофирӣ бошанд; агар падар дар мусофират бошад ва писаре таваллуд шавад, номи ӯро дар замони пеш Аббоз мемонданд. Эзоҳ: Дар таърихи ислом номи падари Абдуллоҳ Тамимӣ мебошад, ки гурӯҳи аббозия берун аз маркази хилофат ҳамқавлу ҳамқабилаи ӯ буданд.

АББОС а.м عباس ба маънои: 1. шере, ки шерон аз он бигрезанд («Ақраб-ул-маворид», «Деҳхудо»);

2. инсоне, ки чеҳраи гирифта дорад.

3. Ибни Абдулмутталиб, ҷадди бани Аббос ва амми Муҳаммад расулуллоҳ (с) (с. т. 51 қабл аз ҳиҷрат, с. ф. 32 ҳ.қ. / 653 м.) марде некӯкор ва устуворандеша буд ва барои озодии бардагон иштиёқ дошт, чунонки 70 бандаро бихарид ва онҳоро аз бардагӣ раҳоӣ бахшид.

       Маро чун нест бар кас ҳеч тафзил,

       Чӣ хоҳам кард зуҳду фазли Аббос? (Саноии Ғазнавӣ)

АБД а. عبد ин пешванди арабӣ пеш аз номҳои мардона меояд ба маънои: 1. парастанда, ғулом, банда;

2. дар шакли абдуҳу дар арабӣ маънии бандаи ӯ, яъне бандаи Худоро дорад.

       Саъдӣ, ризои дӯст талаб кун, на ҳаззи хеш,

       Абд он кунад, ки раъйи худовандгори ӯст.

(Саъдии Шерозӣ)

АБДОЛ а. ابدال 70 нафар хоссони Худоро абдол гӯянд.

       Шунидам, ки дар рӯзгори қадим

       Шудӣ санг дар дасти абдол сим. (Саъдии Шерозӣ)

 

       Гаҳ бипурсам аз ӯ ба ваҷҳи суол,

       К-аз чӣ абдол гаштаанд Абдол. (Абдурраҳмони Ҷомӣ)

АБДУЗЗОҲИР а. عبدالظاهر дар луғатҳо ду таркиби он: абд ба маънои парастандаи Худо ва Зоҳир номе аз номҳои Худои таоло; пайдо ба ҳастӣ; муқобили ниҳон («Деҳхудо») омадаанд.

АБДУЛАВВАЛ а. عبدالاول Аввал – номе аз номҳои Худои таоло ва он кӣ – ҳамеша бувад («Деҳхудо»).

АБДУЛАЗИЗ а. عبدالعزیز Азиз – аз номҳои Худованди таоло аст. Он маъниест, ки дарк нагардад ва мағлуб нашавад ва чизе ӯро оҷиз накунад ва ӯро монанд набошад («Деҳхудо»); сифотест аз сифоти Борӣ таоло («Фарҳехта»).

АБДУЛАЗИМ а. عبدالعظیم Азим – сифате аз сифоти Борӣ таоло ва он чунон аст, ки қадри ӯ аз ҳадди ақлҳо даргузарад он сон ки ҳақиқату кунҳи вай ба тасаввур наояд («Деҳхудо»).

       Ҷумла бар худ ҳаром карда будӣ,

       Ҳар чӣ модуни Кирдгори азим. (Носири Хусрав)

АБДУЛАЛИМ а.عبدالعلیم 1.Алим – яке аз сифатҳои Худо мебошад («ФЗТ»).

       Бинвозу биёмурз, бикун афву каромат

       Бар бекасии мо, чу алимию хабирӣ.

2. яке аз асмои Худои таоло ва маънии он доно мебошад.

       Айбат аз бегона пӯшидасту мебинад басир,

       Феълат аз ҳамсоя пинҳон асту медонад алим.

(Саъдии Шерозӣ)

АБДУЛАҲАД а. عبدالاحد Аҳад – ягона, фард, якӣ ба Худой, бандаи Худои якто; номе аз номҳои Худои таоло; назди баъзе аҳад, махсус аст ба Худои таоло ва дар сифоти ғайри ӯ итлоқ накунанд («Деҳхудо»); номи Борӣ таоло («ФНЭ»).

АБДУЛБАСИР а. عبدالبصیر 1. Басир – яке аз сифоти Илоҳист («Фарҳехта»); яке аз асмои Борӣ таоло («Онандроҷ»);

2. аз сифоти Худованди азза ва ҷалла буда, доно ва бино маънӣ дорад.

       Кофиронро дарду муъминро башир,

       Лек нақди ҳол дар чашми басир. (Ҷалолуддини Румӣ)

АБДУЛБОИС а. عبدالباعث абд – банда, ғулом, Боис – яке аз номҳои Эзади таборак ва таоло («Фарҳехта»); барангезандаи мурдагон, фиристандаи расулон («Муҳаззаб-ул-асмо», «Деҳхудо»).

АБДУЛВАДУД а. عبدالودود абд – банда, ғулом, 1. Вадуд – номе аз номҳои Худои таоло («Fиёс», «Деҳхудо»); сифатест аз сифоти Худои таоло («Фарҳехта»);

2. дӯст ва бисёр меҳрубон.

       Дасти ҳоҷат чу барӣ, пеши Худованде бар,

       Ки карим асту раҳим асту ғафур асту вадуд.

(Саъдии Шерозӣ)

АБДУЛВАЛӢ а. عبدالولی абд – банда, ғулом, Валӣ – номе аз номҳои Худои таоло; дӯсту ёри некон («Деҳхудо»).

АБДУЛВАҲҲОБ а. عبدالوهاب абд – банда, ғулом, Ваҳҳоб – исме аз асмои Худои таоло, бахшандаи бисёр ва некбахшанда.

Поделиться новостью
Шарҳ
(45)
Бибизайнаб 2019-07-28, 20:56
Маънои ном
Посух
Абдукави Бибизайнаб 2019-11-27, 21:30
Абдукави
Посух
Пайрав 2019-09-27, 23:50
Душанбе
Посух
Шарифов Ахмад 2023-04-25, 00:19
Шахр надорам
Посух
Самеъ 2023-05-07, 12:11
Фархор
Посух
Абуали 2023-05-13, 05:44
Манояш
Посух
Судайс 2023-05-14, 21:35
Маънои ном
Посух
Аҳад 2023-05-18, 10:26
Аҳад
Посух
Гуломали 2023-05-24, 15:26
Маьнеш
Посух
Абдурахмон 2023-05-27, 07:53
Душанбе
Посух
Алиф 2023-06-09, 23:16
Евон
Посух
Абубакр 2023-06-12, 10:45
Абубакр чи маъно дорад?
Посух
Абдулфаттоҳ 2023-06-13, 08:44
Маънои номамро нависед
Посух
Акмал 2023-06-16, 21:03
Хистеварз
Посух
Аскарали 2023-06-18, 20:30
Манош
Посух
Усмон 2023-07-03, 00:04
Усмон
Посух
Аслиддин 2023-07-12, 07:51
Амирон
Посух
Ином 2023-07-22, 09:26
Чи мано дорад
Посух
Убайдулло 2023-07-28, 22:03
Н.ш.шохин
Посух
Аслиддин 2023-08-07, 13:40
Аакк
Посух
Абузайр 2023-08-13, 12:10
Номи сахоба
Посух
Носирали 2023-08-15, 21:08
Помир
Посух
Шаҳдия 2023-09-08, 08:51
Ширин
Посух
Толибчон 2023-09-12, 22:06
Худжанде
Посух
Азиза 2023-09-14, 06:40
Азиз,мехрубон, дилсуз, боадаб, гироми
Посух
Фирдавс 2023-09-17, 07:14
Духтар
Посух
Идома
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(45)
Бибизайнаб 2019-07-28, 20:56
Маънои ном
Посух
Абдукави Бибизайнаб 2019-11-27, 21:30
Абдукави
Посух
Пайрав 2019-09-27, 23:50
Душанбе
Посух
Шарифов Ахмад 2023-04-25, 00:19
Шахр надорам
Посух
Самеъ 2023-05-07, 12:11
Фархор
Посух
Абуали 2023-05-13, 05:44
Манояш
Посух
Судайс 2023-05-14, 21:35
Маънои ном
Посух
Аҳад 2023-05-18, 10:26
Аҳад
Посух
Гуломали 2023-05-24, 15:26
Маьнеш
Посух
Абдурахмон 2023-05-27, 07:53
Душанбе
Посух
Алиф 2023-06-09, 23:16
Евон
Посух
Абубакр 2023-06-12, 10:45
Абубакр чи маъно дорад?
Посух
Абдулфаттоҳ 2023-06-13, 08:44
Маънои номамро нависед
Посух
Акмал 2023-06-16, 21:03
Хистеварз
Посух
Аскарали 2023-06-18, 20:30
Манош
Посух
Усмон 2023-07-03, 00:04
Усмон
Посух
Аслиддин 2023-07-12, 07:51
Амирон
Посух
Ином 2023-07-22, 09:26
Чи мано дорад
Посух
Убайдулло 2023-07-28, 22:03
Н.ш.шохин
Посух
Аслиддин 2023-08-07, 13:40
Аакк
Посух
Абузайр 2023-08-13, 12:10
Номи сахоба
Посух
Носирали 2023-08-15, 21:08
Помир
Посух
Шаҳдия 2023-09-08, 08:51
Ширин
Посух
Толибчон 2023-09-12, 22:06
Худжанде
Посух
Азиза 2023-09-14, 06:40
Азиз,мехрубон, дилсуз, боадаб, гироми
Посух
Фирдавс 2023-09-17, 07:14
Духтар
Посух
Идома
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД