– Ш –
ШАЙДО شیدا ошиқ, шӯрида, шефта ва дилдода ва маҷнун, девона, саргардон, ошуфта, ошуфта аз ишқ.
ШАКУР а. شکور 1. бисёр сипосгузор («ФНЭ», «Фарҳехта», «Дурҷ»); шукркунанда («ФНЭ»); марди бисёршукр («Онандроҷ»); сипосдоранда («Муҳаззаб-ул-асмо»); марди бисёрсипос («Нозим»); сипосдор («Даҳҳор»); 2. подошдиҳанда («ФНЭ»); ниг. Абдушшакур.
ШАРАФ а. شرف ном аст мансуби занон ва ҳам мардон; 1. обрӯ ва номус ва иззат;
2. маҷд ва бузургворӣ;
3. баландӣ, ҷойи баланд.
ШАРАФУДДИН а. شرف الدین мӯҷиби обрӯ ва бузургвории дин;
ШАРИФ а. شرف 1. асил, наҷиб («ФЗТ», «Fиёс»); покнажод, гавҳарӣ («Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»).
2. бошарофат, шарофатманд, баланддараҷа; соҳиби ифтихор, соҳиби обрӯ («ФЗТ»); марди бузургқадр («Мунтаҳо», «Онандроҷ»); соҳиби иззату обрӯ («Ф.Ҷомӣ»); ҳар шайъи бузургқадр («Fиёс»); соҳиби шараф ва ифтихор, шарафманд («ФНЭ»); бузургвор («Муъин»); марди баландқадр («Амид»); марди дорои шараф ва дорои бузургӣ дар дин ва дунё ва марди бузургқадр («Нозим»);
3. сардори ҳукмрони Макка, ки аз саййидон, авлоди Муҳаммад, таъйин мешуд;
4. маҷ. азиз («Ф.Ҷомӣ»);
5. пок ва муқаддас («ФЗТ»);
6. маҷ. бегуноҳ, беозор, маъсум («ФЗТ»);
7. бузургвор («ФНЭ», «Амид»).
ШАФҚАТ а. شفقت аз номҳои мардон аст; меҳрубонӣ («Мунтахаб»); дилсӯзӣ («Муъин»); дилсӯзӣ, нармдилӣ («Амид», «Вожаҳои сара»); тараҳҳум («Фарҳехта», «Дурҷ»); ғамхорӣ, марҳамат.
ШАЙДО - شیدا ошуфта, шефта, мафтун, ошиқ
ШАЙХ - شیخ олим, донишманд; пешвои рӯҳонӣ, пир
ШАМС - شمس офтоб, хуршед, меҳр
ШАМШОД - شمشاد дарахти ҳамешасабз, хушқомат, хушандом
ШАРАФ - شرف обрӯ, номус, шаън, ифтихор, бузургӣ
ШАРИФ - شریف асил, наҷиб, бошараф, пок, муқаддас
ШАФЕЪ - شفیع шафоаткунанда, восита
ШАФИҚ - شفیق меҳрубон, дилсӯз
ШАҲИР - شھیر маъруф, машҳур, номдор
ШАҲБОЗ // ШОҲБОЗ شهباز // شاهباز бозест ваҳшӣ, ки дастомӯз шавад, чун шоҳони куҳан шикорро дӯст медоштанд, ба бози шикорӣ, аз ин рӯ бо лутф бози дастомӯзро шаҳбоз номидаанд.
ШАҲВОР شهوار ном барои мардон аст; 1. лоиқ, арзанда, сазовори шоҳ;
2. гаронмоя;
3. подшаҳвор, чун шоҳ, монанди подшоҳон рафтор кардан, амале, ки ба аъмоли шоҳ монад.
ШАҲДИД شهدید дорандаи оини бузургӣ
ШАҲДОД شهداد шукӯҳманди додгар, дурахшони додгар; ном аст мардонро.
ШАҲЗОД شهرزاد зодаи шоҳ, шоҳзода.
ШАҲИД а. شهید 1. дар роҳи дин кушташуда, кушташуда дар роҳи Худо;
2. гувоҳ, шоҳид ва ҳозир;
ШАҲИН شهین1. мансуб ба шоҳ («ФНЭ»);
2. шоҳин («ФНЭ»).
ШАҲМАРД شهمرد мардеро мегӯянд, ки подшаҳ бошад, шаҳмард ва бузургмард.
ШАҲМАРДОН شهمران бузург ва шоҳи мардон, сарвари риҷол.
ШАҲНОМ شهنام дорандаи номи шоҳона; ном барои мардон аст.
ШАҲОБ а. شهنام 1. шуълаи оташ;
2. ситораи дунболадор.
ШАҲРВОН شهروان нигаҳбони тавонманд, нигаҳбони нерӯманд.
ШАҲРДОР شهرادر дорандаи шаҳр, соҳиби шаҳр, нигаҳбони шаҳр;
ШАҲРЗОД شهرزاد 1. зодашуда дар шаҳр, зодаи шаҳр;
2. бумӣ, ватанӣ.
ШАҲРИВАР شهریور 1. фариштаи тавоноӣ ва қудрат;
2. моҳи шашум бошад аз соли шамсӣ.
ШАҲРЁР شهریار 1. подшоҳи бузург ва одил («ФЗТ», «Fиёс»); подшоҳеро гӯянд, ки аз ҳамаи подшоҳони асри худ бузург бошад («Бурҳон», «Нозим», «Деҳхудо»); бузургшоҳон, подшоҳи тавоно.
2. ҳоким, бузурги шаҳр («ФНЭ», «Муъин»); калонтар ва бузурги шаҳр, фармонравои шаҳр («Амид», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Нозим», «Бурҳон»); амири ноҳия, фармонравои шаҳр ё ноҳия ё кишвар («Деҳхудо»).
3. ёридиҳандаи шаҳр; ёридиҳандаи тавоно, ёридиҳандаи нирӯманд;
4. номи яке аз писарони Хусрави Парвиз ва Ширин;