arzon replenishment
Номномаи Исломӣ | Номҳои писарона бо ҳарфи "Р"
7812

Р –

   РАБЕЪ -  ربیع баҳор, баҳорон

   РАВШАН // РӮШАН روشن номест мардонро; маънии он дар фарҳангҳо; 1. тобон, дурахшон, афрӯхта («Амид»); ҷое, ки нур ба он битобад («Амид»); тобнок, мунаввар, нуронӣ («Фарҳехта», «Дурҷ», «Ф.Ҷомӣ») («Муъин»); мунаввар («Нозим», «Муъин», «ФЗТ»); чизи дорандаи нур мисли чароғ ва офтоб ва утоқи равшан («Ф.Низом», «Деҳхудо»);

2. ошкор, возеҳ, сареҳ, маълум («ФЗТ», «Амид», «Муъин»); аён, зоҳир («Ф. Ҷомӣ»);

3. маҷ. холӣ аз ғубори тирагӣ ва андӯҳ; беғам, бепарво; пок, тоза («ФЗТ»);

4. соф,бедурд, мураввақ («ФЗТ»);

5. номи яке аз муфассирони Авесто дар замони Сосониён («ФНЭ»).

РАВШАНБИН روشنبین ном барои писарон аст; маънии он дар фарҳангҳо: басир, доно, огоҳ («ФНЭ», «Муъин»); касе, ки биноӣ ва фаҳму дарки хубе дорад («ФЗТ»); бино, равшанфикр («Фарҳехта», «Муъин»); ҳушёр («Амид», «Дурҷ»).

РАВШАНГАРروشنگر ном барои мардон аст; 1. ошкоркунанда («ФНЭ»); 

2. тобанда, нуронӣ («ФНЭ»); афрӯзанда, тобонкунанда («ФЗТ») («Ф.Ҷомӣ»);

3. маҷ. сайқалдиҳанда, ҷилодиҳанда («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ»); сайқалгар.

РАВШАНДИЛ روشندل ном барои мардон аст; маънии он дар фарҳангҳо: 1. дилогоҳ, бомаърифат, доно, ориф («ФЗТ», «Муъин»); огоҳ («Фарҳехта», «Амид», «ФНЭ», «Дурҷ», «Амид»); оқил, донишманд, хирадманд («Ф.Ҷомӣ»).

2. он ки дилаш аз олоишу кудурат пок аст, покдил, поксина, бекудурат, дилсоф («Ф.Ҷомӣ», «ФЗТ»); зиндадил («Амид»); равшанзамир, равшанравон («Амид», «Фарҳехта», «ФНЭ», «Дурҷ», «Амид»).

РАВШАНЗАМИР روشنضمیر ориф, огоҳ («ФНЭ»); покдил, равшанфикр, доно («ФЗТ»); ном барои мардон аст.

РАВШАНМЕҲР روشنمهر хуршеди дурахшон («ФНЭ»); аз номҳои мардон аст.

РАВШАНРАВОН روشنروان аз асмои мардон бошад; 1. бедор («ФНЭ»);

2. огоҳ («ФНЭ»); доно («ФЗТ»);

3. дурахшандарӯҳ («ФНЭ»).

РАЗЗОҚ а. رزاق ниг. Абдурраззоқ. 

РАЗИН رزین 1. пурроз, пӯшида («Зебоном»);

2. дурахшанда, пуршукӯҳ («Зебоном»); ном аст мардонро.

РАЗИЮДДИН а. رضی الدین1. шахси баргузидаи дин;

2. Разиюддини Нишопурӣ аз шоири қарни шашуми ҳиҷрӣ («ФНЭ»);

3. Разиюддини Ортиёнӣ шоири аҳди Сафавӣ («ФНЭ»).

РАЗИЮЛЛОҲ а. .رضی الله 1. баргузидаи Аллоҳ ва хушнудии Аллоҳ бошад;

2. яке аз наътҳои паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) мебошад.

РАЗИШ رزش 1. дӯсттарин («Зебоном»);

2. дурусткортарин («Зебоном»);

3. некандештарин («Зебоном»); ном барои мардон.

РАЗӢ а. رضی 1. марди хушнуд («ФНЭ», «Муъин», «Амид») («Фарҳехта», «Дурҷ»); дилхуш, хурсанд («Вожаҳои сара»);

РАЗМЕҲР رزمهر меҳрубони некандеш («Зебоном»); ин ном мансуб ба мардон аст.

РАМАЗОН а. رمضان маънии он дар фарҳангҳо: 1. маъхуз аз рамаз, ки ба маънии сӯхтан аст; чун моҳи сиём гуноҳонро месӯзад, лиҳозо ба ин исм мусаммо гашт (рисолаи илми нуҷум, ки камоли муътабар буд, навишта шуд); ё он ки муштақ аз рамаз аст ва маънии сӯхта шудани пой аз гармии замин; чун моҳи сиём мӯҷиби сӯхтагӣ ва таклифи нафс аст, лиҳозо ба ин исм мусаммо гашт (Шарҳе муътабар навишта шуд); ва дар «Нисоб» рамазон ба маънии санги гарм аст ва аз санги гарм пои равандагон месӯзад; ва шояд ки ба вақти вазъи ин исм моҳи сиём дар шиддати гармо бошад («Fиёс»); моҳи нуҳуми соли қамарии ҳиҷрӣ, ки онро моҳи рӯза ва сиём ҳам мегӯянд, мусулмонон дар ин моҳ сӣ рӯз рӯза мегиранд («ФЗТ», «ФНЭ», «Муъин», «Амид», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Мунтаҳо», «Деҳхудо»);

2. исми хосси мардон («ФЗТ»); 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Салмон 2023-05-21, 11:27
Маънояш чи бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Салмон 2023-05-21, 11:27
Маънояш чи бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД