- К -
КАБИРА کبیره зани бузург.
КАВКАБ а. کوکب 1. ситора («ФНЭ», «Муъин»); сайёра («ФЗТ»); ситорае, ки ба ақидаи ҳакимон мӯҷиби саодат мешавад («Фарҳехта»); ситораи равшан ва бузург («Fиёс»);
2. шукуфаи марғзор («ФНЭ»);
3. шабнам («ФНЭ»);
4. маҷ. ашк («ФЗТ»);
5. моҳ («Деҳхудо»);
6. хуршед («Деҳхудо»);
КАЁДУХТ کیادخت духтари шоҳ («ФНЭ»).
КАЁЧЕҲР کیاحهر аз нажоди шоҳон, аз нажоди бузургон («Зебоном»).
КАРАШМА کرشمه 1. ишораи чашму абрӯ, ғамза («ФНЭ»); нозу ишва («ФЗТ»); чашмак ва ишора ба чашму абрӯ («Нозим», Деҳхудо»);
2. нозу ғамза («Бурҳон», «Онандроҷ», «Нозим», «Деҳхудо»);
КАРИМА а. کریمه 1. муаннаси карим («ФЗТ», «ФНЭ», «Муъин»);
2. духтар («ФЗТ»);
3. зани бахшанда («ФНЭ»); зани соҳибкарам («Муъин», «Фарҳехта»).
4. зани некхӯй («ФНЭ», «Муъин»);
5. хуб, писандида («Муъин»).
КАРИШМА کرشمه ниг. карашма.
КАРОМАТ а. کرامت 1.саховат; олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ, мурувват («ФЗТ»);
2. сарфарозӣ, арҷмандӣ, бузургворӣ, рифъат («Нозим», «Деҳхудо»);
3. кори фавқулодае, ки гӯё аз авлиё содир мешудааст; он кори ғайриодӣ, ки аз пайғамбарон содир шавад, муъҷиза меноманд («ФЗТ»).
КИБРИЁ а. کبریا 1. бузургӣ, бузургманишӣ, бартарӣ («Вожаҳои сара»); азамат («Фарҳехта», «Муъин»); иқтидор, ҷалол.
2. бузургӣ, азамат (сифати Худо, «ФЗТ»); Худованди таъоло; азамату шукӯҳи худовандӣ.
КИМИЁ کیمیا 1. аз улуми хафифа («ФНЭ»);
2. макр, ҳила («ФНЭ»);
3. маҷ. чизи камёб, нодир («ФЗТ»); дастнаёфтанӣ («ФНЭ»); азиз ва ноёб ва ин маҷоз аст («Онандроҷ», «Деҳхудо»);
4. ишқ ва ошиқиро кимиё ва кимиёгарӣ гӯянд («Бурҳон»); ишқ («Нозим», «Деҳхудо»).