– Г –
ГАВҲАР گوهر 1. марворид; санги гаронбаҳо («ФЗТ»);
2. асл, зот, асли ҳар чиз («ФЗТ»); сиришт («ФНЭ», «Муъин»); табиат, ниҳод («Ф.Шоҳнома»); тинат, фитрат («Деҳхудо»);
3. маҷ. нажод, насаб («ФЗТ», «Амид», «Ф.Шоҳнома»).
4. маҷ. фарзанд («ФЗТ»);
5. киноя аз сухани мавзуни фасеҳ ва балеғ («ФЗТ»);
6. киноя аз ашк, оби дида («ФЗТ»); ашки чашм («Дурҷ»).
7. ба маънии сифоти ниҳони ақл ва фарҳанг («Fиёс»);
8. киноя аз шахси гаронмоя ва беназир («Деҳхудо»);
9. номи зебои махсуси духтарон амсоли Гавҳарбону, Гавҳархонум, Гавҳарбегим, Гавҳархон ва монанди инҳо.
ГАНҶИНА گنجینه 1. ҷои ганҷниҳӣ, ганҷдон, махзан («ФЗТ»); хазона, ҷои нигаҳдории зару сим («Муъин»); ҷои ганҷ («Фарҳехта»); ҷои нигаҳ доштани ҷизҳои гаронбаҳо («Амид»);
2. ганҷ («ФЗТ»); мансуб ба ганҷ («Амид»);
3. киноя аз ботин, замир, дил («ФЗТ»).
4. махзани китоб дар китобхона («Деҳхудо»).
ГУЛ گل муғчаи вошудаи гиёҳ.
ГУЛАНДОМ گلندام 1. нозукбадан, зеботан, латифпайкар, нозанин («ФЗТ»);
2. аз асмои маҳбуб аст («Онандроҷ», «Деҳхудо»); яке аз исмҳои зебо, дӯстдоштанӣ ва хушоянди бонувон аст.
ГУЛАФРӮЗ گل افروز 1. мӯҷиби гул («ФНЭ»);
2. киноя аз баҳор ва муъҷизаи он, ки сабаби шукуфтани гул аст;
3. номи хушоҳанги духтарона.
ГУЛАФШОН گل افشان 1. гулпош, гулрез («ФЗТ»); афшонандаи гул, гулрезанда, гули бисёр парокандакунанда, парокандакунандаи гул ва шукуфа («Деҳхудо»);
2. маҷ. нурпош, нурафшон («ФЗТ»).
ГУЛБАДАН گل بدن гулпайкар
ГУЛБАРГ گل برگ 1. барги гул, варақи гул; барги гули сурх, ҳар як аз баргҳои як гул («ФНЭ», «Фарҳехта» («Муъин»); пари гул («Зебоном»);
2. маҷ. рӯи зебо («ФЗТ».
3. киноя аз лаби маҳбуба («ФЗТ»).
ГУЛБАҲОР گل بهار 1. гули баҳор («ФНЭ»);
2. касе, ки чун гули баҳорист («ФНЭ»).
ГУЛБЕЗ گلبیز гулафшон
ГУЛБОНУ گلبانو бонуи монанди гул («ФНЭ»).
ГУЛБУН گلبن буттаи гули садбарг, буттаи вард («ФЗТ»); дарахти гули сурх («Fиёс», «Онандроҷ», «Деҳхудо»); дарахт ва буттаи гул («Муъин», «Амид»); бехи буттаи гул («Фарҳехта»); бута ё дарахти гули садбарг.
ГУЛБӮگلبو он ки чун гул бӯ диҳад, хушбӯ («Деҳхудо»); он кӣ бӯи гул диҳад, муаттар, хушбӯ («ФНЭ»).