– Ф –
ФАЗИЛ а. فضیل 1. бартар («ФНЭ»); афзал, авлотар, беҳтар.
ФАЗЛ а. فضل 1. бартарӣ, афзалият («ФЗТ», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин», «ФНЭ», «Вожаҳои сара»);
2. дониш, илм, маърифат («ФЗТ»); маърифат, ҳикмат…(«Фарҳехта», «Дурҷ», «ФНЭ»); маърифат, дониш («Муъин»); дониш, фарҳанг («Вожаҳои сара»); маърифат, ҳикмат, камол («Деҳхудо»).
3. некӣ, лутфу марҳамат; неккирдорӣ; бахшиш («ФЗТ»); эҳсон («Фарҳехта», «Дурҷ», «ФНЭ»); некӯӣ («Муъин»); бахшиш кардан («Мунтахаб»); лутфу марҳамат («Ф.Ҷомӣ», «Fиёс», «Вожаҳои сара», «Муъин», «Деҳхудо»); оғоз ба эҳсон бе он ки онро сабабе бошад («Ақраб-ул-маворид», «Деҳхудо»).
4. афзунӣ, зиёдат («Фарҳехта», «Дурҷ», «ФНЭ»); камол («Муъин»); афзун гардидан («Мунтаҳо», «Деҳхудо»);
5. ғалаба кардан бар касе ба фазилат («Мунтахаб», «Fиёс»);
ФАЗЛУДДИН а. فضل الدین камоли дин, бартарии дин; шахси дар кори дин шоистаи ибратшуда.
ФАЗЛӢ فضلی мансуб ба фазл; касе, ки соҳибфазилат ва бомаърифат аст, некӯкор.
ФАЗЛУЛЛОҲ а. فضل الله бахшиши Худо, атои Офаридгор, эҳсони Аллоҳ;
ФАЙЗ а. فیض 1. бахшиши бузург, атову лутфи илоҳӣ;
2. хайру баракат ва некӯию эҳсон;
3. зебоию дилрабоӣ ва хушию хубӣ;
4. сафед шудан;
5. фаро расидан;
6. асби тезрав («Мунтаҳо», «Ақраб-ул-маворид», «Деҳхудо»).
ФАЙЁЗ - فیاض файздиҳанда, бисёр бахшанда (сифати Худо)
ФАЙЗУДДИН а. فیض الدین хайру баракати дин; ном аст мардонро.
ФАЙЗУЛЛОҲ а. فیض الله бахшиши Худо, атои Худо; ном барои мардон.
ФАЙЗӢ فیضی мансуб ба файз, баракат, хайрбахт, ҳумоюн; аз асмои занон аст.
ФАРАҲ I а. فرح 1. хурсанд шудан; хурсандӣ, шодӣ, хушҳолӣ («ФЗТ»); шод шудан, шодмон гардидан, масрур шудан, шодмонӣ, сурур («Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин»); шодмон гаштан («ФНЭ») хушӣ кардан («Вожаҳои сара»); лаззати ҳосил дар қалб аз расидан ба он чи мавриди тамоил будааст («Таърифот»-и Ҷурҷонӣ); ишрат ва тараб ва шӯхӣ («Деҳхудо»);
2. ҷашн.
ФАРАҲ II فره ном аст мардонро; 1. афзунӣ, фаровонӣ («ФЗТ»);
2. фирӯзӣ, ғалаба; пешӣ, сабқат; бартарӣ («ФЗТ»);
3. бисёр фаровон, афзун, зиёда («ФЗТ»); зиёд («Фарҳехта», «Дурҷ»);
4. бартар; афзал, хубтар, олӣ («ФЗТ»); хуб, писандида («Фарҳехта», «Дурҷ», «Ф.Ҷомӣ»);
5. фарох («ФЗТ»); кушода («Ф.Ҷомӣ»);
6. ширин («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ»);
7. сабаб, боис («ФЗТ», «Ф.Ҷомӣ»);
8. сахт шод шудан («Мунтахаб»);
9. бошукӯҳ, бошавкат, ҳашматнок («Ф.Ҷомӣ»).
ФАРАҲМАНД فرحمند 1. хушҳол, хурсанд («ФЗТ»);
2. дорандаи шукӯҳу фар.
ФАРБУД فربد касе, ки дорои шаъну бузургӣ бошад, нигаҳбони шукӯҳу бузургӣ.
ФАРДИД فردید писандида, огоҳ.
ФАРДИН فردین ном барои мардон; 1. болотарин дин;
2. болотарин андешаманд;
3. мухаффафи фарвардин – моҳи аввали баҳор бошад.
ФАРДОД فرداد болотарин додгар, пешдод.
ФАРДОН فردان хушбахткунанда, пешрафтдиҳанда, ободкунанда; ном аст мардонро.
ФАРЗИН فرزین 1. меҳрварз; 2. сазовор; 3. огоҳ;
4. яке аз муҳраҳои шатранҷ («ФЗТ», «Fиёс»); яке аз донаҳои шатранҷ, ки дар бозии шатранҷ бо номи вазир машҳур аст («Ф.Шоҳнома», «Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин»); ба арабӣ фарзон мегӯянд ва ҷамъи он фарозин аст («Амид»).
5. вазир ҳам мегӯянд («Амид»);
ФАРЗОМ فرزام шоиста, лоиқ («ФЗТ», «Муъин»); сазовор, дархур («Бурҳон», «Деҳхудо», «Сиҳоҳ» «Туҳфат-ул-аҳбоб»);
2. огоҳ; ниг. фарзон.
ФАРЗОН فرزان доно, хирадманд («ФЗТ»); оқил, ҳаким «Муъин», «ФНЭ»); дар фарҳангҳо ба ин калима маънии ҳикмат ва илм ва дониш додаанд («Фарҳехта», «Дурҷ»).
2. ҳикмат, дониш («Амид»); илм («Бурҳон», «Туҳфат-ул-аҳбоб»).
ФАРИДУДДИН а. فرید الدین 1. ягонаи дин («ФНЭ»);
2. Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ, яке аз урафо ва шуарои маъруфи қарни шашуми ҳиҷрӣ мебошад.
ФАРИДУН فریدون 1. фариштаи нек, аҳуройӣ;
2. номи подшоҳи Эрон («Ф.Шоҳнома»); аз шоҳони пешдодӣ (дар паҳлавӣ Фаритун) дорои се нерӯ («ФНЭ»); аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Фаридун аз насли Ҷамшед буд.