– Ё –
ЁБАНДА یابنده дарёбанда, дарккунанда («ФНЭ», «Фарҳехта»); пайдокунанда, воҷид, ки ёбад («Деҳхудо»).
ЁВАНД یاوند подшоҳ, шоҳ.
ЁВАРیاور 1. ёридиҳанда, мададгор («ФЗТ»); пуштибон («Муъин»); дӯст, Муъин («ФНЭ»); ёр («Фарҳехта», «Бурҳон», «Онандроҷ»); ёридеҳ («Шарафнома», «Деҳхудо»).
2. мувофиқ, ҳамкор («ФЗТ»);
3. номи рӯзи даҳум аз ҳар моҳ («Бурҳон», «Онандроҷ»); даҳум рӯз аз моҳ («Шарафнома», «Деҳхудо»).
ЁДГОР یادگار ёддошт, хотира; асар («ФЗТ»); нишон («ФНЭ»); ёдбуд, он чи аз касе ба ҷо монад ва хотираи ӯро зинда нигаҳ дорад («Муъин»); нишони хайр, ки аз касе боқӣ бимонад («Онандроҷ», «Деҳхудо»).
ЁДОВАР - یداور ба ёду хотироваранда
ЁҚУБ یعقوب ниг. Яқуб.
ЁРАҲМАД یاراحمد дӯсти Аҳмад («ФНЭ»);
ЁРӢ یاری1. дӯстӣ, ёварӣ («ФНЭ»); ионат, кумак, мадад («Фарҳехта», «Муъин»); ёрмандӣ («ФЗТ»); ионат, дастгирӣ, поймардӣ, дастмардӣ, дастёрӣ, пуштибонӣ, мусоидат («Деҳхудо»).
2. ёр будан; дӯстӣ, муҳаббат («ФЗТ»); ҳолату чигунагии ёр, рафоқат, меҳрварзӣ, суҳбат, мусоҳибат, ҳамнишинӣ, муқоринат («Деҳхудо»).
ЁРМАНД یارمند 1. дорои ёр («ФНЭ», «Фарҳехта»); ёридиҳанда, ёр, дӯст («Муъин»); кумакдиҳанда, кумакрасон («ФЗТ»); ионаткунанда («Бурҳон»); ёвар ва ёваридеҳ («Анҷуманоро», «Деҳхудо»); муин ва мададгор.
2. ёрдӯст («ФНЭ», «Фарҳехта»).
ЁРМУРОД یارمراد касе, ки дар роҳи муроду мақсад ёру ёвар бошад: ҳамдил, ҳаммақсад.
ЁРМУҲАММАД یارمحمد дӯсти Муҳаммад («ФНЭ»).
ЁСИН یا سین 1. сураи 36-уми Қуръони карим.
2. лақаби Муҳаммад паёмбар (с).
ЁСИР- یاسر хурд, сабук, саҷл; номи саҳобӣ