arzon replenishment
Номномаи Исломӣ | Номҳои духтарона бо ҳарфи "Ч"
8557

– Ч –

 

ЧАМАН چمن 1. боғ, боғи гул, гулзор; 

2. роҳест миёни бӯстон ва боғ, роҳе бошад дар боғ миёни дарахтон ва аз ҳар ду паҳлӯи роҳ дарахт нишонда ва он ҷо нишастгоҳ бигзошта ва он ҷо раёҳин гузоштаанд.

ЧАМАНОРО چمن آرا боғбон, ороишгари чаман, зеби чаман; киноя аз гулу гиёҳу дарахтони боғ.

ЧАМАНАФРӮЗ چمن افروز равшанибахшандаи чаман, номи гулест хушбӯ ва хушранг, бӯстонафрӯз, садбарг.

ЧАМОН چمان бо ноз роҳраванда, хиромон.

ЧЕҲРОЗАР چهرآزر дорои чеҳраи равшан, зебочеҳра.

ЧЕҲРОРО چهر آرا аз асмои занон; 1. дорои чеҳраи андешаманд; 

2. аз нажоди андешамандон; 

3. дорои чеҳраи ороста; 

4. нигоранда ё ороишкунандаи чеҳра; 

5. аз нажоди доварон.

ЧЕҲРОРОМ چهرآرام ном барои бонувон; 1. оромтабиат; оромбахш; 

2. дорои нажоди дуруст.

    ЧАМАНГУЛ -  چمنگل гуле аз гулҳои чаман

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД