– Ҷ –
ҶАББОР а. جبار 1. соҳиби тавоноӣ ва қудрат («ФЗТ»); мусаллат, қоҳир, қодир («Амид», «ФНЭ»); марди баландқомат ва қавӣ («Муъин», «Мунтаҳо», «Нозим», «Онандроҷ», «Деҳхудо»);
Қавме бошавкат, ҷаббор буданд ва аксари рӯи заминро бигрифтанд. («Маҷмаъ-ул-ансоб»)
2. бисёр ҷабр ва зулмкунанда, золим («ФЗТ»);
Подшоҳи бузург ва ҷаббор бар чокаре хашм гирифтӣ, ӯ он чокарро лат задӣ ва фурӯ гирифтӣ. («Таърихи Байҳақӣ»)
3. подшоҳ («Деҳхудо»); шоҳ, амир;
4. дур аз офат ва комгор;
5. ниг. Абдулҷаббор.
ҶАБРАИЛ а. جبریل фариштаи муваккали Худо, ки ба пайғамбарон паёми илоҳӣ меорад, Суруш; ном аст барои мардон.
ҶАВШАН جوشن зиреҳ, навъе аз либоси оҳанин барои ҷанговарон.
ҶАВОД - جواد сахӣ, саховатманд, ҷавонмард
ҶАЛИЛ а. جلیل 1. бузург, азим; боазамат («ФЗТ», «ФНЭ», «Мунтахаб»); бузургвор («Фарҳехта», «Дурҷ»); муҳтарам («Амид»); бузургқадр («Мунтаҳо»); он ки қадру мартабаи вай баланд бошад («Нозим», «Деҳхудо»);
2. бошукӯҳ («Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин»);
3. озмудаи куҳансол («ФНЭ»); калонсол («Деҳхудо»);
4. озмудакор, таҷрибадор, соҳиби таҷриба;
5. ниг. Абдулҷалил.
ҶАЛОЛ а. جلال 1. бузургӣ, азамат, шукӯҳ («ФЗТ», «Муъин», «Фарҳехта», «Дурҷ»); бузургворӣ («Амид»); иззат («Амид», «Фарҳехта», «Дурҷ»); ҷоҳ («Ф.Ҷомӣ»); сарафрозӣ, қудрат, шавкат («ФНЭ», «Мунтахаб», «Деҳхудо»); калонӣ, рутба, мартаба.
2. пуриқтидор, қавӣ, зӯр («Ф.Ҷомӣ»); қувват, қудрат; ниг. Абдулҷалол.
ҶАЛОЛУДДИН а. جلال الدین 1. мӯҷиби азамати оин («ФНЭ»);
2. Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, маъруф ба Мавлавӣ, шоири номдор ва бузурги қарни ҳафтуми ҳ.қ. («ФНЭ»).
ҶАМИЛ а. جمیل 1. зебо, хушрӯй, соҳиби ҳусн, ҳасан;
2. мақбул, писанд, писандида, дилкаш;
3. соф, афиф, пок, орӣ аз нопокӣ, тоза, беғаш;
4. ниг. Абдуҷамил.
ҶАМОЛ а. جمال 1. хушрӯӣ, зебоӣ, ҳусн («ФЗТ»); зебо будан, некӯсурат ва сират будан, хушсуратӣ («Фарҳехта», «Дурҷ», «Муъин»); ҳусни сурат, хубӣ, хушгилӣ («Амид»); хуб шудан ва хубии сурат ва сират («Мунтахаб»); хубсурат ва нексират гардидан («Мунтаҳо»); некӯӣ («Муҳаззаб-ул-асмо»); авранг, («Деҳхудо»);
2. рӯй, чеҳра; дидор («Ф.Ҷомӣ»);
3. ниг. Абдулҷамол.
ҶАМОЛУДДИН а. جمال الدین зебоии оин; ном барои мардон.
ҶАМШЕД جمشید 1. дурахшон ва рӯшан («ФЗТ»);
2. номи писари Таҳмурас ва севумин подшоҳи пешдодӣ дар «Шоҳнома»
ҶАСУР - جسور далер, шуҷоъ, нотарс, пурдил
ҶАҲОН جهان олам, дунё, гетӣ («ФЗТ», «Амид», «Ф.Шоҳнома»); олам аз замин ва карроти осмонӣ («Деҳхудо», «Фарҳехта», «Дурҷ»); он чи таҳти кураи қамар аст; кураи замин («Фарҳехта»); замин («Муъин» 357).
ҶАҲОНГИР جهانگیر 1. гирандаи ҷаҳон, подшоҳе, ки кишварҳои бузург бигирад («Амид»); тасхиркунандаи ҷаҳон, кишваркушо, фотеҳ («Ф.Ҷомӣ»); фатҳкунандаи дунё, ҷаҳонгушо («Деҳхудо»);
2. касе, ки шуҳраташ ба тамоми нуқоти ҷаҳон бирасад («Амид»).