Соли 1991 як оила аз Швейтсария барои номгузории ғайриодии фарзанд 5000 крон (тақрибан 700 доллари ИМА) ҷарима карда шуд.
Ин оила писари худро «Brfxxccxxmnpcccclllmmnprxvclmnckssqlbb11116» ном гузошта буд. Судя ба ин ном розӣ нашуда, ба волидони навзод гузоштани номи дигарро пешниҳод кард. Волидони «ихтироъкор» номи фарзандашонро ихтисор карда, ба ӯ «А» ном монданд. Судя боз рад намуд. Ин дафъа волидон ба хулосае омаданд, ки ба фарзандашон исми Албинро гузоранд.