Ному насаби 160 000 шаҳрвандони Тоҷикистон ба феҳристи шахсони назоратшаванда дар Русия ворид шудааст. Дар ин бора дирӯз, 13-уми июл муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шариф Норзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Мавсуф зикр намуд, ки аз шумораи умумии шахсони номашон ба ин феҳрист афтода 25 000 нафарашон ноболиғоне ҳастанд, ки бо падару модар ва дигар аъзои оилаашон ба Русия сафар кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки Феҳристи шахсони назоратшаванда дар Русия аз моҳи феврали соли 2025 вуҷуд дошта, ба ин рӯйхат номи шаҳрвандони хориҷие ворид карда мешавад, ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд.