Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои шиносоӣ ва оғози муносибатҳои нав рӯзи хуб аст. Дар муҳити хона оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Дар кор ё тиҷорат имкониятҳои нав пайдо шуда, нуфузи шумо метавонад бештар гардад. Пеш аз ҳар қарор хуб андеша кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз дӯстдоштаатон ба кумаку дастгирии шумо ниёз дорад. Барои истироҳат бо аҳли оила ва наздикон вақти мусоид аст. Агар нақшаи сафар дошта бошед, метавонед онро амалӣ созед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз қиморбозӣ худдорӣ намоед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ба ҳисси ботинии худ бовар кунед, он шуморо фиреб намедиҳад. Барои ҳал кардани масъалаҳои рӯзгор ва корҳои хонагӣ давраи муносиб фаро расидааст. Хабарҳои хуш мешунавед ва имкониятҳои нави пешрафти касбӣ пайдо мешаванд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ҷаззобияти шумо зиёд мешавад, аммо серталабӣ метавонад ба муносибатҳо таъсири манфӣ расонад. Дар муошират бо наздикон эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Дар кор беҳтараш аз баҳсу исботи мавқеи худ худдорӣ кунед ва ба иҷрои вазифаҳо диққат диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар масъалаҳои ишқӣ интизориҳои зиёд накунед, эҳтимоли ноумедӣ вуҷуд дорад. Қувва ва нерӯи худро ба кор ва ҳадафҳои муҳим равона созед. Агар устуворона амал кунед, ба натиҷаҳои хуб мерасед. Аз асабоният ва ташвишҳои зиёд дурӣ ҷӯед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз вохӯрии ғайричашмдошт метавонад эҳсосоти навро дар дили шумо бедор кунад. Барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ хароҷоти нолозимро кам кунед. Дар кор ва тиҷорат имкони нишон додани қобилиятҳои роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ пайдо мешавад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар муносибат бо атрофиён эҳтимоли баҳсу нофаҳмиҳо зиёд аст. Кӯшиш кунед эҳсосоти худро идора намоед ва ба ҳар сухан вокуниши шадид нишон надиҳед. Дар муҳити корӣ аз муноқиша бо роҳбарият ё ҳамкорон худдорӣ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи мусоид барои муносибатҳои ошиқона ва оилавӣ аст. Агар муҷаррад бошед, шиносоии ҷолиб имконпазир аст. Дар хона фазои оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Аз харидҳои хатарнок худдорӣ кунед. Барои рафъи хастагӣ бештар истироҳат намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Пеш аз қабули ҳар пешниҳод ҳама паҳлуҳои онро бодиққат баррасӣ кунед. Дар оила эҳтимоли баҳс ё нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин худро идора намоед. Аз стресс ва одамони манфӣ дурӣ ҷӯед. Оромиву мувозинати рӯҳӣ имрӯз барои шумо бисёр муҳим мебошад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Шумо нисбат ба худ аз ҳад зиёд сахтгир ҳастед, ин метавонад оромии шуморо халалдор кунад. Қарори яке аз наздикон метавонад боиси нигаронӣ гардад, аммо пеш аз хулоса баровардан хуб андеша кунед. Барои оғози корҳои нав рӯзи хуб аст.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз барои харид ва омодагӣ ба мулоқотҳои муҳим рӯзи муносиб аст. Кӯшиш кунед мушкилоти кориро ба муҳити хона наоред. Рӯзи шумо бештар бо корҳои муқаррарӣ мегузарад. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз васвасаҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб зиёд мешаванд, аммо пеш аз қабули қарор оқибатҳои онро хуб андеша кунед. Барои амалӣ шудани орзуву нақшаҳои шумо имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Дар кор ё фаъолияти иҷтимоӣ пешрафт эҳтимол дорад.