Commerce bank may-june 2026
7 футболбози муваффақи тоҷик
77

Солҳои охир футболбозони мо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд. Бо дарназардошти ин, мо тасмим гирифтем дар бораи чанде аз футболбозони маъруф ва муваффақи тоҷик маълумоти мухтасар пешниҳод намоем.

Эҳсони Панҷшанбе

Ин бозигари муваффақи тоҷик 12-уми майи соли 1999 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Ӯ фаъолияти касбии худро аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе оғоз карда, солҳои 2016-2020 дар ин тим ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 2020-2022 ба тими «Навбаҳор»-и Ӯзбекистон гузашта, ду мавсим дар ин тим бозӣ кардааст. Эҳсон моҳи июли соли 2022 аз дастаи «Навбаҳор»-и Ӯзбекистон ба тими «Зуб Оҳан»-и Эрон пайваст. Айни ҳол ӯ ин дастаро тарк кардааст. Вай дар тими «Зуб Оҳан» гаронарзиштарин ва ягона легионер ба ҳисоб мерафт. 9-уми феврали соли 2023 ба дастаи «Истиқлол» баргашт. Аввали соли 2025 ба дастаи «Соғдиёна»-и Ӯзбекистон гузашта, дар нимсолаи аввали мавсим 14 бозӣ анҷом дод ва дар Суперлигаи Ӯзбекистон 1 гол зад. 28-уми июли соли 2025 боз ба «Истиқлол» баргашт ва то охири сол шартнома имзо кард.

Манучеҳр Ҷалилов

Манучеҳр Ҷалилов яке аз беҳтарин ва муваффақтарин бозигарони футболи тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ 27-уми сентябри соли 1990 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро дар ҳайати ҷавонони «Локомотив»-и шаҳри Маскав оғоз кардааст. Баъдан ду сол дар бошгоҳи «Локомотив-2» ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамзамон дар дастаҳои «Нефтехимик», «Горняк»-и Русия ва «Шривиҷая»-и Индонезия чанд муддат бозӣ кардааст. Манучеҳр қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон буда, дар солҳои 2015 ва 2016 бо касби 22 гол ба унвони нишонзани беҳтарин даст ёфтааст.

Манучеҳр Сафаров

Манучеҳр Сафаров низ дар қатори беҳтарин футболбозони кишвар қарор дорад. Ӯ 31-уми майи соли 2001 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ боз кард. Манучеҳр дар дастаҳои футболи «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир» ва «Истиқлол» бозӣ кардааст. Мавсуф 7-уми ноябри соли 2021 дастаи «Истиқлол»-ро тарк карда, бо бошгоҳи эронии «Персеполис» то 30-юми июни соли 2024 шартнома баст. Дере нагузашта, 20-уми июли соли 2022 бошгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд эълон кард, ки бо Манучеҳр Сафаров шартнома ба имзо расонидааст. Манучеҳр дар раддабандии AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) дар соли 2021 «Беҳтарин муҳофизи тарафи рост» эълон шуда буд.

Шаҳром Самиев

Бозигари шинохтаи дигар, ки ҳаводорони зиёд дорад, Шаҳром Самиев мебошад. Ӯ 8-уми феврали соли 2001 таваллуд ёфтааст. Шаҳром дар давраҳои гуногун дар ҳайати дастаҳои «Барқчӣ»-Душанбе, «Данғара»-Данғара ва «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ кардааст. Номбурда ҳамзамон дар бошгоҳҳои «Динамо-Авто»-и Молдова, «Торпедо-БелАЗ» ва «Ислоч»-и Беларус ҳунарнамоӣ намудааст. Инчунин бо дастаи премйер-лигаи Русия - «Рубин»-и Қазон қарордод баста, дар ҳайати ҷавонони ин даста бозӣ кардааст. Шаҳром Самиев дар тими мунтахаби Тоҷикистон низ ҳунарнамоӣ мекунад.

Нуриддин Давронов

Нуриддин Давронов аз зумраи беҳтарин футболбозони тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ 16-уми январи соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунармандон Аҳмадбек Давронов ва Ширинмоҳ Ниҳолова таваллуд шудааст. Нуриддин дар мактаби футболи клуби "Минск" таҳсил карда, аз соли 2006 то 2007 дар ҳайати дастаи ҷавонони «Энергетик»-и Тоҷикистон ва солҳо 2007-2009 дар тими ҷавонони «Локомотив»-и Маскав бозӣ кардааст. Инчунин дар солҳои гуногун дар бошгоҳи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Слобода»-и Сербистон, «Дунав»-и Булғористон, «Мадура Юнайтед» ва «Борнео»-и Индонезия, «Оман клуб»-и Уммон, «Муҳаммедан»-и Ҳиндустон ва дар тими «Реал Кашмир»-и Ҳиндустон ҳунарнамоӣ кардааст.

Фатҳулло Фатҳуллоев

Фатҳулло Фатҳуллоев замоне ба дили мухлисон роҳ ёфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Куриёи Ҷанубӣ бар тими ИМА ғолиб омад. Он замон Фатҳулло низ дар ҳамин даста шомил буд. Ин бозигари маъруф 24-уми марти соли 1990 таваллуд шудааст. Ӯ фаъолияти варзишияшро аз соли 2007 дар тими «Динамо»-и Душанбе оғоз кардааст. Фатҳулло солҳо дар дастаи «Истиқлол» бозӣ карда, дар чанд мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзидааст. Ӯ соли 2012 Ҷоми президенти АФК-ро ба даст овард. Ҳамчунин солҳои 2019-2020 дар ҳайати тими «Бухоро»-и Бухоро (Ӯзбекистон) бозӣ кардааст. Фатҳуллоев аз моҳи марти соли 2020 дар ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд фаъолияти варзишӣ дорад. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо, Фатҳулло Фатҳуллоев ҳоло дар ҳайати дастаи “Вахш”-и Бохтар бозӣ мекунад. Тибқи маълумоти охирин, ӯ моҳи январи соли 2025 дар ин клуб фаъолият дорад.

Аҳтам Назаров

Бозигари пурталошу ботаҷриба Аҳтам Назаров 29-уми сентябри соли 1992 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аҳтам дар солҳои гуногун дар тими «Энергетик» ва «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ кардааст. Ин бозигари маъруф ҳамзамон дар бошгоҳи «Башундхара Кингз»-и Бангладеш ва «Андиҷон»-и Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардааст. Айни ҳол ӯ узви тими мунтахаби Тоҷикистон буда, дар суперлигаи Ӯзбекистон, дар бошгоҳи «Андиҷон» фаъолият бурдааст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД