Commerce bank may-june 2026
Бӯйи хиёнат (ҚИСМИ 3)
112

Ниқоби фитода

Ориф Назар каме нӯшида буд ва ба ронандааш гуфт, ки “зери бино мунтазири супориш бишин, агар гашта биёям, хона мебарӣ, агар шаб монам, зангат мезанам, рафтан гир”.

Рӯзҳои аввали ба хонаи нав кӯчиданаш Нозанин як калиди хонаашро ба Анӯша дода буд ва Ориф онро гирифта барои худаш калид сохта буд. Писараш умуман ба зиндагии падару модараш дахолат намекард, аммо Анӯша бисёр мехост то волидонаш ба ҳам оянд.

Ориф Назар аз зинаҳо боло шуда, пеши дари хонаи шинос расид, ин бори дувум буд, ки мард ин ҷо меомад. Бори аввал вақте омада буд, ки Нозанин сахт бемор шуда буд ва Анӯша аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро ба хабаргирии модараш бубарад. Ҳатто аз пушти дар бӯйи сабуки сигор ба димоғ мерасид. Ориф худ ба худ гуфт:

- Шароб нӯшиданашро медонистам, аммо сигорӣ шуда бошад?

Мард дарро кушод ва вориди хона шуд, ҳавои хона вазнин, олуда бо бӯйи сигору шаробу равғану мева. Ӯ чароғи даҳлезро фурӯзон карда, ба ошхона гузашт. Марде дар нармкурсии кунҷи миз нишаста, сигор дуд медод. Ӯ хеле ҷавон, тахминан ҳамсину соли писарашон буд. Хун ба сари Ориф Назар заду пиёлаеро бардошта, сӯйи ӯ ҳаво дод. Ҳамин вақт аз ҳаммом Нозанин баромад ва ӯро дида, аз ҳайрат шах шуд.
Ориф Назар ба рӯйи аз зарби уколҳои ҷавонкунанда шахшуда ва чашмони берӯҳи ӯ туф карда, аз хона берун шуд ва баъди ҳамин дигар рӯйи ин палидро надид. Баъдҳо мешунид, ки ӯ бо мардҳои аз худаш ҷавон, ҳамсину соли писараш муносибат дорад, вале худро ношунида меангошт. Ба хотири надидани рӯйи ҳароми ин кӯрнамак, ҳатто ба суд нарафт, онҳо расмӣ ҷудо шуданд, дар шоҳидии фарзандонаш талоқашро низ дод ва зани нав гирифт.

Ҳамсараш аз Ориф понздаҳ сол хурд буд ва хеле оқилаву дурандеш. Ӯ дили шикаставу пора-пора аз хиёнати ҳамсари дӯстдоштааш хунгаштаи мардро бо меҳру муҳаббату дӯстдорӣ малҳам шуд. Муносибаташ бо фарзандону набераҳои ӯ дар сатҳи олӣ буд. Худованд ба онҳо як писараки зебо ҳам ҳадя намуд. Ориф дар заиндагӣ аз чизе камбудӣ надошт, аммо Нозанин…

Подоши амал

Нозанин бахт надид, пир шуду бозораш ҳам касод шуд, аммо ӯ одаме набуд, ки ба ин тан диҳад. Дар ин миён духтарашон бебахт шуд. Ориф гумон дошт, ки бадбахтии Анӯшаи нозанин модарашро ба таҳаммул водор мекунад, аммо не...

Нозанин дар ба дари табибҳои косметолог мегашту аз пайи барқарор кардани ҷавонии рафтааш буд. Аз дасти бисёр кашидани пӯсти рӯяш гарданаш ба пӯстлохи дарахт монанд шуда буд, дар рӯяш нури илоҳӣ набуд. Акнун ӯ ҳар куҷо худро зани Ориф Назар мегуфт ва аз фамилияи машҳури ҳамсараш истифода мебурд. Касоне, ки аз таърихи зиндагии ӯ огоҳ буданд, аз бало ҳазар гӯён, аз пеши роҳаш мегурехтанд. Ин зан акнун ба каждуме шабоҳат дошт, ки ҳар касе аз пешаш барояд, неш мезад, ҳама дӯстонаш аз рӯйи ин одаташ ӯро зуд ё дер тарк мекарданд. Акнун кампираки пучала, ки ба анори шарбаташ фишурдае монандӣ дошт, ба ҷавонон пул дода, бо онҳо дӯстӣ мекард. Нишастҳои ҳангомадор бо мардонро дӯст медошт ва яке аз чунин нишастҳо сарашро хӯрд.

Вақтҳои охир дилаш бемор буд ва духтурон ба ӯ нӯшидани алкаголу кашидани сигорро манъ карданд, аммо дар нишасти охирин хатти қирмизиро убур карда, дар ҳолати вазнин ба беморхона афтод…

Ориф Назар аз мошинаш фаромада, гиребони палтояшро бардошт, зеро барф чапу рӯ мезад. Чун вориди бинои беморхона гашт, ӯро бо эҳтиром пешвоз гирифтанду гуфтанд, ки ҳамсаратон аз олам гузашт. Ориф Назар пичиррос зад:

- Ҳамсари собиқам, модари фарзандонам, мо даҳ сол боз бо ҳам зиндагӣ надорем, ҳатто аз ин ҳам зиёд…

- Ман медонам,- гуфт духтури шиносаш ва илова кард,- Анӯша занг зада гуфтааст, ки модарамро наҷот диҳед, инҳо барои ҳамин…

Ориф Назар ба палатае даромад, ки ҷасади Нозанин он ҷо буд. Рӯяшро боз кард, чеҳрааш каб-кабуд ва аз бинӣ ва кунҷи лабаш хун мешорид, хуни сиёҳи ғафс. Аз ҷасад бӯйи бади тамоку, шароб ва равғану боз ким-чиҳои дигар меомад, ҳамон бӯйе, ки даҳ сол қабл, шаб, дар хонаи Нозанин ба димоғаш зада буд. Шояд бӯйи хиёнат…

Мард бо нафрат рӯйи ҷасадро пӯшонд ва зери лаб гуфт:

- Хас каму ҷаҳон пок!

Нозанинро ба хок супориданд, болои сараш танҳо Анӯша гиря мекард ва паст-паст чизе мегуфт, ки касе намефаҳмид…

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД