Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии рӯйиобӣ ва зериобӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як нафар ҷинси мардро дарёфт кардаанд.
- Дарёфти ҷасад аз ҷойи ҳодисаи нохуш, ки бар асари садамаи нақлиётӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳи дигарон ба дарё сарозер шудааст, тақрибан 20 километр поёнтар дарёфт карда шуд ва шояд ба ҳодиса марбут бошад. Айни ҳол сохторҳои дахлдор барои муайян намудани шахсият тадбирҳо меандешанд,- меафзояд манбаъ.
Манбаъ ёдовар мешавад, ки “бо мақсади гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйии рӯйиобӣ ва зериобӣ тамоми тадбирҳо амалӣ карда мешаванд ва техникаву таҷҳизот истифода бурда шуда истодааст. Бо мақсади дарёфти ҷасадҳое, ки дар пайи ҳодисаи нохуш ба дарё сарозер гардидаанд, дар ин минтақа беш аз 200 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раёсати Кумита дар ВМКБ, минтақаи Кӯлоб, Раёсати таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯйии рӯйиобӣ ва зериобиро анҷом дода истодаанд. Корҳои ҷустуҷӯйӣ дар мавзеи ҳодиса идома дошта, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад”.