Шоми 20-уми июни соли 2026 Амфитеатри шаҳри Душанбе ба макони яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ табдил ёфт. Ситораи маъруфи эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов, ки солҳои охир дар дохил ва хориҷи кишвар аз пуртамошобинтарин сарояндагони тоҷик ба ҳисоб меравад, барномаи калони консертии худро бо садои зинда пешкаши мухлисон намуд.
Пайванди наслҳо
То оғози консерт садҳо нафар мухлисон дар атрофи Амфитеатр ҷамъ омада буданд. Бисёре аз онҳо бо аҳли оила ҳозир шуданд. Дар байни тамошобинон ҷавонон, намояндагони насли калонсол ва ҳатто кӯдакон дида мешуданд. Яъне эҷодиёти Ҷонибек Муродов тавонист намояндагони чанд наслро дар як толор муттаҳид намояд. Дар тавсифи расмии консерт низ таъкид шуда буд, ки эҷодиёти ӯ мавзӯъҳои муҳаббат, оила, Ватан ва арзишҳои миллиро дар бар гирифта, барои наслҳои гуногун ҷолиб аст.
Бороне, ки монеи мухлисон нашуд
20 июн, аз субҳ ҳавои пойтахт офтобӣ буд. Вале пас аз нисфирӯзӣ якбора абри ғавс осмони пойтахтро пӯшонид ва баъди соати 16 борони бошиддат оғоз шуд. Ин борон қариб то соати 18 идома кард. Вале ҳавои номусоид натавонист ҷараёни барномаро халалдор созад. Баръакс, мухлисони Ҷонибек ба ҳар роҳу васила худро ба консерт расониданд.
Ҷонибек ҳам аз оғози консерт дар шабакаҳои иҷтимоӣ мустақим навор пахш карда гуфт: “Баъди борону сел ман хаёл кардам, ки меоям дар зал касе намешавад, вале шукри худо, мухлисони ман беҳтарин ҳастанд” ва толори пуродами амфитеатрро нишон медиҳад.
Яке аз мухлисоне, ки дар ин барнома ҳузур дошт гуфтааст: «Борон мехост нақшаҳои ин шомро тағйир диҳад, аммо муҳаббати тамошобинон ба мусиқӣ қавитар баромад».
Табрики Нуриаллоҳ
Яке аз меҳмонони вежаи шом Нуриаллоҳ – писари аршади Ҷонибек буд. Нуриаллоҳ, ки солҳои охир дар саҳифаҳои иҷтимоии падараш пайваста пайдо мешавад ва аллакай ба чеҳраи шинохта барои ҳаводорони оилаи Муродовҳо табдил ёфтааст, дар саҳна ҳамроҳи падараш истиқбол гардид.
Тамошобинон махсусан аз он истиқбол карданд, ки Нуриаллоҳ ду рӯз пеш аз консерти падараш дар Тошканд дар муҳориба бо рақиби ӯзбекаш ғалаба бас даст овард. Нуриаллоҳ размкори маъруф буда, аллакай дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ширкат мекунад.
Нуриаллоҳ барномаи ҳунариро ба падараш табрик гуфта ба мухлисони падар низ миннатдорӣ баён кард, ки дар ин рӯзи боронӣ омаданд: “Ман мебудам намеомадам” – гуфт ӯ. Ҳамчунин, дар ин барномаи консертӣ духтари Ҷонибек Муродов низ ба саҳна баромад. Ҷонибек суруди машҳури “Зулиҷон”-ро, ки ба духтараш бахшидааст, пешкаши мухлисон кард ва ба духтараш дуо дод: “Илоҳо ҳама якҷоя дар тӯяш иштирок кунем”.
Дар саҳна устод Ҷӯрабек Мурдов
Лаҳзаи хотирмони ин консерт ҳузури устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов буд. Устод барномаи ҳунарии писари ҳунармандашро табрик гуфта, барои мухлисони Ҷонибек суруд ҳам сароид. Мухлисони Ҷонибек, ҳатто ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоро бо ширкати устоди ҳунар нашр карданд.
Шояд муҳимтарин хусусияти барномаи мазкур маҳз ҳамин буд, ки се насли хонаводаи Мурдовҳо, ки барои муаррифии Тоҷикистон хизмат мекунанд, дар як саҳна ба ҳам омада буданд.
Вокуниши мухлисон
Пас аз анҷоми барнома даҳҳо навор ва аксҳо дар Instagram, Facebook ва TikTok нашр гардиданд. Корбарон бештар аз фазои гарми консерт, иҷрои зинда ва муносибати самимии сароянда бо мухлисон ситоиш карданд.
Дар бисёре аз шарҳҳо чунин андеша такрор мешавад: «Консерт мисли як ҷашни оилавӣ буд». Маҳз ҳамин ҳисси наздикӣ ва самимият, ба гуфтаи мухлисон, яке аз омилҳои асосии муваффақияти барнома гардид. Ҳамин тавр, консерти Ҷонибек Муродов дар Амфитеатри Душанбе як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ буд.
Вориси шоистаи падар
Ҷонибек Муродов яке аз маъруфтарин сарояндагони мусиқии эстрадӣ ва мардумии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ 29 майи соли 1986 ба дунё омада, фарзанди Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, устод Ҷӯрабек Муродов мебошад.
Ҷонибек таҳсилоти миёнаро дар мактаби «Сонмин»-и шаҳри Хуҷанд гирифтааст. Баъдан дар Академияи муосири гуманитарии шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забоншинос-арабшинос таҳсил кардааст.
Фаъолияти ҳунарии ӯ аз овони наврасӣ оғоз ёфтааст. Солҳои 1998-2005 узви гурӯҳи мусиқии «Боло» буд. Сипас солҳои 2006-2007 дар гурӯҳи «Вазир» фаъолият кард. Аз соли 2007 ба фаъолияти мустақили эҷодӣ пардохта, ҳамчун сарояндаи инфиродӣ ба саҳнаи ҳунар ворид шуд.
Дар муддати кӯтоҳ Ҷонибек Муродов ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи мусиқии тоҷик табдил ёфт. Ӯ барандаи ҷоизаҳои «Суруди сол» дар солҳои 2005, 2006 ва 2007 гардида, соли 2008 соҳиби ҷоизаи «Ситораи сол» шудааст.
Дар эҷодиёти Ҷонибек омезиши мусиқии муосири эстрадӣ бо анъанаҳои классикии тоҷикӣ ба назар мерасад. Ӯ сурудҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва дигар забонҳо иҷро намуда, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон консертҳо баргузор кардааст. Ҳамкориҳои эҷодии ӯ бо сарояндагони маъруфи минтақа, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Юлдуз Турдиева, Сардор Раҳимхон ва дигарон боиси маъруфияти бештари ӯ гардидааст.
Бисёре аз ҳаводорон Ҷонибек Муродовро ҳамчун идомадиҳандаи мактаби ҳунарии падари машҳури худ устод Ҷӯрабек Муродов мешиносанд. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонистааст сабки хоси худро шакл диҳад ва миёни насли ҷавони шунавандагон ҷойгоҳи махсус пайдо намояд. Имрӯз Ҷонибек Муродов яке аз чеҳраҳои шинохта ва маҳбуби фарҳанги муосири Тоҷикистон буда, консертҳои ӯ ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар бо истиқболи гарми тамошобинон баргузор мешаванд.
БАХТОВАР