Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз рафтори шахси наздик метавонад шуморо ранҷонад ё аз ҷониби ӯ даъвоҳои беасос шунавед. Кина ба дил нагиред, беҳтараш ҳама чизро оромона муҳокима кунед. Агар муддати дароз бо ҳам зиндагӣ мекунед, вақти он расидааст, ки ба муносибатҳои худ таровати тоза бахшед. Барои анҷом додани корҳои дар нақша буда нерӯи худро байни хона ва кор дуруст тақсим намоед. Ба касе қарз надиҳед ва дар бораи даромади худ зиёд ҳарф назанед. Аз баҳсу ҷанҷол дурӣ ҷӯед ва ба саломатии худ беэътиноӣ накунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар ҳаёти ошиқонаатон ҳам лаҳзаҳои шавқовар ва ҳам муносибатҳои ҷиддитар имконпазиранд. Агар хоҳед, ки муносибати нав идома ёбад, ба дигар ҳаводорон умеди бардурӯғ надиҳед. Имрӯз суҳбати муҳим ва самимӣ дар пеш аст, аз суханони озордиҳанда худдорӣ кунед. Эҳтимол бо нафаре вохӯред, ки солҳои пеш бо ӯ ҳамкорӣ доштед. Аз гирифтани қарз ва харидҳои калон худдорӣ намоед. Имрӯз иммунитет каме суст мешавад, бинобар ин бештар истироҳат кунед. Маҳc низ барои шумо фоидаовар хоҳад буд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар зиндагии ошиқонаи шумо воқеаҳои ҷолиб зиёд мешаванд. Барои дӯстдошта ва ҳаёти шахсӣ вақти бештар ҷудо кунед. Эҳтимол яке аз наздикон барои маслиҳат ё дастгирӣ муроҷиат кунад. Рӯзи тағйироти ҷиддӣ фаро мерасад. Ҳатто агар ҷойи кори пешинаро аз даст диҳед, дертар одамоне пайдо мешаванд, ки метавонанд шарики тиҷоратии шумо гарданд. Истеъдоди худро пинҳон накунед. Хастагии рӯҳӣ эҳтимол дорад, бинобар ин ба истироҳат ва хоб диққати бештар диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шумо хоҳиши тағйирот хоҳед дошт ва омодаед роҳи навро интихоб кунед. Ба садои қалбатон гӯш диҳед ва ба он эътимод кунед. Рӯз барои суҳбатҳои самимӣ ва мустаҳкам кардани эътимод бо наздикон хеле мувофиқ аст. Дар кор вазифаи ғайриоддӣ ба шумо супорида мешавад, ки тамоми диққат ва нерӯятонро талаб мекунад. Таҷрибаи гирифташуда барои пешрафти касбӣ бисёр муфид хоҳад буд. Даромади пулиятон устувор мемонад. Агар бемории кӯҳна худро нишон диҳад, онро нодида нагиред.
Асад (23 июл-23 август)
Агар ба наздикӣ ҷудоӣ ё хотимаи муносибате рух диҳад, онро фоҷиа қабул накунед, махсусан агар он муносибат нав оғоз шуда бошад. Агар дӯстӣ ё муҳаббати пешинаро барқарор кардан хоҳед, фурсатро аз даст надиҳед. Имрӯз қобилияти хуб гӯш кардан ба шумо бисёр кумак мекунад. Дар кор вазифаи муҳим ва масъулиятнок ба зиммаатон гузошта мешавад. Баъзе хароҷоти ғайричашмдошт низ пеш меоянд. Агар ба маблағ ниёз пайдо кунед, аз наздикон кумак пурсидан беҳтар аз гирифтани қарзи бонкӣ аст. Каме ишқбозӣ имконпазир аст, вале аз ҳад нагузаронед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз бояд ҷиддан андеша кунед, ки дар оянда кадом роҳро интихоб кардан мехоҳед. Ин бештар ба ҳаёти шахсӣ ва муносибатҳои ошиқона дахл дорад. Фикр кунед, ки ҳамсари орзуҳои худро чӣ гуна тасаввур мекунед. Ба наздикон меҳру гармии бештар бахшед ва барои онҳо фазои шод эҷод кунед. Дар кор ҳама чиз хуб пеш меравад, аммо эҳтимол баъзе ҳамкорон ба шумо ҳасад баранд. Ба онҳо аҳамияти зиёд надиҳед. Барои бисёре аз намояндагони ин бурҷ кӯчидан ба манзили нав муваффақ хоҳад буд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар бо мушкиле рӯ ба рӯ шавед, аз дархости кумак аз наздикон шарм надоред. Онҳо омодаанд дар лаҳзаҳои душвор шуморо дастгирӣ кунанд. Вохӯрӣ бо шиносҳои дерина низ эҳтимол дорад. Муносибат бо аҳли оила ва дӯстдошта беҳтар мешавад ва дар ҳаёти ошиқона ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мегардад. Ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳои молиявӣ хеле бодиққат бошед, ҳатто иштибоҳи хурд метавонад мушкил эҷод кунад. Барои харид ба мағоза наравед, вагарна харидҳои беандеша мекунед. Ҳангоми кор эҳтиёткор бошед, зеро хатари ҷароҳат ва сӯхтан зиёд аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар муносибатҳои ошиқона аз ҳад зиёд фишор наоред ва фазои шахсии дӯстдоштаатонро эҳтиром кунед. Муҳаббат ба эътимод ниёз дорад. Рӯз барои истироҳат бо дӯстон ва сафарҳои кӯтоҳ хеле мусоид аст. Кӯшиш кунед диққати худро ба воқеаҳои хуб равона созед ва дар бораи мушкилиҳо камтар фикр кунед. Фикрҳои мусбат метавонанд рӯйдодҳои хубро ба зиндагии шумо ҷалб намоянд. Ҳарчанд вақтҳои охир маблағи зиёд сарф кардаед, ҳоло гирифтани қарз тавсия намешавад. Вазъи рӯҳӣ метавонад ноустувор шавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар танҳо бошед, каме сабру устуворӣ нишон диҳед, то шахси писандида ба шумо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунад. Айни замон нерӯи шумо каме заиф аст, аз ин рӯ аз баҳсу муноқиша дурӣ ҷӯед. Сирре, ки пинҳон доштаед, метавонад ошкор шавад, бинобар ин барои ҳифзи обрӯи худ оқилона амал кунед. Дар корҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ давраи мусоид оғоз меёбад. Фикрҳои манфиро аз худ дур кунед, онҳо метавонанд ба ҳолати рӯҳии шумо таъсири бад расонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар муносибатҳои шахсӣ ба ҳамсар ё дӯстдоштаатон озодии бештар диҳед. Ҳеҷ кас маҳдудиятҳои аз ҳад зиёдро дӯст намедорад. Аз навгониҳо натарсед ва барои ҳалли масъалаҳо усулҳои навро истифода баред. Имрӯз эҳтимол ашёе пайдо шавад, ки муддати дароз гум шуда буд. Ба ҳисси ботинии худ диққат диҳед, он шуморо роҳнамоӣ мекунад. Шиносоиҳои ҷолиб дар пешанд, ҳарчанд аксари онҳо хусусияти корӣ хоҳанд дошт. Мушкилоти молиявӣ тадриҷан паси сар мешаванд ва имкони пардохти қарзҳо пайдо мегардад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Ба зудӣ шахси ҷолибе дар ҳаёти шумо пайдо мешавад, ки нисбат ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ин муносибат метавонад гарм ва дарозмуддат гардад. Бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон самимона суҳбат кунед ва эҳсосоти худро пинҳон насозед. Дар касбу кор тағйироти ҷиддӣ дар назар нест ва қисми зиёди вақти шумо бо корҳои муқаррарӣ мегузарад. Масъалаҳои молиявӣ низ ташвиши зиёд намеоранд. Аммо асабҳои худро эҳтиёт кунед. Стресс ва фишори равонӣ метавонанд ба саломатӣ таъсири манфӣ расонанд.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Рӯзи пур аз воқеаҳои ҷолиб ва тағйироти хурди ошиқона хоҳад буд. Ҷозиба ва дилрабоии шумо бештар мегардад ва таваҷҷуҳи атрофиёнро ба худ ҷалб мекунед. Бо вуҷуди ин, эҳсоси хастагӣ ва асабоният низ эҳтимол дорад. Кӯшиш кунед ба ташвишҳо дода нашавед ва қарорҳои шитобкорона қабул накунед. Суҳбати муҳим бо шахсе дар пеш аст, ки ба вазъи зиндагии шумо таъсири зиёд дорад. Бодиққат, хушмуомила ва чақцон бошед. Имрӯз метавонед баъзе монеаҳоро паси сар карда, ба ҳадафҳои худ наздиктар шавед. Ба саломатӣ диққати бештар диҳед ва аз машқҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.