«Модар мурад, падар пияндар мешавад» гуфтани мардум ҳақиқат доштааст-да. Чӣ хел дилат шуд, духтари ягонаатро ба ин ҳол расонӣ? Ту чӣ хел мардӣ, ки духтарро чунин бераҳмона лату кӯб мекунӣ?
Фаромӯш накун, ки Сабринаро зани ту калон накардааст. Ӯро модари ман калон кардааст. Ман худам ӯро нигохубин кардаам. Занат, ки духтар кард, чӣ қадаре, ки дилат мехоҳад, зан….» Ин девонагии Акбар, ки писари орому ботамкин буд, асабонияти падарро бештар намуд. Аз ҷой бархосту бо ситеза ва дашному ҳақорат ҷониби Акбар шитофт. Мехост шаллоқе ба рӯяш занад, вале Акбар ҷавони болиғ шуда буду дигар зӯри падар ба ӯ намерасид. Ҳамзамон чунон ба хашм омада буд, ки мехост зани падарашро тикаю пора кунад. Аммо писари ботарбия, ки буд, дуои падарро фикр карду бо азоб ғазабашро фурӯ нишонд. ..
Нафрати падар
Падари бераҳму бешафқат ба хотири ҳамсараш шуда, фарзандонро ситам медод. Акбар ҳам баъди он воқеа дар назари падар бад шуда буд. Фақат бо писари хурдиаш, ки ба касеву чизе кор надошт, каму беш машварат мекард. Сабринаю Акбар барояш вуҷуд надоштанд. Ҳар сухан ё дастуре, ки модарандар медод, барои падар қонун буд. Ӯ бо Сабрина, ки гӯё дар хона оромиши ҳамсарашро аз даст гирифта буд, сари дастархон наменишаст. Сабрина аз хурдӣ шаҳди муҳаббати падарро хеле кам чашида буд, вале баъди модар мехост ба падар такя кунад. Мехост ҳамрозу ҳамнозаш падар бошад. Аммо қисмат кайҳо чашми падарро кӯр карда буду қалбашро ба пораи санг табдил дода буд. На гиряи духтарашро медид, на маъюсии аз ҳад зиёди ӯ нороҳаташ мекард. Ҳатто аз он, ки духтарашро мурдавор лату кӯб карда буд, боре эҳсоси пушаймонӣ накард. Акбарро ҳам ба хотири ҳимояи Сабрина бадбинӣ мекард, вагарна ӯро чунон дӯст медошт, ки тамоми кору борашро бо машварати Акбар дар миён мегузошт. Як соат набудани ӯро дар хона таҳаммул намекард, вале ҳоло то нимашаб назди мағозаи деҳа мешинаду падар боре намепурсад, ки чаро ба хона дер меоӣ?
Баъди хатми муассиса тағою холаҳояш хостанд, Акбарро зан диҳанд. Ба пиндори онҳо шояд келин ба Сабрина писанд меояду ҳамрозе ёфта, ғубори дилаш камтар мешавад. Аммо зиндагӣ барои Сабрина сония ба сония дилгиркунандатар мешуд. Моиндар ба келин ҳам иҷозати сари дегу хамир рафтан намедоду дар назди шавҳар ба тайёрхӯрӣ онҳоро мутаҳҳам мекард. Келин ҳам тоқати идомаи чунин зиндагии пурдаъворо надошт, вале ба хотири хубии шавҳар ва зориҳои қайсингили ранҷдида, сабру таҳаммулро пеша мекард. «Худованд Ҳазрати Юсуфи Набиро аз қаҳри чоҳ ба авҷи шоҳӣ расонид, наход умре моро ғуломи ҳалқабаргӯши ин зани шаттоҳ қарор диҳад. Дунё ба умед аст, шояд рӯзе мо низ аз ин кулбори ноумедиҳо раҳо мешавем…» -гӯён, ҳамсари оқилаву дурандеши Акбар Сабринаро тасаллӣ медод…
Табдили хурсандӣ ба мотам
Хостгорҳои Сабринаи хушқомату зебопайкар пушти дари хонаро ба қавли занҳои маҳалла охурча карда буданд. Бадии кор дар он буд, ки падари сангдил «Ман ба ин духтар кор надорам» гӯён, ҳамаро ҷавоб медод. Акбар аз ин муомилаи бади падар хашмгину дилтанг шуда, холаи калониашро ба кумак даъват намуд. Хуллас, хешу таборон маслиҳат намуда, Сабринаро бо Анис ном ҷавони хушқомат, ки дар ҳамсоядеҳа зиндагӣ мекард, фотиҳа карданд. Ҳар қадар рӯзи туй наздик мешуд, ҳамон андоза ғаму андуҳ вуҷуди Сабринаро ба дард меовард. «Чаро падари ман ба ин зан ин қадар вобаста шуд? Чаро ӯ ба ман умуман эътибор намедиҳад? Наход падар ба хотири зан шуда, ба фарзандаш ин қадар нафрат бандад? Тӯйи ман чӣ хел мегузашта бошад? Метарсам, ки дар рӯзи тӯй бо баҳонае дашному ҳақоратро пеш гираду ҳамаро хароб кунад. Худоё, худат кумак намо… »
Давом дорад