arzon replenishment
Найрангҳои ошиқи “гунг” (ҚИСМИ 3)
23.06.2024
САМИРА
1499

Дуздӣ ба хотири ишқ

Пас аз додани пулҳо Ҳотам ба ман зиёдтар меҳрубон шуду дар паёмакҳояш худашро сад бор барои ман мекушт. Рӯзе вай навишт:

-Азизакам, як ташкилоти байналмилалӣ панҷ ҳазор доллари дигар ёрдам дод, агар ҳамин хел рафтан гирад, оқибат ман ба табобат мераваму ба назди ту булбули гўё шуда бармегардам ва туро маликаи хонаамон хоҳам сохт…

Пас аз як рўзи ин гуфтугў ман шоҳиди сўҳбати падару бародаронам шудам, бародари калониям аз дигарҳо хоҳиш кард то пули доштаашонро биёранд. Дар маркази ноҳия заминеро ба фурўш гузоштаанд, онро харида, маркази саводое месозем, ки асосан маҳсулоти гӯштию ширӣ мефурўшанд. Дар се рўз бародаронам пули доштаашонро ҷамъ карда, ба дасти бародари калониям доданд. Бародарам онро ба падарам дод, ки то рўзи савдо нигоҳ дорад. Ман ҷойи пул пинҳоникунии падарамро медонистам, даруни сандуқчаи чўбини кўҳнаи аз бобоям мерос монда буд… Ҳамаи бародаронам ҷудо зиндагӣ мекарданд, дар ҳавлии падарӣ ману волидонам ва аҳли оилаи бародари хурдиям мезистем. Ман ҳавлиро хилват ёфта, зери нармкурсии ҷойи хоби падару модарамро дидам, сандуқча дар махмали сабзе печонида шуда, дар ҷояш буд. Падарам сандуқчаро ҳеҷ гоҳ қуфл намекард. Ман онро ба осонӣ кушода дидам, ки дарунаш бастаҳои доллар мехобанд. Дар ҳолате, ки дилам мисли мурғи нимбисмил дар сина тап-тап мезад, пулҳоро ба халтаи селофание андохта, сандуқчаро ба ҷояш гузоштаму ба хонаи хоби худам гузаштам. Саддоллариҳоро ҳисоб карда, дидам, ки чилупанҷ ҳазор доллари амрикоӣ… Ҳамон замон ба Ҳотам паёмак фиристодам, ки мошине киро карда, фардо то соати даҳ дар назди хонаи ман бош, ман чизи гуфтагиятро ёфтам… Рўзи дигар дарс нарафта, дар хонаам Ҳотамро мунтазир нишастам. Ба Шарафнисо гуфтам, ки Ҳотам барои табобат ба Олмон мераваду барои хайрухуш кардан ба наздам меояд, бояд ўро бинам. Ҳотам соатҳои нўҳ расида омад ва мо то соатҳои дувоздаҳ ҳамоғўшу душ ба душ хайру хуш кардем. Ҳотам пойҳои маро мебўсиду изҳори миннатдорӣ мекард ва бо забони худаш ба ман мефаҳмонд, ки насиб бошад, баъди табобат ёфтанаш давоми як сол пули маро бармегардонад, ҳарчанд зану модари фарзандонаш ҳам шавам…

Қотили падар

Пас аз се рўзи ин воқеа Ҳотам навишт, ки имшаб ба Маскав ва аз Маскав ба Олмон мепарад ва шояд якчанд рўз бо ман дар тамос буда натавонад. Ман хастаю ғамин ба хона багаштаму рўйи ҳавлиямон мошини Ёрии таъҷилӣ ва одамони бисёрро дида, дар таҳлука афтодам… Фишори хуни падарам баланд шуда, ба сактаи мағзи сар гирифтор шудаанду табибон бо марг даст ба гиребон буданд, талоши онҳо бефоида буду падарам бегоҳи ҳамон рўз ҷон ба ҷонофарин супорида, шодихонаи моро ба ғамхона табдил дод. Қиссаи дуздӣ ва бемории Ҳотамро фаромўш карда, дар марги падарам хун мегиристам. Баъди додани ҳафти падарам бародари калонам ҳамаи аҳли оиларо як ҷо ҷамъ карда гуфт:

- Шумо медонед, ки мо барои харидани замин ва сохтмони маркази савдо ҳама пулҳои худро ҷамъ карда будем. Чилупанҷ ҳазор доллари дар дасти падарам буда гум шуд ва сабаби марги он кас ҳам ҳамин аст чун ману Баротбой (бародари дуввумам) хостем пулро бурда, ба ҷойи даркорӣ супорем, падарам сандуқчаро холӣ ёфта, як уф гуфтанду якпаҳлў ғалтиданд. Мо ин гапро овоза накардем, зеро намехоҳам мардум гўянд, ки Тӯрахон-чўпони номдор барои пул шуда, талхакаф шуд. Шумо ҳам медонед, барои падарам пулу мол арзиш надошт, вале ў аз алами он хун ба сараш зад, ки хиёнат шояд аз фарзандонаш бошад. Аз ин рў, аввал ман ба хонаи ҳалолам ва Қуръони маҷид қасам мехўрам, баъд шумоён… Ҳамин тавр, ҳама бародару янгаҳо, ҳатто модарам қасам хўрданд, ки дузд нестанд. Аммо касе аз мани дузду гунаҳгор гумонбар ҳам набуду маро қасам ҳам надоданд, дили ман кўзаи зардоб гашта буд, аз Ҳотам низ хабаре набуд…

Мурдаи берун аз гўр

Пас аз додани чили падарам ба бародари калониям гуфтам, ки “акаҷон, хонаи маро фурўшеду коратонро буд кунед”. Акааам маро ба оғўш кашида гуфт:

-Самираҷон, мо аллакай заминро харидему ба сохтмон оғоз кардем, аммо андешаи пулҳои гумшуда ҳеҷ маро тарк намекунанд, метарсам мисли падарам як рўз хун ба сарам мезанаду ин дунёи пурмакрро тарк мекунам…

Бо ғаму андўҳ ду моҳро сипарӣ кардам, аммо ба хотири ишқи Ҳотам қотили азизтарин шахс -падарам шудан ҳам, меҳри ўро аз дилам кам накарда буд. Мехостам ҳарчӣ зудтар ў шифо ёфта баргардаду мо хонадор шуда, ин даҳшатро чун хоби кобусе аз ёд барам вале…

Аз ин ҳодиса се моҳ гузашту телефони Ҳотам ҳамоно хомўш буд, ҳар рўз занг мезадам… Як рўз занг задам, ки садо рафт, аз он тараф овози қавии мардона “алло” мегуфт. Ман аз хурсандиии гўё шудани Ҳотам бо овози баланд гуфтам:

-Ҳотамҷон, Ҳотам…,-аммо аз он тарафи гўшӣ садо омад,- Хоҳарҷон, Шумо хато кардед, ман Ҳотам не…

-О чанд бор гўям… Ҳотам, шўхӣ накун…

-Хоҳари азиз, ман барои шӯхӣ кардан вақт надорам, ин симкортро як ҳафта боз харидаму дар бало мондам. Як кас Рустам мепурсад, дигаре Ҳотам, дигарӣ Сўҳроб… Худо медонад, ин рақам пештар аз кадом қаллоб будааст…

-Ин рақам аз як ҷавони гунг буд,- гуфтам ба зӯр андешаҳоямро ҷамъ карда…

-Хоҳарҷон, як духтари дигар мегўяд, ки соҳиби пешинаи симкорт бемории саратон доштаасту ба табобат ба хориҷа рафта буд, дигарӣ мегўяд, ки ў бемории табобатнашаванди ҷигар дошт…

Дигар намедонистам чӣ гўям, вале мард аз он тараф дилсўзона гуфт:

-Хоҳари акаш, ман ба ширкати мобилӣ ҳам занг задам то бифаҳмам, ин мизоҷи даҳномаашон пештар кӣ буд, вале аниқ карда натавонистам…

Ман дар ҳолати шок қарор доштаму мурдаи берун аз гўрро мемондам…

Дар ҷустуҷўи ишқи гумшуда

Пас аз ин воқеа ду-се маротиба бо ҳар баҳона ҳамроҳи Шарафнисо ба пойтахт омадаму то бегоҳ дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ, сехҳои қаннодӣ Ҳотамро кофтам. Шарафнисоро аз ин ҷустуҷўйҳои ман қаҳраш омада мегуфт:

-Мурад ҳамон гунги кўрнамак, аз баҳраш гузар, сад ҷавони солим ба тори мўят зору…

Ман хомўшу бесадо ба мардуми атроф нигариста, чеҳраи шиносро мекофтам ва дар дил мегуфтам, ки “эҳ дугона, агар ту донӣ, ки дугонаат ба хотири гунгаш чӣ қурбонии хунине кардааст, аз вай рўй мегардонӣ…”.

Хулоса, гўё ошиқи гунги ман сўзан буду зери пойи одамон гум шуд, ман ба хотири бадном нашудан намехоҳам сурати ўро ба милиса диҳам… Чанд рўз пас сари соли падарамро медиҳему маро низ акаҳоям ба шавҳар медиҳанд, зеро хостгории яке аз хонаводаҳои машҳури ноҳияро қабул карданд. Мани палиду дузд ба модарам дурўғ гуфтам, ки зару зевари маро низ ҳамон рўзи наҳс дуздиданд. Модарам шубҳаомез ба ман нигариста, тамоми зару зевари доштаашро бароварда, ба ман дод…

Падарамро гоҳ-гоҳе хоб мебинам, ғамгину малул асту ба рўям наменигарад, сари гўраш рафта, пинҳон аз дигарон ашк мерезаму омурзиш талаб мекунам. Акнун каме ба худ омадаам ва дарк мекунам, ки Ҳотам на гунг буду на бемор, ў қаллобе буд, ки аз содагии ман истифода намуд…

Самираи фиребхўрда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД