Formula novemver 2024
Найрангҳои хонадомод (ҚИСМИ 2)
1536

Дар ҳақиқат ҷони инсон сахт будааст ва агар Худо худаш нахоҳад, ягон дарду ғаму мушкилӣ одамро намекуштааст. Синни кампири Озода ба 95 расиду дигар мадори кор кардану аз пушти зиндагӣ давиданаш намонд. Сари Шаҳло низ сафед шуду ҳеҷ ақлаш надаромад.

Акнун хонаи момаи Озодаро ҷудо карданд. Ӯ дар ягона амборе, ки аз дасти мӯйсафедаш мерос монда, фаршаш аз гил буд, дур аз чашм зиндагӣ мекард. Касе аз аҳволаш боре хабар намегирифт. Баъзан келинҳои Шаҳло омада, ӯро ба хонаашон мебурданду як ё ду рӯз нигоҳубин мекарданд. Келинҳо бо якдигар баҳс карда, мегуфтанд, ки “ман дафъаи гузашта кампирро овардам, акнун навбати фалонӣ”. Дар натиҷа ҳамаашон қаҳр карда мерафтанду модар дар кунҷи кулбаи гилину намнок танҳо мемонд. Ӯ рӯзу шабҳоро бо тоату ибодат бегоҳ мекарду ҳеҷ гоҳ лаб ба шиква намекушод.

Фариштаи наҷот

Дар ин рӯзҳои вазнин ягона дастёру мададгораш келини ҳамсоя буд, ки ҳар рӯз омада, модарро се вақт бо хӯроки гарм таъмин мекарду сару либосашро мешуст. Момаи Озода дастони ин духтаракро ба дидагонаш молида, мебӯсиду мегуфт:

- Духтаракам, бар падару модарат раҳмат, илоҳо дар ҳамин дастакони нозуку хушрӯят хока гирӣ, зар гардад.

Кампири Озода ба ҳамин минвол ба синни сад даромад. Дар рӯзи садсолагиаш ҳамаи ҳамсояҳо хӯрокҳои гуногун пухта, ба табрикаш омаданд. Аниқтараш, ҳамон келинчаки ҳамсоя, Малоҳат онҳоро даъват кард, вале духтари кампир бо аҳли оилааш худашонро дур гирифтанд. Ҳатто ҳамон рӯз онҳо дар хона набуданд. Бегоҳирӯзӣ ҳолати кампир бад шуд. Малоҳат хӯрок оварду аҳволи кампирро дида, аввал саросема шуд, баъд худро ба даст гирифта, ба сари болинаш омад. Кампир базӯр чашмашро кушода, гуфт:

- Наздиктар биё, духтарам, дастатро ба ман бидеҳ.

Малоҳат хоҳиши ҳамсоязанро, ки барояш хеле азиз гашта буд, ба ҷо овард. Холаи Озода дастони келинчакро бӯсида, гарданбанди тиллоиеро ба дасташ дода, гуфт:

- Бигир духтарам, ин гарданбанд аз ман ба ту ёдгорӣ, раҳматии шавҳарам дар шаби никоҳ туҳфа карда буд, акнун дар лаҳзаҳои вопасини ҳаёт он дигар ба ман лозим нест, ба назди худаш меравам.

Малоҳат ҳарчанд гарданбандро қабул накарда, “ба холаи Шаҳло диҳед” гуфт, вале кампир онро ба кафи дасташ гузошта, гуфт:

- Акнун наздиктар биёву рӯймоли сарамро дарронда, бо дасти чапат фукамро сахт дору манаҳамро банд.

Малоҳат дарҳол гуфтаҳои кампирро иҷро карданӣ буд, ки ҳамин дам Шаҳло аз дар даромада омаду гуфт:

- Ээээ аҷаб духтари содда будаӣ, беҳуда ин корро накун, ин ҷалоҷинкампир то сари маро нахӯрад, намемурад...

Кампир дар лаҳзаи вопасин базӯр сухани охиринашро гуфт:

- Ҳайфи умри дарози беҳудаву бебаракатам, лаънат ба ман бо ҳамин фарзанди калон кардаам.

Кампир ин суханро гуфта, аз дунёи бевафо чашм пӯшид. Малоҳат гарданбандро ба бағали Шаҳло партофту гирёну нолон, мӯйканону рӯйканон аз амбори куҳна берун шуд.

Сафиаллоҳ ҚУРБОН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД