Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 100% иҷро шудааст. Дар ин бора шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.
Дар рӯзи аввали даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан вилояти Хатлон ва баъзе ноҳияҳои минтақаи Рашт аз иҷрои нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабар дода буданд. Вилояти Суғд низ ба иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати аскарӣ наздик шудааст.
Солҳои охир барои ҷалби ихтиёриён ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ хеле фаъолона бурда шуда, роҳҳои гуногуни ҳавасмандсозӣ, аз қабили кумак дар гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ истифода карда мешаванд.