Sebiston new 2024 october
«Нан» -ва «Нестоген» бехтар ё шири модар?
31.03.2022
Mahina
1124

 Фарзанди аввалинамро ба дунё оварда, якбора бо мушкилоте рӯ ба рӯ гаштам, ки саргарангам кардааст. Ширам худ аз худ гум шудаасту тифлакам аз гуруснагӣ мудом мегиряд. Таҷриба, ки надорам, чӣ кор карданамро намедонам. Ба кӯдакам шири сунъӣ диҳам?

Нигина, ш.Душанбе

Барои ба саволи Нигина ва дигар модарони ҷавон ҷавоб гирифтан мо ба табиби Маркази солимии репродуктивии ҷумҳурӣ Мунира Раҷабова муроҷиат намудем ва инак, сӯҳбати судманди табибро пешкашатон мегардонем.

-Имрӯз аксари модарони ҷавон дар бораи аҳамияти шири модар чизеро намедонанд. Албатта кӯдакро бо шири сунъӣ ҳам калон карда мешавад, вале магар он ҷойи шири модарро мегирад?

 -Шири модар барои кӯдакон дар моҳҳои аввали ҳаёт ғизои беҳтарин аст, чунки аз рӯи таркиб ва таносуби моддаҳои ғизоӣ ба хусусияти узвҳои ҳозимаю мубодилаи моддаҳо дар вуҷуди тифлакони навзод дар давраи инкишофашон мувофиқат мекунад. Синаи зан 2-3 рӯзи аввали баъди таваллуд фалла ҳосил мекунад. Фалла дар таркибаш сафеда, намак ва чарби зиёд дорад, ҳамчунин аз аминокислотаю витаминҳое бой аст, ки кӯдакро аз бемориҳои сироятии шадиди роҳи нафас ва касалиҳои меъдаю рӯда эмин медорад. Дар фалла ҳамчунин подтанҳо (моддаҳое, ки кӯдакро аз бемориҳои гуногун эмин медоранд) фаровонанд, бинобар ин, кӯдаконро ҳатман бояд сина маконд.

-Бархе аз бонувон ба хотири вайрон накардани «фигура» ва зебо мондан ба тифлаконашон шири сунъӣ медиҳанд. Ин рафтор дуруст аст?

- Беҳуда нагуфтаанд:

Шири модар шираи ҷони ман аст.

Дар тамоми дард дармони ман аст.

Шири модар сарчашмаи ҳаёти кӯдак ба шумор меравад. Роҳи беҳтарини ҳифзи саломатии атфол бо шири модар парвариш карданашон аст ва инро илм исбот намудааст. Кӯдаконе, ки шири сунъӣ мехӯранд (хусусан агар шир дар шароити бади гигиенӣ тайёр карда шавад, зуд-зуд ба бемориҳои узвҳои нафас, меъдаву рӯда ва аллергия гирифтор мешаванд. Омехтаҳои ширӣ баъзан боиси фарбеҳшавии аз андоза зиёди кӯдакон низ мегардад. Барои ҳар модар солимии фарзандаш аз ҳама ганҷи олам қимматтар аст, бинобар ин, фикри зебогии андомро накарда, кӯдакро бояд бо ғизои атокардаи худованд-шири сина тарбият намуд.

-Мегӯянд, ки модараш ягон ғизои нофорам хӯрад, кӯдак бемор мешавад. Ин гуфтаҳо асос доранд?

-Дар ҳақиқат моддаҳое, ки ба организми модар дохил мешаванд, ба шир низ мегузаранд, бинобар ин, занҳои тифли ширмак дошта бояд ба таркиби ғизои мехӯрдаашон аҳамият диҳанд.

-Синамконӣ ба зан-модар ҳам ягон фоида дорад?

-Парвариши тифл бо шири пистон саломатии занонро ҳимоя мекунад ва модаронро аз касалиҳои камхунӣ, хунравии баъди таваллуд, ҳамли номатлуб, саратони сина ва тухмдонҳо, дарди устухон эмин медорад. Ман ҳамчун момодоя ба занҳои ҷавон маслиҳат медиҳам, ки дар шаш моҳи авали ҳаёташон ба тифлакон ширӣ сунъи надиҳанд. Кӯдакро модар дар ин давра ҳатман бояд маконад, чунки ягон ғизои дигар ҷойи шири модарро намегирад.

-Бархе аз модарони ҷавон бо сабаби душвориҳои молиявӣ тифлакони навзодашонро ба дояҳо монда ба кор мебароянд. Ин магар ба саломатии кӯдак таъсир намекунад?

-Модару кӯдак ҳамеша якҷоя бошанд, меҳру муҳаббаташон албатта зиёд мешавад ва тифл солимтар ба воя мерасад. Ҷудоии модар аз кӯдаки ширхор оқибати хуб надорад. Кӯдак инҷиқ мешавад ва дар натиҷа ба ҳар хел бемориҳо гирифтор шуда метавонад.

-Бисёр модарон барои ором кардани тифлаконашон эрмизак медиҳанд…?

-Ман ба модарон маслиҳат медиҳам, ки агар кӯдаконашонро дӯст доранд, ҳеҷ гоҳ ба эрмизак одат накунонанд.

-Чаро?

-Эрмизак сарчашмаи касалиҳои сироятӣ гашта метавонад. Эрмизак аз даҳони кӯдак меафтаду модари саросема онро аз замин бардошта ба даҳони худ мебарад ва бо ҳамин гӯё тоза карда ба даҳони тифлаш мемонад. Дар асл бошад, чандин микробҳои бемориовар ҳамроҳи эрмизак ба даҳони тифл медарояд ва ин боиси бемор шудани тифлак мегардад. Эрмизак ба ғайр аз ин, боз чандин зарарҳои дигар низ дорад, лаби тифлро калон мекунад, сохти даҳонро безеб мегардонад…

- Барои маслиҳатҳои судмандатон як ҷаҳон ташаккур!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД