Sebiston new 2024 october
НАБЕРАИ КОВАИ ОҲАНГАР АЗ ИСТАРАВШАН
1975

Оҳангарӣ яке аз қадимтарин ҳунарҳои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад ва зодагони Истаравшани бостонӣ то имрӯз ин пешаи ниёгонамонро идома дода меоянд. Маҳсули дасти оҳангарони ин куҳаншаҳр шӯҳрати беандза ва харидорони зиёде дорад...

Аслан Истаравшан шаҳри ҳунар ва ҳунармандон аст. Аксари кӯчаву гузарҳои ин шаҳри қадима ба номи ягон навъи ҳунар номгузорӣ шудааст, аз ҷумла Шонатарошон, Мехчагарон, Косибон, Читгарон, Осиёдурусткунон, Карнайчиҳо Оҳангарон, Кордгарон ва ғайра. Қаҳрамони мо Шерзод Муҳсинов зодаи гузари Кордгарони шаҳри Истаравшан буда, 35-сол дорад ва ба ҷавониаш нигоҳ накарда, аллакай тамоми нозукиҳои касби оҳангариву кордгариро аз худ намудааст. Ба қавли худи усто: "Барои омӯхтани ҳунар синну сол не, балки сабру таҳаммул ва шавқу рағбат лозим аст."

Шерзод Муҳсинов дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст. Ҳафт пушти ӯ насл ба насл оҳангар буда, аз тамоми нозукиҳои ин касби пуршараф огоҳанд. Шерзодро бе муҳобо метавон “Набераи Коваи оҳангар” номид, чунки меҳру муҳаббати пешаи оҳангарӣ бо шири модар дар рагу пайванди ин ҷавони ҳунардӯст маъво гирифта, ӯро ошиқи шайдои ин пешаи заҳматталаб ва пурифтихор гардонидааст.

-Касби оҳангарӣ аз бобову бобокалонҳоямон ба мо мерос мондааст ва ман ҳаргиз наметавонам тарки ин пеша намоям, вале аксари ҷавононе, ки ба тозагӣ ба омӯхтани ин касб шурӯъ мекунанд, ба душвориҳои оҳангарӣ тоб наоварда, дар нимароҳ онро тарк менамоянд. Сабабаш дар он аст, ки пешаи оҳангарӣ заҳмати зиёдеро металабад.

Шерзод дастёри беминнати деҳқонон аст. Устоди гулдаст барои осон намудани кори марди деҳқон бо маҳорати баланд белу каланд, досу лос (асбоби махсуси пӯсти дарахт тозакунак), панҷшоха, кувалд, пахолкашак, шохин, ҷоду (алафмайдакунак) гулмех, табару теша ва дигар асбобҳои барои хоҷагии қишлоқ заруриро месозад.

Ин ҷавонмарди панҷ панҷааш ҳунар натанҳо деҳқонони Истаравшан, балки кишоварзони Истаравшану Конибодом ва Хуҷанду Душанберо низ бо асбобҳои зарурӣ таъмин менамояд.

Шерзод дар баробари машғул шудан бо касби оҳангарӣ ҳамчунин ба сохтани кордҳои гуногун камари ҳиммат бастааст. Кордҳои сохтаи ин ҷавони боистеъдод ба воситаи сайёҳон то ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Амрико, Фаронса, Олмон, Чин ва Ҳиндустон расидаанд.

Тавре ки худи қаҳрамонамон нақл кард, то оғози пандемия дар Истаравшан шумораи сайёҳон хеле зиёд буд. Аксари сайёҳон кордҳои Истаравшанро ҳамчун армуғон ба ватани хеш мебурданд. Имрӯзҳо, ки дар равуо маҳдудият ҳаст, талабот ҳам ба ин навъи ҳунар кам шудааст".

Дар Истаравшан ба хотири поянда нигоҳ доштани ҳунари оҳангарӣ аз оғози соли 2001 калонтарин растаи ҳунармандон, ки бо номи “Растаи оҳангарон” маъруф аст, фаъолият мекунад. Ин раста оҳангаронро дар як ҷо муттаҳид намудааст ва барои омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар ба онҳо ёрӣ мерасонад. Шерзод Муҳсинов имрӯзҳо паҳлӯи оҳангарони маъруфи шаҳр истода кору фаъолият менамояд. Мо ба ин ҷавонмарди панҷ панҷааш ҳунар барору комёбӣ мехоҳем.

                                                                 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД