Маҳбусони бразилӣ метавонанд бо мутолиаи китоб муҳлати ҷазои худро кам кунанд. Қонуни дахлдор, тавре ки Diario comercio industria & servicios хабар медиҳад, дар рӯзномаи расмии давлатии Diario Oficial da Uniao нашр шудааст.
Барои ҳар як китоби мутолиашуда муҳлати ҷазои маҳбусон чор рӯз кам мешавад ва дар як сол то 12 китоб ҳисоб карда мешавад. Ҳамин тариқ, маҳбусон метавонанд ҳар сол 48 рӯз ҷазои худро кам кунанд.
Маҳбусон метавонанд аз китобхонаи маҳбас дар байни адабиёти бадеӣ, фалсафа ва асарҳои илмӣ китобҳо интихоб кунанд. Барои хондани як асар ба онҳо аз 21 то 30 рӯз муҳлат дода мешавад. Пас аз мутолиа маҳбусон бояд иншо нависанд, ки онро коршиносоне, ки дар маҳбасҳо кор мекунанд, арзёбӣ мекунанд. Агар ҷинояткор дар плагиат ё қаллобӣ дастгир шавад, ӯ аз ҳақи ширкат дар ин барнома маҳрум мешавад.
Дар зиндонҳо низ семинарҳои хониш баргузор мешаванд.