Як ҳафта мешавад, ки парешонам, андешаҳоям куҷоҳое, ки намераванд. Агар гӯям хурсандам, дурӯғ мешавад, зеро дар дилам як заррае хурсандиро эҳсос намекунам, сарам вазнину гӯшҳоям ғуввос мезананд, аз гардиши қисмат ва аз сабақи навбатии Худои бузург ҳайронам…
Ман дар хонаводаи зиёӣ, дар як ноҳияи наздисарҳадӣ ба воя расидаам. Падарам як умр директори мактаби деҳаамон буданду мо чор нафар духтару чор нафар писарашонро дар рӯҳияи донишпарвариву меҳнатдӯстӣ калон кардаанд. Модарам дар мактаб китобдор шуда, кор мекарданд ва ҳама китобҳои тозанашрро ба хона оварда, моро маҷбур мекарданд, ки вақтҳои холигӣ мутолиа кунем. Самараи тарбияи хуби волидайнамон буд, ки ҳамаамон бо дониши худ ба донишгоҳҳо дохил шудем. Ман духтари кенҷагӣ ва каме эркаи волидайн ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудам. Ҳарчанд падару модарам фарзандонашонро маҷбур хонадор намекарданду ҳаққи интихоб дар дасти мо буд, ягонтои мо бо ишқу ошиқӣ хонадор нашудем. Ҳоло фикр мекунам, ки пайи кору таҳсил ҳатто вақти ошиқшавию вохӯрӣ надоштем. Аммо ман дар ин байн истисно шудам.
Ишқи бачаи деҳотӣ
Ҳамроҳи ман дар донишгоҳ як ҷавони ниҳоят зебо аз ноҳияамон таҳсил мекард. Расо, аз деҳаи дигар буд, вале падараш мисли падари ман омӯзгор буду дар ноҳияи хурдакаки мо ҳама якдигариро хуб мешинохтанд. Ману Расо аз рӯзҳои аввал дӯст шудему оҳиста-оҳиста ба ҳамдигар дил бастем. Ҳафт сол як ҷо хонда, ҳамдигаррро омӯхта, пас аз хатми донигоҳ хонадор шудему дар пойтахт мондем. Хусуру хушдоманам маро зиёд дӯст медоштанд, онҳо шаш писару чор духтар доштанд ва ҳамагӣ соҳиби ҷойи кори хубу маълумоти олӣ буданд. Барои ман келин шудан дар ин оилаи намунавӣ ифтихор буд. Хонадории мо ба солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, ки зиндагӣ каме душвор буд. Ба душвории зиндагиву норасоиҳо нигоҳ накарда, ҳамроҳи шавҳарам кор мекардем ва соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ низ шудем ва баъди ду соли тӯямон писаракамон Бахтиёрҷон ба дунё омад. Ман дар хона мешиштаму шавҳарам кор мекард, аммо ба ҳаққу ҳамсоя хизмати тиббӣ расонида, пул меёфтам. Писаракам дусола шуду ӯро ба боғчаи бачаҳо дода, ба кор баромадам, ҳамроҳи шавҳарам як ҷо кор мекардем. Шавҳарам як рафиқ дошт, ки ӯро аз бародарони худаш зиёдтар дӯст медошт, мо ҳамеша ба хонаи онҳо мерафтем, падару модари Бекмурод моро фарзанд хонда буданду мо низ Бекмуродро бародари қиёматӣ, вале ана ҳамин бародари қиёматӣ коре кард, ки…
Тӯҳмати бахтшикан
Ба беморхонаамон сардухтури нав омад, ки бисёр марди ҳимматбаланду бофарҳанг буд. Ӯ занонро ҷудогона эҳтиром мекард, ин ба Бекмурод намефорид ва ӯро ҳамеша занакбашараву ҳар гуна ғайбат мекард. Боре дар омади гап гуфтам, ки “сардухтур одами хуб, фарҳангиву соҳибмаърифат аст” ва дар бало мондам. Ба Бекмурод ин нафорид ё аз азал нақшаи кашидае дошт, ки маро ҳамеша пеши шавҳарам бад мекард. Оҳиста-оҳиста муносибати ману шавҳарам бад шуду ӯ маро бо сардухтур рашк мекардагӣ шуд, ман аз бало ҳазар гуфтагӣ барин, ба беморхонаи дигар ба кор гузаштам, вале ин ҳам барои Бекмурод кифоягӣ накард. Бечора сардухтур сабаби ба беморхонаи дигар гузаштани маро нафаҳмида, духтари ҳомиладорашро, ки гурдаҳояш иллат доштанд, барои табобат пеши ман фиристод. Як рӯзи дигар духтарашро худаш оварду ман онҳоро то пеши мошин гусел кардам, Бекмурод намедонам инро аз куҷо фаҳмида, ки ба Расо расонидааст. Расо маро зери мушту лагат кашид, ки “ҳа, ба ҷойи дигар ба кор гузаштӣ, ки пирхарат ба наздат бе монеа рафта биёяд?” гӯён дӯғ мезад. Он рӯзҳои шуморо ба хотир овардан намехоҳам, вале маҷбурам… Оқибат Бекмурод дар ҳаққи ман тӯҳмати гӯшношуниде карду шавҳарам маро бо писаракам аз хона ронд, ҳатто гуфт, ки шояд писарат низ ҳаромӣ бошад. Ман ба хонаи модарам баргаштам, падару модар ва бародаронам ба ман боварӣ доштанд, сардухтур, ки ба ман духтарам гӯён муроҷиат мекард, ҳатто аз ин қазия хабар надошт. Ду сол дар ноҳия кор кардам, хешу табори шавҳарам ҳама ҷо овоза карданд, ки маро шавҳарам бо марди дигар дошта, талоқамро додааст. Аммо ман сабрро пешаи худ карда, корамро идома медодам.
Давом дорад