Абдулвосид, соҳибкори ҷавони тоҷик, ки ба истеҳсоли маҳсулоти антисептикӣ машғул аст, дар бораи мушкилоти соҳибкорӣ ва роҳҳои расидан ба муваффақиятро гуфт.
Ӯ мегӯяд, ки дар тиҷорат пеш аз ҳама, маҳорат ва тавоноӣ дар ҷойи аввал меистад. “Агар дар шумо хоҳишу завқ набошад ва риск кардан нахоҳед, ҳатто дониши зиёд ҳам дошта бошед, кифоят намекунад ва пеш намеравед. Ҳар тоҷир бояд сарравал ба худ бовар ҳосил намояд, ки то кадом андоза ба ҳар гуна рискҳо омода аст. Ин қадами аввали шурӯи бизнес мебошад. Дар ман низ ҳамин критериҳо буданд. Ба бисёр мушкилот дучор омадам. Вақте ки вориди риск шудам, баъдан фаҳмидам, ки он ҷо чӣ гап аст. Тиҷорат пастию баландиҳои зиёд доштааст. Аз ҷумла мушкилот бо кадр, технолог, истеҳсолот, роҳ ёфтан ба бозор, рекламаи маҳсулот ва кор бо мақомот аз ин қабиланд”.
Ин соҳибкор чӣ тавр аз мушкилоти номбурда раҳо ёфт ва дар бозор муваффақ шуд, дар видеои зерин хоҳед фаҳмид. Ӯ ҳар чӣ гуфт, натиҷаи донишу таҷриба ва иштирок дар омӯзишҳои бизнес-устод Саидмурод Давлатов мебошад.