arzon replenishment
МУШКИЛОТИ БОНУВОНИ МУҲОҶИР ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО
1342
МУШКИЛОТИ БОНУВОНИ МУҲОҶИР ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО

Рӯз то рӯз душвортар гаштани зиндагӣ одамонро маҷбур месозад, ки ба хотири дарёфти ризқу рӯзии худ ва фарзандонашон тарки Ватан намоянд. Муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси Тоҷикистон ва ё кишвари дигар нест, имрӯз муҳоҷират ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфта, сар то сари оламро фаро гирифтааст.

Шумораи бештари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик маҳз Русия ва кишварҳои пасошӯравиро манбаи пайдо кардани ризқу рӯзии хеш мешуморанд. Хушбахтона ё бадбахтона, солҳои охир дар қатори ҷавонмардон теъдоде аз бонувони тоҷик низ рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардаанд...

Подкаст-барномаи навбатиамон ба мавзӯи “Мушкилоти бонувони муҳоҷир дар давраи пандемия ва роҳҳои ҳалли онҳо” бахшида шудааст.
Дар барнома намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова ва намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Нурулло Ғаффуриён иштирок намуда, доир ба мушкилоти занҳои муҳоҷир ва чораҳе, ки барои кӯмак ба ин бонувон андешида шудаанд, ибрози назар менамоянд.

Ҷавоҳир Акобирова мегӯяд, рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани зан набояд ҳамчун як падидаи номатлуб арзёбӣ гардад, чунки дар ҷомеаи муосир ҳуқуқи зану мард баробар буда, хонумҳо бештар барои амалӣ намудани ормонҳои худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Дар байни занони муҳоҷири тоҷик бонувони муваффақе ҳастанд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварҳои пешрафтаи олам дарс мегӯянд, дар Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ кор мекунанд. Теъдоди дигари занҳои муҳоҷир думболи шавҳар ва хонаводаи худ ба муҳҷират мераванд, аммо дар байни муҳоҷирон албатта модарони танҳое низ ҳастанд, ки ба хотири даёфти ризқу рӯзии фарзанднашн рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Нурулло Ғаффуриён бар он назар аст, ки сабаби асосии дар муҳоҷират бо мушкилоти гуногун рӯ рӯ ба рӯ гаштани бонувон надонистани забон, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи бозори меҳнат аст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шӯғли аҳолии Тоҷикистон дар пайвастагӣ бо Хадамоти муҳоҷират бари ҳалли мушкилоти муҳҷирон, хса занҳои муҳоҷир чораҳои мушаххас андешидааст. Бонувон имкон доранд, ки қабл аз сафар дар курсҳои таълими калонсолон касбу ҳунарҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯйро омӯзанд ва машварати ҳуқуқии ройгон гирифта, бо омодагии комил ба муҳоҷират бираванд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД