Ҷӯгидухтари фариштарӯй
Парвина 30-сол дорад, аммо аз синну солаш хеле ҷавонтар менамояд. Ин бонуи гандумгун бо чашмони шаҳлою миҷгонҳои дароз-дарози баргашта ва қаду қомати дилкашаш дарҳол таваҷҷӯҳи касро ҷалб месозад. Ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд ва аслан аз қавми лӯлитабор мебошад, аммо чунон тозаву озода ва покизаву дилкаш аст, ки ба духтари ҷӯгӣ буданаш бовар кардан душвор аст. Падараш ин дунёро кайҳо падруд гуфтааст ва Парвинаи соҳибҷамол дар хона ҳам мард асту ҳам зан, вай оиларо таъмин намуда, пайвандонашро мехӯронаду мепӯшонад. Сарнавишти ин лӯлидухтар хеле аҷиб ва ибратмӯз аст.
Ҳусни расо-дарди сар
Парвина аз бахти авввал наосуда бо як фарзанд ба хонаи волидонаш баргашт. Азбаски ниҳоят духтари зебо буд, аз рӯзҳои аввали зиндагӣ шавҳараш ӯро ба ҳар як сангу чӯби сари роҳ рашк бурда, зери мушту лагат мегирифт. Парвина кӯшиш мекард фаҳмонад, ки вай ҳаргиз ба шавҳараш хиёнат намуда, қадам ба роҳи бад гузоштанӣ нест, аммо ба гӯши ин марди бадрашк достони покиву иффат сурудан беҳуда буд. Билохира, косаи сабри ин арӯсаки паричеҳра аз рашки бемаънии шавҳар лабрез гашт ва аз баҳри чунин зиндагии пурдард гузашта, тамоми чизу чораашро ҷамъ карда, ба хонаи волидонаш баргашт.
Рафтам, ки рафтам...
Шавҳараш чанд маротиба барои баргардонидани ӯ омада бошад ҳам, Парвина узру маънии ӯро қабул накард, зеро хуб медонист, ки ба қавлу қасами ин мард бовар кардан худро фиреб додан асту халос. Ҳамин тавр, шавҳараш талоқашро дод ва онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Парвина он замон ҳомиладор буд ва аҳд кард, ки нангу номус карда, фарзандашро худаш бе падар ба воя мерасонад...
Номуси зан
Вақте писарчааш ба дунё омад, дар лабони Парвина табассум гул кард. Ӯ бо меҳру муҳаббати бепоён фарзандашро ба воя расонида, кӯшиш мекард, ки тамоми шароитро баҳри ҷигарбандаш муҳаё созад. Парвина одати бобоиро идома дода, баъзан ҳамроҳи дугонаҳояш ба талбандагӣ мебаромад, вале ӯ хуб медонист, ки бо ин роҳ расидан ба кӯйи мақсуд имкон надорад. Вай намехост дастнигари дигарон бошад, аз ҳамин хотир қарор дод, ки бо тиҷорат машғул шуда, минбаъд бо қувваи худаш зиндагиашро пеш мебарад.
Лӯлидухтар чӣ тавр бой шуд?
Парвина ба тиҷорати ороишоти заргарӣ шурӯъ кард ва ба зудӣ роҳу равиши корро ёд гирифт. Вай асосан бо хариду фурӯши ороишоти занонаю мардонаи нуқрагин машғул буд. Ҳамагон хуб медонанд, ки ҷавонмардони ҷӯгӣ дар сохтани ороишоти заргарӣ ҳамто надоранд, Парвина ба беҳтарин устоҳои заргари ҳамқавмаш намудҳои гуногуни ангуштарин, гӯшвора, даспона, гарданбанд ва дигар намудҳои роишоти заргариро супориш медод ва аз фурӯши ин маҳсулот фоидаи хуб ба даст меовард.
Ҳамин тавр, кораш хеле ривоҷ гирифт ва дар байни се-чор сол ин лӯлидухтари зебою кордон соҳиби пулу мол гашта, ба қавли худаш “ба қатори одамон” даромад. Акнун Парвина мошинсавор мегашт ва бисёриҳо ба зиндагии ин ҷӯгидухтари сарватманд ҳасад мебурданд...
Чаро бойдухтар гадоӣ мекунад?
Парвина зиндагии серу пур дошта бошад ҳам, анъанаи бобии худро идома дода, баъзан турба дар сари китф ҳамроҳи дугонаҳояш Қумрӣ ва Лайло дар ба дари мардум гашта, нони қоқ металбад. Рафтори ин лӯлидухтари нозанин касро ба ҳайрат меорад, зеро ӯ аслан ба чизе ниёз надорад. Вақте ки сабаби аз талбандагӣ даст накашиданашро пурсон шудем, Парвина табассум карда гуфт:
“Зиёданд одамоне, ки баъди бою бадавлат шудан аз гузаштаи худ шарм дошта, кӯшиш мекунанд, ки аслу насабашонро пинҳон доранд, вале ман аз духтари ҷӯгӣ буданам фахр мекунам. Ифтихор дорам, ки ба лӯлидухтар буданам нигоҳ накарда, тавонистам роҳи худро дар зиндагӣ пайдо намоям. Шукри худо, бо шарофати тиҷоратам соҳиби хонаву дар, пулу мол ва мошин гаштам. Ман ба чизе ниёз надорам, вале ба хотири эҳтироме, ки нисбати қавми худ дорам, ба даргардӣ меравам...”
Чашмони ҷодуи ин духтари лӯлӣ бо як нигоҳ ҷавононро асиру волаи хеш месозанд. Парвинаро натанҳо ҷавонони ҳамқавмаш, балки ҳатто чандин тоҷикбачаҳо низ талабгор шудаанд, вале ин паричеҳраи сабзина тамоми ошиқонро навмед аз пушти дараш гусел мекунад. Парвина мегӯяд:
“Ман як маротиба шаттаи зиндагиро хӯрдам, аз ҳамин сабаб барои дубора оиладор шудан шитоб намекунам. Метарсам, ки боз ҳамон хатоямро такрор карда, ба ягон марди бадрашк ё булҳавас расида, ҳаётамро бо дастони худам насӯзам. Барои ман айни замон чизи аз ҳама муҳим тарбияи фарзандам ва ривоҷ додани тиҷоратам мебошад.”
Аз сӯҳбати ҷӯгидухтар
Ба чашмони шаҳлои ин фариштаи сабзинарӯй нигариста мепурсам:
-Парвина боварӣ кас намеояд, ки шумо аз қавми лӯлиён бошед...
-Шояд боваратон наояд, вале ман дар ҳақиқат ҷӯгидухтар ҳастам.
-Шӯхӣ мекунед?
-Не, ҷиддӣ мегӯям, лӯлидухтар ҳастам охир...
-Бо чунин ҳусну ҷамол...
-Лӯлиҳоро ҳам Худо офаридааст, офаридаҳои Худованд бошанд, ҳамаашон зебо ва беназиранд. Дар байни қавми мо зебосанамҳо зиёданд, аммо духтарҳои ҷӯгӣ ба худ чандон аҳамият намедиҳанд, орову торо намекунанд, шояд аз ҳамин сабаб ҳусну ҷамлашон аз назари мардум пинҳон мемонад.
-Дар ҳамин давраи пандемия ҳам шумо дар ба дар мегардед?
-Бале, одати бобоиро идома дода, баъзан ҳамроҳи дугонаҳоям ба даргардӣ меравам...
-Аз коронавирус наметарсед?
-Коронавирус аз мо, лӯлиён метарсад. (механдад) Шӯхӣ мекунам, албатта кам-кам дар дилам ҳарос ҳаст, вале пандемия будааст гуфта рӯзи дароз дар хона нишаста намешавад. Барои пеш бурдани зиндагӣ одам бояд ҳамеша талош ва кӯшиш кунад.
-Ягона машғулияти қавми ҷӯгӣ талбандагист?
-Не, замона зиндагии лӯлиҳоро ҳам дигар кардааст. Солҳои охир мардони қавми мо ҳам қатори ҷавонмардони тоҷик ба Русия ва дигар кишварҳо ба мардикорӣ мерафтанд, аммо пандемия ва баста шудани роҳҳо роҳи онҳоро баст. Акнун қисме бо тиҷорати оҳанпораю қисми дигар бо сохтани зару зевар ва роҳҳои дигар зиндагии оилаашонро пеш бурда истодаанд.
-Ягон ҷавони сарватманд ба шумо пешниҳоди издивоҷ намояд, қабул мекунед?
- Шукри Худо ман худам аз ӯҳдаи таъмини зиндагӣ мебароям ва ба пулу моли дигарон ниёз надорам. Дар орзуи шавҳари сарватманд ҳам нестам. Ман як бор шаттаи зиндагиро хӯрда, хеле азоб кашидам. Намехоҳам барои боигарӣ шуда, ҳаётамро бо ягон одами тасодуфӣ пайвандам ва дубора худро ба азоби дӯзах гирифтор намоям. Муҳимтарин нақшаи ман дар зиндагӣ айни замон тиҷоратамро пеш бурда, барои ояндаи дурахшони фарзандам шароит фароҳам овардан мебошад.
-Аммо шумо ҳоло хеле ҷавон ҳастед ва...
-Мақсадатонро фаҳмидам. Албатта ман гуфтанӣ нестам, ки умрамро ба танҳоӣ мегузаронам. Дубора оиладор мешавам, ба шарте ки ишқи ҳақиқиро Худованд насибам гардонад.
Рустам Азимӣ