Кӯдакон ба ғунчаҳои гул шабоҳат доранд ва рисолати мо, насли калонсол ҳимояи ин гулҳои зебо аз боду тӯҳфонҳои қисмат мебошад. Сарфи назар аз нажод, миллат, забон ва дину оинаш ҳар як кӯдак ба кӯдакии хушбахтона ҳақ дорад. Аз ҳамин хотир мо бо иҷрокунандаи вазифаи Директори Ташкилоти Ҷамъиятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” Юрматова Нигина Валиҷоновна дар боби ҳуқуқҳо ва рӯзу рӯзгори кӯдакони гуреза дар Тоҷикистон сӯҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдааш манзури шумо мегардад.
-Сароғоз мегуфтед, ки шумораи кӯдакони гуреза дар Тоҷикистон чи қадар аст?
-Масъулияти асосии муҳофизати гурезагон ва дифоъ аз ҳуқуқҳои онҳо, аз ҷумла ба қайдгирӣ ва омори кӯдакони гуреза ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гаштааст. Ташкилоти мо танҳо шумораи маҳдуди гурезаҳоро дастгирӣ мекунад, ки барои кӯмак ба мо муроҷиат менамоянд. Маълумотҳои статистикие, ки мо дорем, миқдори воқеии кӯдакони гурезаро дар Тоҷикистон инъикос карда наметавонанд.
-Бештар аз кадом кишварҳо кӯдакон ба Тоҷикистон гуреза мешаванд?
-Тамоми кӯдакони гурезае, ки дар Тоҷикистон умр ба сар бурда истодаанд, аз Ҷумҳурии Афғонистон мебошанд. Умуман, 99%-и гурезаҳои Осиёи Миёнаро сокинони ин кишвар ташкил менамоянд. Даргириҳои сиёсӣ ва алангаи оташи ҷанг мардуми афғонро маҷбур месозад, ки тарки Ватан намуда, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Тоҷикистон паноҳ баранд.
-Кадом омилҳо боис мешаванд, ки кӯдакон гуреза шаванд?
-Тибқи Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезагон, гуреза шахсе мебошад, ки ба хотири нажод, дин, шаҳрвандӣ, узвият дар гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё афкори сиёсиаш мавриди таъқиб қарор гирифта, аз тарс кишвари худро тарк намудааст ва наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи давлати худ истифода барад. Дар ин радиф ҳамчунин ашхоси бетабаае, ки бо сабабҳои дар боло зикршуда макони пештараи зисташонро тарк намудаанд, ҳамчун гуреза шинохта мешаванд. Ин мафҳум ба кӯдакон низ дахл дорад ва маҳз набудани амнияту сар задани ҷангу даргирӣ ва қатлу кушторҳои ваҳшиёна дар кишвари мансубияти шаҳрвандиашон боис мегарданд, ки кӯдакону наврасон гуреза шаванд.
-Кӯдакони гурезае, ки дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, ҳамроҳи падару модарашон зиндагӣ мекунанд ё дар байнашон ятимон ҳам ҳастанд?
-Шукр, ки имрӯз дар Тоҷикистон ягон кӯдаки гуреза бе волидонаш зиндагӣ намекунад. Албатта ҳастанд оилаҳое, ки аз сабаби таъмин набудани амният ва ҷангу хунрезиҳо дар кишварашон падар ё модари худро аз даст додаанд, вале ятими кул надорем.
-Кӯдакони гуреза чӣ ҳуқуқҳо доранд?
-Мувофиқи Конвенсияи СММ оид ба гурезаҳо ва Конвенция оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳарду конвенция мебошад, кӯдакони гуреза дар баробари дигар кӯдакон, дорои ҳамаи ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар конвенцияҳои зикршуда дарҷ гардидаанд. Ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза ҳамчунин дар қонунҳои миллии кишвар дар бораи гурезаҳо инъикос ёфтаанд. Тибқи ин аснод кӯдакони гуреза аз тамоми ҳуқуқҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил ва ҳифзи саломатӣ баҳравар ҳастанд. Онҳо метавонанд бе ягон мамният дар мактаб ва донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намоянд ва аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода баранд...
-Кӯдакони гуреза дар мактаби махсус таҳсил мекунанд ё дар мактабҳои маҳаллӣ?
-Тибқи қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадории Ҳукумат оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои Конвенсияи соли 1951 оид ба вазъи гурезаҳо, кӯдакони гуреза дар масъалаи таҳсил ягон монеа надоранд. Фарзандони гурезаҳо бо ҳамсолони маҳаллиашон дар мактабҳои давлатӣ таҳсил мекунанд.
-Мешаванд ҳолатҳое, ки бо ягон баҳона кӯдаки гурезаро ба кӯдакистон ё мактаб қабул накунанд?
-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо барои сари вақт ва бемамоният шомил намудани кӯдакон ба мактабҳои таҳсилоти миёна ва кӯдакистонҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ман бо дилпурӣ гуфта метавонад, ки то имрӯз барои ба мактаб ва ё кӯдакистон шомил намудани ягон кӯдаки гуреза монеае ба вучуд наомадааст.
-Дар сурати бемор шудан кӯдакони гуреза дар куҷо табобат мегиранд?
-Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезаҳо ва шахсони эҳтиёҷманд” ба саломатии гурезагон ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии арзон ва босифати тиббӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Мо талош меварзем, ки гурезаҳо ба тамоми намудҳои хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла дар самти ВНМО, солимии репродуктивӣ ва иммунизатсияи тифлакони навзод дастрасии сари вақтӣ дошта бошанд. Паноҳандагоне, ки дар Тоҷикистон умр ба сар бурда истдаанд, дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни мамониат ба хидматрасонии миллии тандурустӣ ва протоколҳои эмгузаронии кӯдакон, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, дастрасӣ доранд.
-Дар боби мушкилоти кӯдакони гуреза чӣ мегӯед?
-Фикр мекунам, ки ягон мушкилии ҷиддӣ вуҷуд надорад, ба ғайр аз ҳамгироии кӯдакон дар аввали ворид шудан ба мактаб. Фарзандони гурезаҳо дар баробари фарзандони сокинони Тоҷикисон ба мактабҳои давлатӣ дастрасӣ доранд. Имтиёзҳои дар соҳаи маориф барои кӯдакон пешбинишуда ба фарзандони гурезаҳо низ дахл доранд. Кӯдакони гурезае, ки аз оилаҳои осебпазир ҳастанд, метавонанд аз ин стипендия ва имтиёзҳо дар қатори дигар бачаҳои ҳамтои худ истифода баранд.
-Дар давраи пандемия кӯдакони гуреза дар Тоҷикистон чӣ рӯзу рӯзгоре доштанду доранд?
-Аслан, дар давраи пандемия чӣ мушкилие, ки дигар шаҳрвандони Тоҷикистон доштанд, гурезаҳо низ бо ҳамон мушкилиҳо мувоҷеҳ буданд. Кӯдакони гуреза ҳам аз мактаб монданд, ҳамчунин аз имконияти иштирок дар дарсҳои иловагӣ маҳрум гаштанд. Гурезагон низ мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро оид ба риояи чораҳои амниятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, бекор кардани иштироки оммавӣ дар чорабиниҳо ва кам кардани ташриф ба ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя мекунанд. Бо ҳамин сабаб бисёриҳо аз иштирок дар сексияҳои варзишӣ ва дигар корҳои берун аз синфӣ даст кашиданд.
-Дар давраи пандемия ба кӯдакони гуреза аз ҷониби ташкилотҳои гуногун ёрӣ расонида шудааст? Агар ҳа, пас кадом ташкилот ва чӣ гуна ёрӣ расонд?
- Аз оғози пандемияи COVID 19, UNHCR дар Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти давлатӣ, хоса Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, шарикони рушд, аз ҷумла ТУТ, дар доираи барномаи аксуламали миллӣ барои мубориза бо COVID 19 ҳамкории зич намуда, барои дастрасӣ ва баҳрабардории паноҳандагон аз хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон тамоми шароитҳоро фароҳам оварданд. Дар натиҷа 11 хонаводаи гурезаҳо, ки ба меъёрҳои осебпазирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, фарзандони то дусола доштанд, дар доираи Лоиҳаи вокуниши фавқулоддаи Тоҷикистон COVID-19, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, бомуваффақият ба системаи кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ (кумаки молиявӣ) ворид карда шуданд. Ба ғайр аз ин, 300 хонаводаи гурезаи осебпазир, ки ба меъёрҳои осебпазирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба Нақшаи вокуниши миллии COVID -19 шомил карда шуда кӯмаки яквақтаи молиявӣ гирифтанд. Ин як дастоварди олӣ аст.
Инчунин, дар доираи вокуниши сареъ ба COVID 19, UNHCR ба ҷомеаи гурезагон бастаҳои хӯрокворӣ пешниҳод кард. Шарикони рушд, аз ҷумла Бунёди Оғохон ва Бунёди Кӯмаки Институти Ҷамъияти Кушода дар Тоҷикистон бо пешниҳоди маҷмӯаҳои гигиенӣ ва асбобҳои муҳофизати шахсӣ ба ин ташаббус ҳамроҳ шуданд.
-Барои сӯҳбат як ҷаҳон ташаккур!