Arzon march 2024
АФҒОНДУХТАРЕ, КИ 5 ЗАБОН МЕДОНАД
9459

 

Чеҳраи зебо, абрувони борику миҷгонҳои дароз, чашмони мисли ду ситораи тобнок дурахшон, нигоҳи гарму лафзи ширини ин духтараки фариштахисоли афғон мисли офтоби дар фасли дай якбора аз паси абрҳои тира тулӯъ карда ба кас ҳаловат мебахшад.

Зӯҳра Тоҳирӣ донишҷӯи соли сеюми факултаи “Молия ва қарз”-и “Донишкадаи молия ва иқтисод”-и Тоҷикистон буда, бо забони тоҷикӣ чунон тозаву софу равон ҳарф мезанад, ки кас ба афғондухтар буданаш шубҳа мекунад.

Ӯ ҳамагӣ 5 сол дошт, ки волидонаш ба Тоҷикистон ҳиҷрат намуданд. Оташи ҷанги хонумонсӯз, ки 40-сол боз дар сарзамини Афғонистон аланга зада, шӯълаҳои ҷонсӯзаш ҳеҷ хомӯш намешаванд, ин хонаводаи афғонро маҷбур намуд, ки марзу буми бобоӣ ва хонаву хонумони худро раҳо карда, тарки Ватан созанд.

Тоҷикистон ин оилаи аз тарси ҷон гурезашудаи афғонро бо оғӯши боз истиқбол гирифта, барояшон паноҳгоҳ дод. Муддати 12 сол мешавад, ки онҳо дар ин сарзамини биҳиштосо умр ба сар мебаранд. Хоҳарон ва бародари Зӯҳра бо кӯмаки Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои хориҷие, ки бо масоили гурезагон сару кор доранд, ба беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуда, соҳиби маълумти олӣ гаштанд ва имрӯз аз рӯйи тахассуси худ кор карда истодаанд, худи Зуҳра аз синфи 2 қатори бачаҳои тоҷик дар мактаби тоҷикӣ таҳсил карда, забони тоҷикро чунон хуб омӯхтааст, ки аз духтарони маҳаллӣ фарқ карданаш душвор аст.

-Ман бо кӯмаки RCVC ба донишгоҳ дохил шудам. Малағи таҳсиламро ҳамин ташкилот пардохт менамояд. Азбаски мактаби тоҷикиро хатм намудааму аз даврони кӯдакӣ дар байни тоҷикон ба воя расидам, хислату рафторам ба тоҷикон хеле шабоҳат пайдо кардааст. Соли аввали таҳсил аксари ҳамсабақонам маро тоҷикдухтар гумон мекарданд. Вақте афғон ҳастам мегуфтам, бисёриҳо бовар накарда “шӯхӣ мекунӣ”гуфтанд,-қисса мекунад Зӯҳра Тоҳирӣ.

-Муносибати ҳамсабақонат бо ту чи хел аст? Афғон гуфта ба иззати нафсат намерасанд?-мепурсам аз ин духтараки ситорагарм.

Зӯҳра бо лабаханди зебо посух медиҳад:

-Дар донишгоҳ то ба имрӯз касе маро барои гуреза ё афғон буданам таҳқир ё масхара накардааст. Бо ҳамсабақонам мисли бародару хоҳар ҳастем, аз зумраи духтаракони тоҷик чанд дугонаи ҷонӣ ҳам дорам. Аммо дар кӯча баъзан одамоне пайдо мешаванд, ки афғон буданамро фаҳмида, ба ман дигар хел менигаранд. Гапҳои пасту баланд назананд ҳам, нигоҳи кунҷковонаашонро эҳсос мекунам...

Зӯҳра мегӯяд, устодони донишгоҳ байни донишҷӯён аслан тафовут намегузоранд. Фарқ надорад, ки ту тоҷик ҳастӣ, афғон ҳастӣ, эронӣ ё сиёҳпӯст, муҳим он аст, ки ба дарсҳо бо тайёрии пухта омада, қоидаҳои дохилии донишгоҳро риоя намоӣ.

-Дар аз худ намудани мавзӯҳои дарсӣ душворӣ намекашӣ?-мупурсам кунҷковона.

-Албатта бе душворӣ намешавад, вале ин як ҷузъи ҳаёти донишҷӯист. Ба афғон ё гуреза буданам ин душвориҳо ягон алоқамандӣ надоранд,-мегӯяд Зӯҳра ва бо лабханди зебо илова мекунад:

-Мешаванд ҳолатҳое, ки супурдани санҷиш ё имтиҳон ба осонӣ ба мо муяссар намегардад, чунки баъзе устодонамон хеле сахтгиранд.

Зӯҳра ба ғайр аз забони модариаш боз 4 забони дигар-тоҷикӣ, русӣ, ҳиндӣ ва англисиро балад баст. Шуғли дӯстоштааш расмкашӣ буда, тасвир намудани чеҳраи одамонро хеле дӯст медорад, ҳамчунин фориғ аз дарс торту ширинӣ мепазад.

Вақте сухан дар боби зиндагии гурезагон дар давраи пандемия рафт, ҳузни ноаёнеро дар чашмонаш мушоҳида намудаму сабаб пурсидам. Зӯҳра оҳи сард кашида гуфт:

-Соли гузашта модарам бемор шуданд. Табибони тоҷик баъди ташхис гуфтанд, ки ба касалии саратон гирифтор шудааст. Шунида будем, ки ин бемориро дар сарзамини Ҳинд хеле хуб табобат мекунанд, аз ҳамин хотир падарам модарамро барои табобат ба Ҳиндустон бурд. Онҳо рафтанду пандемияи куруно (коронавирус) сар шуд, баъдтар роҳҳо баста шуданд, парвози тайёраҳо қатъ гардид. Ҳамин тавр, падару модарам дар он ҷо монданд. Як сол боз мо аз ҳамдигар дурем. Волидонамро сахт пазмон шудаам...

-Шумо бар замми аз Ватан дур буданатон боз дар давраи хеле вазнини пандемия аз падару модар ҷудо мондаед. Душвор набуд?-Мепурсам аз ин духтараки фариштахисоли афғон.

-Албатта сахт буд. Пештар апаи калониам дӯзандагӣ карда, даромади хуб ба даст меовард, аммо дар давраи пандемия мизоҷонаш хеле кам шуданд. Мо дар манзили иҷора зиндагӣ мекунем. Маблағе надоштем, ки пули иҷораро диҳем. Каси дигар мебуд, шояд моро аз дар берун мекард, вале соҳибхона одами хуб аст. “Зиқ нашавед, ин рӯзҳои вазнин мегузаранд. Зиндагӣ кардан гиред, пулдор, ки шудед, иҷорапулиро медиҳед” -гӯён моро дилбардорию дастгирӣ кард.

- Аз лиҳози хӯрду хӯрок танқисӣ накашидед?

-Апаи дуюмам Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ҷойи кор аст. Асосан ҳамин апаам оилаи моро бо хӯрду хӯрок ва маводҳои зарурии рӯзгор таъмин мекунад. Аз ҷониби RCVC ва Созмони Миллали Муттаҳид низ дар давраи пандемия чанд маротиба ба мо кӯмаки башардӯстона расонида, равған, биринҷ, шакар, макарон, маводҳои шустушӯӣ, антисептик ва моск (ниқобҳои муҳофизатӣ) доданд,-мегӯяд миннатдорона Зӯҳра Тоҳирӣ.

Аз нақли ин донишҷӯдухтари афғон чунин бармеояд, ки гурезаҳо ва паноҳандагон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Дар радифи кӯмакҳои молиявӣ ва ғизоӣ донишҷӯён ва мактаббачагони гуреза ҳамчунин соле як ё ду маротиба ба таври ройгон бо сару либоси мавсимӣ таъмин карда мешавад.

Зӯҳра бо дигар донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла бо донишҷӯёни гуреза муносибати дӯстона дорад ва мегӯяд:

-Ростӣ, баъзе афғонҳои мо аз мушкилоти пайдо кардани ҷойи кор баъди хатми донишгоҳ шиква мекунанд, вале намедонам ин гапҳо то куҷо асос доранд. Ман, ки ҳанӯз донишҷӯ ҳастам, бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ нагаштаам. Орзу дорам, ки баъди хатми донишгоҳ дар бонк ба кор дароям. Умедворам, ки барои афғон буданам ин хоҳиши маро рад намекунанд...

Ногуфта намонад, ки маблағи таҳсили ин афғондухтари гуреза дар доираи барномаи DAFI, ки ҳадафи асосии он дастгирии донишҷӯёни болаёқати гуреза дар самти ба даст овардани маълумоти олӣ мебошад, аз ҷониби Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо ва Ташкилоти Ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезаҳо ва шахсони эҳтиёҷманд” пардохт карда мешавад. DAFI (Ташаббуси академии олмонӣ ба номи Алберт Эйнштейн барои гурезаҳо) барномаи махсусе мебошад, ки ба донишҷӯёни лаёқатманди гуреза имконияти таҳсил дар мактабҳои олӣ ва ба даст овардани маълумоти дараҷаи бакалавро дар кишвари сукунат доштаашон пешниҳод месозад. Дар доираи ин барнома бо дастгирии ҳукумати Олмон ва Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо аз соли 1992 то 2020 ҳудуди 18000 ҷавонони гуреза соҳиби маълумоти олӣ гаштаанд.

Стипендия-идрорпулии DAFI хароҷоти маблағи таҳсил, китобу васоили хониш, роҳкиро ва хӯрду хӯроки донишҷӯёни гурезаи аз ҷониби ин барнома интихоб шударо мепӯшонад. Ин барнома дар Тоҷикистон аз соли 2008 амал мекунад ва то ба имрӯз 36 донишҷӯи гуреза бо кӯмаки DAFI соҳиби маълумоти олӣ гашта, айни замон боз 12 нафари дигар дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон бо дастгирии DAFI таҳсил карда истодаанд.

Дар охир мо ба афғондухтари фариштарӯй ва хушзеҳну боҳуш Зӯҳра Тоҳирӣ фатҳи қуллаҳои баланди илму донишро орзу намуда, умед мебандем, ки мушкилоти таъмини ҷавонони гуреза бо ҷойи кор дар Тоҷикистон ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД