Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳанӯз соли 2022 созишнома ба имзо расида буд ва тибқи он Русия уҳдадор аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо нафақа таъмин намояд. Аммо додани нафақа ба муҳоҷирон шартҳои худро дорад.
Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Тавре Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини ин ниҳод гуфтанд, тибқи созишномаи байни ду кишвар ба имзо расида, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, аз Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия бо фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, аз Федератсияи Русия нафақа мегиранд. Аммо пардохти нафақа шартҳои муайяни худро дорад. Шаҳрвандони Федератсияи Русия дар сурати зиёда аз 5 сол дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардан ба гирифтани нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои аз Русия нафақа гирифтан бояд на камтар аз 15 сол дар ин кишвар кор кунад. Шарти дуюми таъини нафақа пардохт намудани маблағҳои суғуртавӣ мебошад. Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия зиёда аз 15 сол қонунӣ кор карда, пайваста маблағи суғуртаи иҷтимоиро пардохт намудаанд, дар асоси ин созишнома баробари ба синну соли нафақа расидан аз ин кишвар ба нафақа баромада метавонанд.
“Мутаассифона, аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия бе шартномаи меҳнатӣ, ба таври ғайриқонунӣ кор мекунанд, аз ҳамин сабаб баъди ба синну соли нафақа расиданашон мушкилиҳои зиёде пеш меояд, вале онҳое, ки ба таври қонунӣ бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шуда, маблағҳои суғуртавиро пардохт кардаанд, бе мамоният метавонанд аз Русия нафақа гиранд”,- гуфт директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.