Ману шавҳарам 5-сол зиндаги карда, соҳиби ду фарзанд гаштем. Падари бачаҳоям мисли дигар мардони точик хар сол ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафт ва дар ҳамон ҷо бо як духтари тотор шинос шуда, аз баҳри ману кӯдаконам гузашта, талоқамро дод. Муддати ду сол мешавад, ки ман бо ду фарзанд дар хонаи падару модарам зиндагӣ мекунам. Шавҳарам дар ин муддат ба бачаҳояш ягон тин равон накардааст. Ба гуфти хушдоманам зани наваш ду писари дугоник таваллуд кардаасту бо ҳамон кӯдакон овора будааст. Мехоҳам барои алимент ба суд муроҷиат намоям, вале баъзеҳо мегӯянд, ки беҳуда даводав накун, шавҳарат дар ин Тоҷикистон кору зиндагӣ намекунад ва суд наметавонад, ӯро ба додани алимент маҷбур созад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Гулнора аз н. Рудаки
Ба саволи хонандаи мо адвокат Холида Шомирзоева чунин ҷавоб дод:
Хоҳари азиз Гулнора! Волидон вазифадоранд, ки сарфи назар аз макони буду боши худ фарзандонашонро таъмин намоянд, вале аз гуфтаҳои шумо чунин бармеояд, ки шавҳаратон ду сол инҷониб ӯҳдадории худро оиди таъмини фарзанди ноболиғатон иҷро накардааст. Шумо ҳуқуқ доред, ки бо аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёнидани алимент ба суд муроҷиат намоед. Шахсе, ки ба гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мӯҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат намояд. Шумо ҳуқуқ доред, ки пардохти алиментро аз рӯзи муроҷиат намудан ба суд талаб намоед ё аз рӯзе, ки шавҳаратон ӯҳдадориҳои падарии худро оиди таъмини кӯдаки ноболиғ иҷро намекунад ва ё барои давраи гузашта ба мӯҳлати то се сол. Ҳаққи пешниҳод намудани даъво ва муаян намудани андозаи талаботи даъво мансуб ба салоҳияти худи Шумо аст. Ба маълумотатон мерасонам, ки тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 108-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мӯҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст. Бо назардошти гуфтаҳои боло, агар Шумо дар суд бо далелҳои боэътимод исбот намоед, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани алимент саъю кӯшиш кардед, аммо бо сабаби саркашии шавҳаратон сари вақт алимент гирифта натавонистед, суд метавонад барои давраи гузашта, яъне барои танҳо се соли гузашта аз ҳисоби собиқ шавҳаратон алимент рӯёнад.