Духтарчаам Сабрина аз рӯзи ба дунё омаданаш ба дигар фарзандонам монанд набуд. Кӯдак зоҳиран бисёр зебо бошад ҳам, ҳеҷ ҷону мадор намегирифт. Ҳайрон шуда ӯро ба назди духтари маҳаллаамон бурдам.
“Эҳтимол дилаш ягон иллат дошта бошад” гӯён, барои муоина ба беморхонаи Қарияи Боло фиристоданд. Гумон кардам, ки духтури маҳаллӣ воҳима карда истодааст, вале табибони беморхонаи Қарияи Боло низ баъди ташхис ба хулосае омаданд, ки сабаби беқувватию бемадории кӯдак дар бемории модарзодии дил аст. Ин гапро шунида хаёл кардам, ки осмон ба сарам чаппагардон шуда, маро дар зери бори гаронаш маҷақ-маҷақ кард. Дунё дар назарам тираву тор гашта, дар майнаам танҳо як фикр чарх мезад: “Наход духтарчаам мурад?” Сабринаро барои табобат ба хориҷа бурдан лозим буд, вале мо чунин имконият надоштем. Ба рӯйи фарзандам нигоҳ мекардаму дилам аз ғаму дард обу адо мешуд. Намедонистам сарамро ба кадом дар занам. Обу ҳавои имсола бисёр гарм омаду ҳоли духтарчаам бадтар шуд.
БОТЕКС ЗАНРО БА САРАТОНИ ПӮСТ ГИРИФТОР МЕСОЗАД?
Нафаскашиаш торафт душвортар мегашт. Ҳис кардам, ки агар Сабринаро ба духтур набарем, ӯро аз даст доданамон мумкин аст. Ҳарчи бодо бод гӯён, духтарчаамро дар Маркази бемориҳои қалб хобондам. Табибон таъкид намуданд, ки ин ҷарроҳӣ ниҳоят душвор аст ва чизеро кафолат дода намешавад, вале онҳо тамоми донишу маҳорати худро баҳри наҷот додани ҷони бемор сарф хоҳанд кард. Илоҷи дигар набуд, ҳар чӣ ки нашавад, аз тақдирам мебинам гӯён, ба ҷарроҳӣ розигӣ додам. Табибони машҳур Содиқҷон Абдуҷабборов, Шамсиддин Бурҳонов, Шаҳриён Аминов давоми панҷ соат Сабринаи маро ҷарроҳӣ намуданд. Вақте ки аз толори ҷарроҳӣ берун шуданд, аз сару рӯйи ҷарроҳон обу арақ шорида, аз душвор гузаштани амалиёт дарак медод. Тақдири фарзандам чӣ мешавад, маълум набуд. Шабу рӯз Худоро зорӣ мекардам, ки маро дар ин моҳи шарифи рамазон ноумед нагардонад ва Сабринаамро ҷони дубора ато намояд. Ниҳоят бегоҳи рӯзи сеюм аз чашм кушодани Сабрина хабар доданд. Сад шукр, ки Худованд дуои мани модари зорро шунид ва бо кӯмаки табибон духтаракам аз нав чашмаконашро кушод. Айни ҳол Сабринаҷони ман таҳти назорати табибони машҳур қарор дорад ва умедворам, ки фарзандамро сиҳату саломат ба хонаам мебарам.
Аз табибони ҳозиқе, ки ҷони духтарамро бо донишу малакаашон хариданд, як умр миннатдорам!
Сурайё, сокини н. Рӯдакӣ,
деҳаи Ҷавонон