arzon replenishment
Муқимҷонро дар Душанбе намехоҳанд?
843

Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар ва роҳбари театр-студияи “Хандинкамон”, ки ин шабу рӯзҳо дар шаҳри Душанбе қарор дорад, зимни мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Оила” гуфт, ки нақша дорад театр-студияашонро аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе кӯчонад.

Ӯ сабаби ин тасмимашро чунин шарҳ додааст:

“Айни замон ба ҳайси саркоргардони театр-студияи “Хандинкамон“ фаъолият дорам. Ҳоло ҳаракат дорем, ки дар Душанбе фаъолияти театрро ба роҳ монем. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки имрӯз ба ҳаҷв чандон диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Дигар ҳаҷв ҷолиб нест, саҳнаҳо холианд, устодон нестанд. Барои ҳамин хостем ин фазои холигиро пур кунем ва дар шаҳри Душанбе театр студияи “Хандинкамон”-ро боз кунем. Вале то ҳол ин мақсади мо амалӣ нашудааст. Зеро барои он ки театрро дар пойтахт боз кунем, бино лозим аст”.

Ҳамзамон, ӯ гуфтааст, ки нақша дорад чойхонаи “аския-базм” боз кунад. “Аския ин як жанри фаромӯшшудаи ҳаҷви тоҷикӣ аст, вале имрӯз касе онро намедонад, он фаромӯш шудааст. Ин жанр дар Ӯзбекистон бисёр рушд ёфтааст. Дигар нақшаҳои зиёди эҷодӣ ҳастанд, ки бо пайдо шудани имконият онҳоро оҳиста-оҳиста амалӣ мекунем”.

Аммо, дар ҳамин ҳол, вақте ин мусоҳиба аз ҷониби сомонаи pressa.tj дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр шуд, чанде аз хонандагон дар шарҳи матлаб навиштаанд, ки беҳтараш фаъолияташро қатъ карда, ба кори дигар гузарад, зеро ӯро ҳамчун ҳаҷвнигор қабул надоранд.

Масалан, Диля Шарифзода, як корбари ин шабака навиштааст, ки ба фикри банда шумо на ҳаҷвнигор, балки шахсе ҳастед, ки маҷбур банд андохта мекашанд.

“Хафа нашаветон, шумо ҳаҷвнигорӣ маҷбурӣ ё хасакиед. Ягон ҳаҷви шумо маънӣ надорад. На аз худатон, на аз ҳамроҳонатон. Дар шумо талант гуфтагӣ чиз нест. Ана, барои чӣ ба шумо театр ҷудо намекунанд. Ҳаҷву хандаро бо худашон Убайдулло Раҷаб, Аловуддин Абдуллоев ва Қиёмиддин Чақалов ба хок бурданд. Шумо, Ғарибшо - компаниятон масхарабози саҳнаен. Баромада мардума маҷбур мекнед “як қарсақ шавад ба ифтихори ин, ман нашунидам, баландтар”. Агар мардум завқ кунанд худашон қарсақ мезананд. Чӣ маҷбур мекунетон?”

Ба ин ва дигар шарҳҳои монанд нафарони зиёд посух додаву маҳорати ҳаҷвнигории Муқимҷонро васф кардаанд, аммо худи ҳунарманд то ҳол вокунише нишон надодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД