Паёмбари гиромии Ислом (с) дар дувоздаҳуми Рабиъул-аввали “Омул-фил”, ки мувофиқ бо 571-уми мелодӣ аст, дар Макка таваллуд шудаанд. Пеш аз таваллуди Паёмбар (с) падараш Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб, ки барои дидори тағоҳояш Банӣ Наҷҷор берун рафта буд, даргузашт. Ҳангоми таваллуди Паёмбар (с) ин муждаро ба Абдулмутталиб доданд. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд ва ӯро дар оғӯш гирифта, бо ӯ ба шукронаи ин неъмати Худовандӣ ба тавофи Каъба пардохт ва номи ӯро ба илҳоме аз ҷониби Худованд Муҳаммад гузошт. Бо вуҷуди ин ки ин ном дар миёни мардуми араб собиқа надошт, аммо Абдулмутталиб дӯст дошт, ки ӯ назди Худованд ситуда бошад. Аз ин рӯ, номи ӯро Муҳаммад номид. Супурдани Паёмбар (с) ба доя Омина, модари Паёмбар (с) аз ҳамон нахустини рӯзи таваллуди ӯ дарёфт, ки шири кофӣ барои хӯронидани танҳо самараи издивоҷи хеш ва Абдуллоҳ надорад. Омина танҳо ҳафт рӯз ба Паёмбар (с) шир дод ва пас аз он аз ғизо додан ва сер кардани вай нотавон монд. Аввалин зане, ки баъд аз Омина Паёмбар (с)-ро шир дод Сувайба канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, ки ҳамзамон бо Паёмбар (с) фарзандашро ба номи Масруҳ шир медод. Баъд аз Сувайба касе, ки сарпарастии Паёмбар (с)-ро бар уҳда гирифт, Ҳалима духтари Абӯзуайб буд. Дар он замон расму одати араб бар ин буд, ки фарзандонашро ба хотири ин ки қавӣ ва нерӯманд гарданд, аз ҳавои озоду соф истифода намоянд ва зеҳнашон барои ёдгирии матолиб омода гардад, ҳамчунин ба ин хотир, ки забони фасеҳи арабиро ёд бигиранд, ба доя месупориданд. Занони бодиянишин низ ба хотири дарёфти музд ба шаҳр меомаданд, то сарпарастии кӯдакеро бар ӯҳда гиранд ва аз ин роҳ махориҷи зиндагиашонро таъмин карда тавонанд.
Модари Пайғамбар (с) ба ҷустуҷӯи қабри шавҳар
Баъд аз ин, ки Ҳалима, Паёмбар (с)-ро ба унвони фарзандӣ қабул кард, баракоти Худованд дар зиндагии ӯ сарозер шуд, Ҳалима мегӯяд. “Баъд аз ин ки Паёмбар (с)-ро пазируфтам, пистонҳои шутуре, ки доштем, пур аз шир шуд, дар ҳоле, ки қабл аз он аз фарат лоғари тоқат ва таҳаммули роҳ рафтанро надошт. Ҳамчунин пистонҳои худам пур аз шир гардид, ба гунае, ки ҳам Паёмбар (с) ва ҳам фарзандам сер мешуданд, аммо қабл аз он пистонҳои ман шире надошт, ки битавонад фақат фарзандамро аз гуруснагӣ наҷот диҳад”.
Баъд аз ин Ҳалима Паёмбар (с)-ро ба модараш супурд, модараш дар садад баромад, то ҳамроҳи Паёмбар (с) барои зиёрати шавҳари вафоткардааш ва ҳамчунин дидорбинии ақвому хешовандони ҷадди Паёмбар (с) – Абдулмутталиб, ки аз қабилаи Банӣ Наҷҷор буданд, ба Ясриб (Мадина) мусофират намоянд. Дар ин сафар Абдулмутталиб – ҷадди Паёмбар (с) ва хидматгори Омина ба номи Умми Айман ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Баъд аз ин ки масофати ҳудуди панҷсад километрро тай намуданд, ба Ясриб расиданд ва Омина як моҳ дар он ҷо монд. Ҳангоми бозгашт Омина дучори бемории сахте гардид ва дар ноҳияе ба номи Абвоъ, ки минтақае миёни Макка ва Мадина аст, даргузашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Дар ин ҳангом Паёмбар (с) шашсола буд.
Муҳаммад (с) –и хурдакакро кӣ ба сарпарастӣ гирифт?
Баъд аз вафоти Омина модари Паёмбар (с) сарпарастии ӯро Абдулмутталиб бар уҳда гирифт, Абдулмутталиб аз ҳеҷ гуна меҳру шафқате нисбат ба Паёмбар (с) дареғ намеварзид ва ӯро бисёр дӯст дошта, навозиш мекард, ҳатто ӯро аз фарзандони худаш ҳам бештар дӯст медошт, чаро ки медонист ояндаи дурахшону равшан дар интизори ӯст. Аммо бо тамоми меҳру утуфати ҷаддаш нисбат ба Паёмбар (с) зиндагии ӯ бо ҷаддаш низ дере напойид ва дар синни нуҳсолагӣ бобои бузургворашро аз даст дод.
Пас аз ин Паёмбар (с) таҳти сарпарастии амакаш Абӯтолиб қарор гирифт. Абӯтолиб ӯро ба хонааш бурд ва аз Паёмбар (с) монанди фарзанди худ нигаҳдорӣ ва менамуд, ҳатто ӯро аз фарзандонаш муқаддам медошт ва ин меҳру утуфатро ҳатто дар давроне, ки Паёмбар (с) ба паёмбарӣ мабъус шуд, ба эшон иброз медошт.
(Давом дорад)
Ҷамолиддини Хомўшӣ,
сардори Раёсати фатвои
Маркази исломӣ