arzon replenishment
Муҳаммадҷон Шодиев. Кадом нақш ӯро машҳуру маҳбуб кард?
23.11.2024
ОИЛА.ТҶ
773

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев аз ҷумлаи ҳунармандони саршинос ва номдори кишвар ба шумор рафта, бо нақшҳои мондагораш дар дилу дидаҳо ҷой гирифтааст. Ӯ дар ҳақиқат, маҳбуби мардум аст.

Муҳаммадҷон Шодиев соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Аз сабабе, ки курси онҳоро махсус барои Театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова омода карда буданд, ба театри мазкур рафта, тӯли ду сол кор кардааст.

Сипас, ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор гузашта, нақшҳои мондагорро офаридааст. Аз ҷумла, нақши шогирди Аҳмади Дониш аз рӯйи асари «Алломаи Адҳам»-и Сотим Улуғзода, нақши Борбад аз рӯйи асари «Ғуруби Аҷам»-и Ҷумъа Қудус, нақши Шоҳ аз рӯйи асари «Паёми Зардушт»-и Р. Беҳдин, нақши Шоҳ аз рӯйи асари «Искандари зулқарнайн»-и Бароти Абдураҳмон, нақши пири зардуштӣ аз рӯйи асари «Зардушт»-и Нур Табар, нақши Мавлавӣ аз рӯйи асари «Офати нафс»-и Нуриддин Ҷарронӣ, нақши вазир аз рӯйи асари «Шоҳ Исмоил»-и Меҳмон Бахтӣ, нақши Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯйи асари «Зиндагинома»-и Сайфиддиновҳо ва ғайраҳоро иҷро кардааст. Ҳунарманди маҳбуб дар синамо ҳам нақшҳои хубу мондагор офаридааст. Аз ҷумла, нақши Анор аз «Парвози занбӯр»- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз «Муҳоҷир»- и Собит Ал-Валӣ, директори мактаб аз «Маҳдӣ», Устод аз «Шамсиддини Шоҳин», Озар аз «Муҳити 44-46», Сибиқ ҷанговар аз "Доғ", Падар аз "12 соли интизорӣ", Нозимӣ аз силсилафилми «Дар орзуи падар» ва ғайраҳоро офаридааст.

Ҳарчанд, Муҳаммадҷон Шодиевро насли калонсол ҳанӯз аз солҳои 80-ум, замоне ки намоиши телевизионии “Қобил кист?”-ро таҳия мекард, мешиносанд. Ӯ бо ҳамон намоишаш чунон шуҳратёр шуда буд, ки ногуфтанӣ. “Қобил кист?” барнома дар бораи кӯдакон ва барои кӯдакон буд. Барои мисол, агар кӯдаке ба беморхона меафтид, дастандаркорони барнома бо дигар ҳамсолони ӯ ба беморхона рафта, дар бораи чӣ тавр рух додани ҳодиса намоишро таҳия мекарданд. Вале барои насли ҷавон симои Муҳаммадҷон Шодиев ҳамчун ҳунарманд маҳз тавассути силсилафилми телевизионии “Дар орзуи падар”, ки дар он нақши Низомиро офаридааст, шинохта шудааст. Хусусан, симои офарандаи нақши Нозимӣ дар зеҳни мо ҳамчун инсони комил ва ҳунарманди дӯстдошта боқӣ мондааст.

Мавсуф дар мусоҳибае гуфтааст:

- Агарчи пештар ман бо иҷрои нақшҳои гуногун дар театру синамо шинохта шуда будам, вале дар ҳақиқат силсилафилми “Дар орзуи падар” маро миёни мардум зиёдтар муаррифӣ кард. Он аз рӯзгори пурмоҷаро сохта шуда буд, ки бархеҳо ҳодисаҳои барояшон шиносро медиданд ва ба ҳамин хотир, филми мазкурро такрор ба такрор тамошо мекарданд.

Ҳамчунин, қаҳрамони мо дар баробари ҳунарманди саршинос будан, инчунин ровии мумтоз ҳам шинохта шудааст. Ҳоло дар фонди тиллоии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ бо садои Муҳаммадҷон Шодиев осори маъруфе аз қабили «Восеъ»-и Сотим Улуғзода, «Се рӯзи як баҳор»-и Саттор Турсун, «Занҳои сабзбаҳор»-и Гулрухсор, «Гулистон»-и Саъдӣ Шерозӣ, ғазалҳои Мавлавӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз ва ғайраҳо маҳфузанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД