Sebiston new 2024 october
Муҳаммадҷон Шодиев: Ҳанӯз ҳам маро Нозимӣ мегӯянд...
873

 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷони Шодӣ яке аз чеҳраҳои маъруфи театру синамои Тоҷикистон аст. Садои марғуладор ва чеҳраи нуронии ӯ ба кулли мардуми тоҷик ошност.

Нақшҳои офаридааш дар хотири тамошобин нақш баставу дӯсташ медоранд. Ин ҳафта “Оила” ба аёдати Муҳаммадҷони Шодӣ рафт, зеро чанд рӯз қабл ҳунарманди маъруф 70-сола шуд.

Бекор нестам...
-Устод, ин рӯзҳо ба чӣ кор машғулед?
-Бекор нестам. Дар театр кор мекунам. Ҳамчунин, омӯзгорам. Дотсенти кафедраи нутқи саҳнавӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода. Ба актёрони ҷавон ҳунари сухангӯӣ меомӯзам.

Ҳамчунин бо телевизионҳои давлатӣ ва студияҳои хусусӣ ҳамкорӣ намуда, дар тарҷумаи филмҳо ширкат меварзам.
-70. Ин санаи умрро чӣ тавр қабул кардед?
-Ростӣ, фарқи куллие аз зодрӯзҳои пешин дар он намебинам. Фақат каме таваҷҷуҳ ба банда бештар шуд. Рӯзноманигорон мусоҳиба мегиранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстону мухлисон табрик мегӯянд, ки аз ҳамаашон сипосгузорам...

Оғӯши театр
Бештари умри Муҳаммадҷони Шодӣ дар Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гузаштааст, вале кам касон шояд медонанд, ки роҳии ҳунарии ӯ аз Конибодом оғоз шудааст.
-Соли 1979 баъди хатмми Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гуруҳи моро ба Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи Конибодом фиристоданд.

Вале дар қалби ман ҳамеша орзуи ба Душанбе баргаштан буд, - дафтари хотироташро варақ мезанад ҳунарманд, - соли 1983 режиссёри маъруфи Театри Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев дар театри мо асар гузоштанд ва баъди чанде маро ба Душанбе ба кор даъват карданд. Ҳамин тавр, беш аз 40 сол аст, ки дар як театр кор мекунам ва дар саҳнаи он беш аз 50 нақш офаридам.

Нақшҳо дар театр: Борбад аз "Ғуруби Аҷам", Хизирхон аз "Фарёди ишқ", Азиз аз "Дуел", Балъамӣ аз "Шоҳ Исмоил", Гурдуй аз "Баҳроми Чӯбина", Қодирқул аз "Бой ва хизматгор", Шариф Исматӣ аз "Имтиҳон", Мавлавӣ аз "Офати нафс", Дералд аз «Бемори хаёлӣ»-и Малйер, Виштосп аз «Зардушт», Сарлашкар аз «Искандар ва Спитамен», Ҳокими шаҳр аз «Сиёҳу сафед»- и Сартр, падари Куруш аз «Куруш ва Томирис», нақши соҳиби меҳмонхона аз «Хизматгори ду хоҷа», вазир Балъамӣ аз «Рӯдакӣ» ва ғ.

Рӯзноманигор Нозимӣ
Муҳаммадҷони Шодиро бештар синамо ба доираи васеи тамошобин муаррифӣ кардааст. Худаш мегӯяд:
“Синаморо миллионҳо нафар тамошо мекунанд. Масалан, филми “Маҳдӣ” ё “Дар орзуи падар” моро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонистону Эрон муаррифӣ намуд.

Ё филми “Парвози занбӯр”, ки ман дар он нақши асосӣ мебозидам, дар Фаронса ва фестивалҳои байналмилалии Аврупо намоиш дода шуд. Ё филми режиссёри араб Абдулло Саидро дар мамолики арабӣ тамошо кардаанд.”
Дар Тоҷикистон бештар ҳунармандро бо нақши рӯзноманигор Нозимӣ аз силсилафилми "Дар орзуи падар" дӯст медоранд.

-Ҳанӯз ҳам маро дар кӯча гоҳо Нозимӣ гуфта садо мекунанд. Ин филм дар замоне офарида шуд, ки фазои синамои кишвар холӣ буд. Бинобар ин, он машҳур шуд ва ба дилҳо роҳ ёфт, - мегӯяд ҳунарманд.

Садои нотакрор
Муҳаммадҷони Шодӣ дар баробари ҳунарманди хуб будан ровии хуб ҳам мебошад. Худованд ба ӯ садои нодиру марғуладорро ато кардааст.
Аллакай, дар замони донишҷӯӣ бо садои марғуладори хоси ровиёни мард шуҳратманд гардида буд. Дар солҳои 1977-1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград барандаи озмуни ровиён гардидааст.

Ҳамчунин, номбурда дар дубляжи беш аз 200 филм ширкат кардааст. Барномаҳои телевизиониву радиоӣ низ бо садои ӯ сабт шуда, пешкаши мухлисон гардидааст...

Зиндагӣ кӯтоҳ аст

-Чӣ рӯзгор доред?
-Мисли ҳама...
-Солҳои охир дар филмҳо кам ҳунарнамоӣ мекунед...
-Агар сенарияи хуб пешниҳод шавад, рад намекунам.
-Бо гузашти синну сол ҳавсала кам мешавад?
-Аз эҷодкорон не. Баръакс, таҷриба зиёд мешавад.
-Фарзандонатон роҳи шуморо идома медиҳанд?
-Дунболи касбҳои дигар рафтанд.
-Чанд сол пеш гуфта будед, ки дар асоси ашъори устод Лоиқ моноспектакл таҳия мекунед...
-Дар нақша дорам. Худо хоҳад, онро мухлисон хоҳанд дид.
-Рӯзҳои охир дар бораи чӣ андеша мекунед?
-Зиндагӣ кӯтоҳ аст, корҳои нотамомро бояд анҷом дод.



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД