goodwell
Барби-блогери оқипадар  
361

Барби-блогери оқипадар

 Қисми 2

Марди арабе бо номи Ризо, ки мехост дар байни дӯстонаш худнамоӣ кунад, Манзура ва чанд духтари дигарро барои як рӯз ба яхтаи бошукӯҳ даъват кард.

​Манзура тамоми рӯз бо либосҳои нимуриён ва айнаки офтобии бренди сохтааш пеши дурбин мерақсид ва ба обуначиёнаш мегуфт: Ина дидед? Зиндагии шоҳона маҳз ҳамин аст.
​Аммо пушти ин вақтхушӣ чӣ мегузашт?​Ҳар дафъае, ки дурбин хомӯш мешуд, хандаҳои баланд якбора ба хомӯшии дарднок табдил меёфт. Духтарон на ба якдигар ва на ба соҳиби яхта самимият надоштанд. Ҳар кас мекӯшид, ки дигареро аз кадр берун кунад, то танҳо худаш дар фокус бошад.​

Вақте Ризо калиди мошини ҷадидашро нишон дод, ҳама духтарон хандида ба оғӯшаш давиданд, аммо дар дил якдигарро бо нафрат “рақиби хавфнок» медонистанд. Вақтхушии онҳо на аз шодӣ, балки аз ҳасаду рақобати шайтонӣ иборат буд.
Вақте ки яхта ба миёнаи баҳр, ба як нуқтаи дур аз соҳил ва одамон расид, мусиқиро хомӯш карданд. ​Ризо бо як дӯсти сарватмандаш ба назди Манзура омад ва сигор дуд карда, бо беҳурматӣ гуфт:
— Манзура, имшаб ту бо ин ҷӯраи ман меравӣ.
​Манзура як сония карахт шуда монд. Ӯ фикр мекард, ки ин мардон ӯро барои «зебоӣ ва машҳур буданаш” ҳурмат карда, ба базмҳо даъват мекунанд, аммо ин суханон мисли оби ях ба сараш рехтанд.
—Чӣ гуфти ? Ман маьшуқаи ту ҳастам, чи хел бо дӯстат меравма?! Ман бо ҷӯраат ягон муносибат доштан намехоҳам...

-Гапро кам кун, меравӣ гуфтам, меравӣ,-дод зад Ризо.
-Ман танҳо барои навор ва суратгирӣ омадам! Бо касе намеравам,-бидирос зад Манзура.
Ризо заҳрханда карда як қадам наздиктар омад ва аз зери манаҳи Манзура дошта пурсид:
— Чӣ гуфтӣ?! Намеравӣ?!

Вай бераҳмона ба рӯйи Манзура чунон шаппотии сахте зад, ки духтар рӯйи фарши сарди яхта афтод. Телефони қиматбаҳояш аз дасташ парида, ба санги фарш хӯрд ва экранаш шиксаст. Лаби Манзура дарида, хун қатра-қатра ба рӯйи саҳни сарди яхта мерехт ва ороиши чашмонаш бо ашки талхи тарсу таҳқир омехта мешорид.

Ӯ хост аз ҷояш хезад, аммо Ризо бо кафши сангинаш ба болои телефони шикастааш гашт. Шишаи экран бо садои даҳшатнок ба ҳазор парча тақсим шуд, ҳамон телефоне, ки тамоми дунёи шоҳонаи Манзура дар дарунаш буд.
​— Ту фикр мекунӣ, ки ман барои рақсҳои аҳмақонаат ин қадар пулро сарф мекунам?-Ббо заҳрханда фарёд зад Ризо,- Ту шарафи оилаатро кайҳо дар интернет фурӯхтаӣ. Аз яхтаи ман даф шав...

​Яхта ба соҳил наздик шуд. Манзураро мисли як халтаи ахлот ба соҳили торику сарди Дубай партофтанд. Бо либоси дарида, лаби хунолуд ва бе як тин пул дар киса, ӯ дар миёни кӯчаҳои бегона танҳо монд, вале...

хххххх

​Ба ҷои он ки ин сабақи даҳшатнок ӯро ба худ орад, тарси бе лайк мондан ва асирии шабакаҳо ақли Манзураро комилан тира кард. Баъди чанд рӯз, ӯ боз ороста шуда, кабудии зери чашмонашро бо чанд қабат крем пинҳон карда, бо телефони иҷора ба яке аз клубҳои бошукӯҳ рафт.
​Дар даромадгоҳи клуб диққати ӯро марди сарватманде бо номи Борак ҷалб кард. Борак кайҳо бо беҳрамӣ дар дубай ном бароварда буд. Манзура барои он ки ба ҳама нишон диҳад, ҳоло ҳам дар Дубай аст, эфири мустақим шӯх рақсида-рақсида ба назди мизи Борак омад ва бо адову ишваҳои сохта гуфт:
— Бинед, дӯстон. Барбӣ дар пеши шоҳзодаи нав аст.Зиндагии ман ҳамеша дурахшон аст.
​Аммо Борак мисли мардони дигар набуд. Ӯ телефони Манзураро аз дасташ кашида гирифта, ба даруни пиёлаи шароб партофт. Мусиқӣ якбора хомӯш шуд.
— Кино тамом шуд, Барбӣ, -гуфт Борак,-дар дунёи ман дурбин нест. Ту аз ин баъд танҳо фармони маро иҷро мекунӣ.
​                                      ххххх

Ҳамин тавр Борак Манзураро ба як виллаи дурдасти берун аз шаҳр бурда, дарро аз балояш маҳкам кард. Манзура, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи вақтхушӣ буд, акнун ба асири ҳақиқӣ табдил ёфт, вай дигар на телефон дошт, на иҷозати ба кӯча баромадан. Ҳар шаб дар он хонаи калон одамони бегона ҷамъ меомаданд ва Манзура маҷбур буд барои вақтхушии онҳо мисли як бозичаи безабон хизмат кунад.Зорӣ мекард, ки телефонашро баргардонанд, чунки бе Тик Току Инстаграм вай гӯё мемирад....

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД