goodwell
Зафаробод нақшаи даъвати аскариро иҷро кард
25

Зафаробод нақшаи даъвати аскариро иҷро кард

Ноҳияи Зафаробод 28 октябр нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро кард. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ташкили маъракаи даъват мақомоти маҳаллӣ, комиссариати ҳарбӣ ва масъулони соҳа иштирок кардаанд. Ҳамчунин, бо ҷавонон ва волидони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд.

Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз шуда, то 30 ноябр идома меёбад. Тибқи фармони Президенти кишвар, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД